НАҚШИ НАҲЗАТИ АБУМУСЛИМИ ХУРОСОНӢ ДАР САРНАВИШТИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Муаррихони муосир нисбат ба масъалаи истилои Хуросону Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо ба масъалаи муборизаҳои истиқлолхоҳонаи мардумони бумии минтақа аҳаммияти бештар зоҳир намудаанд. Чунин ранг гирифтани масъала аз он сабаб буд, ки дар таърихнигории шӯравӣ ба масъалаи муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ бар муқобили ҳамаи истилогарон аҳамияти махсус дода мешуд. Ҳамин ҳолатро дар таърихнигории давраи истилои юнону мақдуниҳо, арабҳо, муғулҳо, туркҳо ва русҳо низ метавонем мушоҳида кунем.   
 

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН

Ҳанӯз аз нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX дар ҷануби Тоҷикистон ҳунармандӣ равнақ ёфта буд. Дар ин давра яке аз соҳаҳои пешрафта бофандагӣ буд, ки ба он асосан занон машғул буданд.
Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, дар ботини шахс муҳаббатро ба ҳунарҳои мухталифи мардумӣ боз ҳам афзун менамояд.

Ахлоқ - асоси маърифати ҳуқуқӣ

Ҷомеашиносон ҳуқуқро ҳамчун институти иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода бар он ақидаанд, ки рисолати вазифавии ҳуқуқ ин танзими муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Садсолаҳо қабл донишмандон дар фаҳмиши вазифаи танзимнамоии ҳуқуқ, роҳҳои баланд бардоштан ва  самаранокии танзими ҳуқуқии муносибатҳои иҷтимоӣ, ягонагӣ ва фарқияти танзимкунандагони ҳаёти иҷтимоӣ таҳқиқотҳои арзишмандеро ба анҷом расонидаанд.
 

Дидгоҳи Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ дар бораи аҳли қибла (дар асоси “ас-Саводу-л-аъзам”-и ӯ)

Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ аз шогирдони мутакаллими тавоно ва зубдаи донишмандони Мовароуннаҳр дар мабоҳиси ақлӣ Абумансури Мотуридӣ (870–944) ва дар баъзе сарчашмаҳои қадимтар аз муосирон ва ҳамдаврони худи вай будааст, вале бо ин вуҷуд ӯро аз уламои насгарои ҳанафӣ донистаанд. «Ас-Саводу-л-аъзам» ӯ дар доираи фиқҳи ҳанафӣ яке аз муътабартарин осори фиқҳӣ дар ҳавзаи фиқҳии Мовароуннаҳр дар замони Сомониён буда, то ин ҷониб ҳамчун сарчашмаи муфид истифода мешавад.

Ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи Маркази исломшиносӣ баргузор гардид.

Санаи 9 - уми октябри соли равон, дар маҷлисгоҳи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи Марказ дар соли 2024 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини директори Марказ Ваҳобзода Абдураҳмон, муовини соҳавӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Марказ, иштирок карданд.

ВОХӮРӢ БО ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ НОҲИЯҲОИ НУРОБОД, РАШТ ВА САНГВОР

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Нуробод санаи 10 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод вохӯрӣ дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» баргузор гардид.

Васият: мафҳум ва моҳияти он

Васият дар луғат ба маънои аҳд ва  паймон буда, бинобар иртиботи он бо майит, онро васият номидаанд. Фақеҳони мактабҳои ҳуқуқӣ доир ба маънои истилоҳии он таърифҳои  гуногуне пешниҳод кардаанд, ки таърифи ҳар як мактаб дар мафҳум ва моҳият аз ҳамдигар мутафовит мебошанд. Масалан:
 

Ташаккул ва барқароршавии расму оинҳо

 
Мо расму оинҳоро дар сурате ба як низоми муайян оварда метавонем, ки аслро аз бадал фарқ намоем ва ба арзишу моҳияти воқеии онҳо дуруст сарфаҳм равем.
                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон
 

Страницы

Яндекс.Метрика