Малиновский: анъанаи фарҳангӣ дар таълимоти ӯ

Дар айни замон хатҳои таърихии омузишу тафсири анъанаҳои динии ҷахонӣ коркард шудаанд (Л. Василйев, Ю. Лотман, К. Платонов). Аз солхои 90-ум инҷониб, истилоҳи «анъанаи динӣ» яке аз масъалаҳои марказии фалсафаи иҷтимоӣ, ҷомеашиносӣ, психологияи иҷтимоӣ, диншиносӣ, фарҳангшиносии иҷтимоӣ гардида, дар парадигмаи муносибатҳои иҷтимоӣ баррасӣ мешавад (П. Гуревич, Б. Эрасов, Р. Лопаткин, Н. Трофимчук). Бисёр мафҳумҳои мутааллиқ ба назарияҳои амали иҷтимоӣ аз ҷониби М. Вебер, интегратсияи иҷтимоӣ аз ҷониби Э. Дюркгейм, якпорчагии сохтории Т. Парсонс ва пайванди фарҳангии Б. Малиновский асос ёфтаанд.

Бронислав Малиновский (1884-1942) як намояндаи пешбари антропологияи иҷтимоӣ (этнология, қавмшиносӣ)-и бритониёӣ аст, ки дар Полша (Лаҳистон) таваллуд шуда ва ба воя расидааст. Ба гумон аст, ки ягон каси дигар, ба истиснои Ҷ. Фрейзер, Ф. Боас ва А. Рэдклифф-Браун ба инкишофи назария ва амалияи этнография ва этнологияи умумиҷаҳонӣ мисли ӯ чунин таъсири калон расонда бошад. Ин олими пухтакор дар доираи аҳли ҷамъияти муосири этнографии байналхалқӣ соҳиби нуфуз ва эҳтироми бузург аст. Азбаски дар замони Шўравӣ осори дурахшони ӯ (асосан бо сабабҳои идеологӣ) ба забони русӣ ё тоҷикӣ нашр нашуда буд, бинобар ин пажўҳишгарон ва хонандагони тоҷикзабон бо дастовардҳои усули тадқиқотии ӯ, ки онро функсионализм номидаанд ва ҳоло дар асоси он тавонотарин самти илмӣ- функсионализм ташаккул ёфтааст, амалан чандон ошно нестанд.
 
Бронислав Малиновский дар асари худ «Назарияи илмии фарҳанг» методологияи фарҳангшиносиро инкишоф дода, дар таҳқиқ ва дарки фарҳанг равиши функсионалиро истифода бурдааст. Тибқи назарияи Б. Малиновский, фарҳанг маҷмӯи унсурҳое мебошад, ки ба таври муайян ташкил карда шуда, якҷоя амал мекунанд ва аз ҳамдигар вобастаанд. Муҳаррики асосии фарҳанг талаботу ниёзҳои аслӣ ва фаръии инсон мебошанд. Дар баробари ин, инсон зимни қонеъ кардани талаботу ниёзҳои худ, дар доираи ниҳодҳои иҷтимоӣ, меъёрҳо, қоидаҳо амал мекунад ва ҳар як амали ӯ ба талабот ва ниёзҳои ҷомеа низ ҷавобгӯ мебошад. Азбаски инсон махлуқи иҷтимоист, хоҳ нохоҳ, ҳар як амали мақсадноку бошуурона ва манфиатҷўёнаи ў танҳо барои қонеъ гардонидани талаботи ниёзҳои худи ў не, балки умуман барои қонеъ гардондидани талаботу ниёзҳои афрод ва гурўҳҳои дигари одамон низ мусоидат мекунад. Дар асари мазкур Б. Малиновский номукаммал будани равишҳои мавҷудаи антропологии омўзиши инсонро қайд намуда, фаъолияти олимони пешгузаштаи антрополог ва фарҳангшиносро аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо додааст: «Ба дастовардҳои олимони антропологи асри гузашта нигоҳ карда, мо танҳо як маҷмӯаи донишҳои пароканда ва куҳнашуда, аз ҷумла донишҳои этнографӣ, муҳосиба ва андозагириҳои косахонаҳо ва устухонҳо, инчунин маҷмӯи маълумоти сенсатсионӣ (ҳангомаангез) дар бораи аҷдодони ҳанўз нимаинсони худро мушоҳида мекунем» [12, с. 18]. Аз ҷумла, Б. Малиновский усулҳои эволютсионистии Э.Тейлор, сегрегатсияи халқҳои Африқоро шадидан танқид намуда, ба муқобили дахолат кардан ба ҳаёти аҳолии таҳҷоии минтақаҳо ва қораҳои гуногуни ҷаҳон баромад намуда, дахлнопазирӣ ва ҳифзи асолату ҳувияти фарҳангии онҳоро ҷонибдорӣ кардааст.
 
