Ахлоқ - асоси маърифати ҳуқуқӣ

Ҷомеашиносон ҳуқуқро ҳамчун институти иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода бар он ақидаанд, ки рисолати вазифавии ҳуқуқ ин танзими муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Садсолаҳо қабл донишмандон дар фаҳмиши вазифаи танзимнамоии ҳуқуқ, роҳҳои баланд бардоштан ва  самаранокии танзими ҳуқуқии муносибатҳои иҷтимоӣ, ягонагӣ ва фарқияти танзимкунандагони ҳаёти иҷтимоӣ таҳқиқотҳои арзишмандеро ба анҷом расонидаанд.
 
Албатта танзимнамоии иҷтимоӣ гуфта, дар илми ҷомеашиносӣ- мақсаднок таъсир расонидан ба объекти иҷтимоӣ тавассути меъёрҳои иҷтимоӣ, амру фармон, ҳавасмандгардонӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ташкили тартибот фаҳмида мешавад. Ба ақидаи олими рус Бандурин А.П. «Дар танзимнамоии институтсионалӣ ва ташкилоти ҷомеа нақши муҳимро меъёрҳои иҷтимоӣ: ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ мебозанд». 
 
Аз ин рӯ, танзимнамоии иҷтимоӣ муҳимтарин омили мавҷудияти ҷомеаи инсонӣ буда, барои таъмини тартиботи ҳаёти иҷтимоӣ ва амалу рафтори иҷтимоии одамон зарур мебошад. Тавассути идоракунӣ танзимнамоии иҷтимоӣ имконпазир мегардад. Вобаста ба сатҳи рушди ҷомеа ва тағйироти иҷтимоӣ ин ё он шакл, методҳо, механизмҳо ва дараҷаҳои танзимнамоии иҷтимоӣ афзалият пайдо карда метавонад. Дар ҳама ҳолат танзимнамоии иҷтимоӣ омили устувории ҷомеа, тартиботи иҷтимоӣ, ҳамгироии одамон, ҳифзи ҷомеа аз бетартибиҳо ва аномия баромад менамояд.
 
 Дар илми ҷомеашиносӣ “ба танзим даровардани муносибатҳои иҷтимоӣ” ба  маънои танзими фаъолияти институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ, танзими рафтор ва амали гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳидаро дорад, ки бо мақсади тартиботи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа ба амал бароварда мешавад. Албаттта ин амал бидуни маърифати ҳуқуқӣ ғайриимкон мебошад. Бо ташаккул ёфтани ҳаёти иҷтимоӣ ва мураккаб гардидани муносибатҳои байни одамон вазифаи танзимнамоии ҳуқуқ низ тағйир ёфта, ба шароити мавҷуда мувофиқ мегардад.
 
Меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳамчун омили таъсиррасон ба тарз ва шакли ҳаёту фаъолияти одамон таъсир расонида, манфиатҳои ҳамаи аъзоёни ҷомеаро ҳифз намуда,ба ҳайси  танзимкунандаи ҳамаи низоми иҷтимоӣ баромад менамояд ва ҳатто амали дигар танзимкунандагони ҳаёти иҷтимоиро ба танзим дароварда метавонанд. 
 
Аз ҷумла, дар Тоҷикистон тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ амали дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, мисли ҷашну маросимҳо ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ ба танзим дароварда мешаванд. Яъне, ҳуқуқ вазифаи танзимнамоии худро дар алоқамандӣ бо дигар танзимкунандагони иҷтимоӣ ба амал мебарорад. 
 
 Мазмун ва моҳияти танзими муносибатҳои иҷтимоӣ аз  ташкили шароити мусоид  вобаста аст, то одамон дар фазои орому осуда ва мувофиқ ба меъёрҳои муайяншуда фаъолият намоянд. Мақсад аз танзими ҳаёти иҷтимоӣ барқарор намудани тартиботи иҷтимоӣ ва мувофиқи интизориҳои одамон пешгӯишаванда будани фаъолияти иҷтимоӣ мебошад. Дар иртибот ба ин масъала ҳуқуқшиноси рус С.С. Алексеев чунин қайд менамояд, ки «танзим кардан воситаи муайян кардани рафтори одамон ва коллективҳои онҳо, ба он равона кардани фаъолият ва рушди он, ба чаҳорчӯбаи муайян ворид кардани он, мақсаднок ба тартиб даровардани он мебошад». 
 
Ҳаёту фаъолияти  иҷтимоии инсон дар шакли ҳуқуқӣ (санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ), динӣ - ахлоқӣ (боварӣ, виҷдон, шаъну шараф, адолат, номус ва ғайра), эстетикӣ (зебогӣ, муд ва ғайра), ташкилӣ - техникӣ (қоидаҳои бехатарӣ, стандартҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо) ва ғайра танзим карда мешавад. 
 
Маълум аст, ки то ташаккул додани доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ муносибатҳои иҷтимоиро асосан меъёрҳои ахлоқӣ танзим менамуданд,  аммо бо пешрафти ҷамъият одамон дигар на ҳамаи талаботҳои меъёрҳои ахлоқиро риоя ва иҷро менамуданд. Умуман доираи меъёрҳои ахлоқӣ барои  танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ба маҳдудият дучор шуда буд.  
 
Албатта ахлоқ ва ҳуқуқ маъмулан  як вазифаи танзимнамоиро иҷро менамоянд, аммо дар татбиқи ин вазифа байни онҳо фарқиятҳо ба назар мерасанд. Ҷомеашиноси рус Е.В. Болшаков дар ин маврид навиштааст: «Ахлоқ ва ҳуқуқ як вазифаи ҷамъиятиро иҷро мекунанд: онҳо муносибатхои одамонро танзим менамоянд. Аммо роҳҳои танзими ахлоқию ҳуқуқӣ гуногунанд. Қонун рафтори одамонро тавассути маҷбуркунии давлатӣ - маъмурӣ танзим мекунад, дар ҳоле, ки ахлоқ на ба қудрати давлат, балки ба қудрати афкори ҷамъиятӣ такя мекунад». 
 
Ахлоқ доираи бештари муносибатҳои иҷтимоиеро танзим менамояд, ки аз муносибатҳои ғайрирасмии байнишахсӣ ва байнигурӯҳӣ бармеоянд ва ба иродаю хоҳиш, виҷдону масъулияти одамон ва афкори умум алоқманд мебошанд. Риоя ва иҷро накардани талаботҳои меъёрҳои ахлоқӣ боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ намегардад. 
 
Ба андешаи донишмандон меъёрҳои ахлоқӣ ба олами ботинӣ ва маънавии одамон алоқаманд мебошанд. Файласуфи олмонӣ Ф. Гегел ин нуктаро хело дуруст шарҳ дода буд: «Ҷаҳони ботинӣ ё маънавии инсон як соҳаи бечунучаро ва истисноии танзими ахлоқӣ мебошад». 
 
Пас риоя ва иҷро намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби шаҳрвандон,  аз маърифатнокии ҳуқуқии онҳо вобаста буда, таъмини он  ба неруи зӯроварии мақомоти гуногуни давлатӣ вогузор шудааст.   
 
Д. Баҳромбеков - сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир
Яндекс.Метрика