Олим диққати асосиро ба зарурати ба вуҷуд овардани назарияи мукаммали фарҳангшиносӣ ҷиҳати чуқуртар дарк намудани моҳияти фарҳанг ва нақшу мақоми ҷомеа ва инсон, ҳамчун субъект ва интиқолдиҳандаи он ҷалб намуд. Ба ақидаи Б. Малиновский, назарияи илмии фарҳанг бояд сифатҳое дошта бошад, ки антропология ба онҳо воқеан ҳам ниёз дорад. Чунин назария бояд яклухт, номотетикӣ бошад ва натиҷаи мушоҳидаву таҷрибаи эмпирикиро инъикос кунад [12, с. 51,52].
 
Б. Малиновский фарҳангро ҳамчун дастафзор ё воситаи инструменталие муайян кардааст, ки барои қонеъ гардонидани талаботи инсон хизмат мекунад. Нуқтаи ибтидоии мавҷудияти инсон олами ҳайвонот аст ва инсон барои берун шудан аз он талош намуда, олами дигари мутааллиқ ба худ – олами фарҳангро меофарад. Дар чаҳорчӯбаи ин ҷаҳони худоофарида, инсон қонеъ кардани ниёзҳои аслӣ ва биологии худ: таъмини ғизо, амният, роҳату лаззати ҷисмонӣ, ҳаракат, насл ва ғайраро идома медиҳад [3, с. 165]. Аммо моҳияти фарҳанг танҳо бо қонеъ гардондани талаботи биологӣ маҳдуд намешавад.
 
Дар баробари инкишоф ёфтани «олам»-и офаридаи инсон, шаклҳои ташкили ҷамъиятӣ ва вобастагии байни одамон мураккабтар мешаванд ва талаботҳои дигаре ба миён меоянд, ки онҳо аз талаботи биологии инсон фарқ мекунанд: «...одам бояд талаботи табии ва моддии ҳастии ҷисмонии худро қонеъ гардонад. Вай бояд зиндагии худро ба тартиб оварда, тамоми амалҳои заруриро анҷом диҳад, то хӯрок хӯрад, гарм шавад, сарпаноҳ ёбад, либос пӯшад, худро аз сармо, аз шамол ва ҳавои бад муҳофизат кунад. Вай бояд худро аз душманон ва хатарҳои беруна (хоҳ офатҳои табиӣ, хоҳ ҳайвонот ва хоҳ одамони дигар) муҳофизат кунад. Ҳамаи ин талаботи аввалиндараҷаи ҳаётии инсон тавассути офаридани осор, ташкили гурўҳҳои фардҳои ҳамкорикунанда, инчунин тавассути ташаккули дониш, самтҳои арзишӣ ва ахлоқӣ ҳал мешаванд» [13, с. 54].
 
Ҳамин тавр, фарҳанг ҳангоми иҷрои вазифаҳои асосии худ пайваста унсурҳои нави ҳавасмандкунӣ-талаботи ба истилоҳ дуюмдараҷаи фаръиро ба вуҷуд меорад, ки онҳо ҷомеаро ба таври пайваста ба пеш таҳрик медиҳанд. Ҳамзамон ҳар як шахс дар вобастагии мустақим аз ҳамон ҷамъияте амал мекунад, ки ба он тааллуқ дорад ва ба арзишҳои фарҳангии ҷомеаи худ афзалият медиҳад. Ва ҳар боре ки инсон талаботи худро қонеъ мекунад, бо муҳити фарҳангии худ, меъёрҳо, қоидаҳо, урфу одатҳо, талаботи дар ҷомеа мавҷудбуда маҳдуд мешавад [13, с. 77,78].
 
Дар баробари ин, ҳар як талаботу ниёзи шахсии инсон тибқи қоидаҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ расмият пайдо мекунад ва татбиқ мепазирад. Ниҳодҳои давлатӣ як воситаи амалисозии талабот ва ниёзҳо мебошанд, масалан, низомҳои миллии таъминот мавҷуданд, ки аз ҷониби давлат сохта шудаанд ё назорат карда мешаванд. Зарурати фарди алоҳида ба идомаи насл ҳамзамон ниёзмандии тамоми аъзои оила ва ҷомеаро ҷиҳати таваллуди узви нави ҷомеа ифода мекунад, аз ин рў марҳилаҳои ҳомиладорӣ ва парвариши тифли навзод бо урфу одатҳо ва маҷмӯи қоидаҳои дар ҷомеа мавҷуда, назорат карда мешаванд. Зарурати ҳаракат тавассути фаъолиятҳои махсус тарҳрезишуда ва ташкилшуда (варзиш, рақс, бозиҳо) амалӣ мешавад, зимнан, бозиҳо талаботи фароғатӣ ва тарбиявии ҷомеаро (тавассути бо роҳи бозӣ омӯхтани малакаҳои нав) қонеъ мегардонанд. Риояи ин қоидаҳо омили суботи низом, ҷомеа ва худи шахс аст [13, с. 45,46].
Идома дорад...
 
 
Мушовири директори Марказ                                                                              А. Мирзозода
 

 

Яндекс.Метрика