Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода: «Ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи бозор ба хотири гирифтани фоидаи бештар амали бадтарин аст»

Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки барои хизматрасонӣ ба мардум масъуланд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Чунин изҳори андеша намуд Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА ба мухбири АМИТ «Ховар».

Дар бораи як китоби дарсӣ

«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури  дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат», «тоҷик», «тоҷикият», «давлати миллӣ», «манфиатҳои миллӣ», «хештаншиносӣ», «худшиносии миллӣ», «истиқлоли миллӣ» ва «ҷаҳонбинии илмӣ» ҳамсанг аст. Ҳамзамон бо ин, мафҳуми «афкори дунявӣ» барои мардуми олам,  аз ҷумла тоҷикон сухани нав нест», навиштааст профессор Саймумин Ятимов дар мақолаи худ зери унвони «Дар бораи як китоби дарсӣ»ки қаблан дар воситаҳои ахбори омма нашр шуда буд.

Диде ба ХУРОФОТ

 Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.

                   (Дар Ҳошияи Паёми Пешвои миллат аз 21.12.2022)

        Вақти он аст, ки аз хоби ҷаҳолат сари хеш,

      Бар канӣ, то ба сарат барвазад аз илм насим. Мавлоно

Баъзе фоидаҳои равонӣ ва иҷтимоии моҳи Рамазон

Рӯза яке аз фаризаҳои дини Ислом буда, бо мутаваҷҷеҳ сохтани инсоният ба сӯи Худованд боиси эҷоди навъе оромиши рӯҳӣ ва равонӣ дар инсон мешавад, ки метавонад дар худсозӣ, муқобила бо стресс ва дар натиҷаи коҳиши ихтилоти равонӣ таъсиргузор бошад ва саломатии равонии шахсро, монанди паст намудани асабоният, коҳиши шумораи худкушӣ ва коҳиши омори ҷинояткориро дар бар гирад.

Агарчи бисёриҳо бар он назаранд, ки рӯза як масъалаи шахсист, вале нигоҳ ба ин ибодат аз ҷиҳати иҷтимоӣ метавонад пеш аз ин ки шахсӣ ҷилва диҳад, бештар иҷтимоӣ ба назар расад.

Масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ

    

Имрӯз дар доираи ҳамкории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ нишасти илмӣ бо иштироки намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, имомхатибон ва намояндагони қишрҳои дигари ҷомеа баргузор гардид.

         Дар рафти вохӯрӣ масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва таъсири  манфии андешаҳои ифротӣ дар ташаккули тафаккури чомеа  ва дигар мавзӯъҳои тахассусӣ суҳбат шуд.

Чӣ тавр ҷаҳолати исломиро бояд бартараф намуд? (Бетарафӣ нисбат ба ояндаи кӯдак худ гуноҳ аст!)

Моҳи Рамазон фаро мерасаду мушкилии мардуми ҷоҳили мусалмон дучанд мегардад. Ин мушкил аз дуруст надонистани моҳияти динии рӯза ва таъиноти иҷтимоии он иборат мебошад. Ҳатмӣ будани гирифтани рӯза дар Қуръон зикр шудааст, аммо ҳамзамон иддае аз мусалмонон бо матни сареҳи қуръонӣ аз  гирифтани рӯза озод ҳисобида шудаанд, ки ба ҷумлаи онҳо бемор, мусофир ва нотавон дохил мешаванд. Асли таъиноти иҷтимоии рӯза дар дур нигоҳ доштани фарди мусалмон аз аъмоли хабиса ва аз нигоҳи ҷисмонӣ тобовар сохтани ӯ ба мушкилоти зиндагӣ ифода меёбад.

Чу некӣ кунӣ, некӣ ояд барат: чанд сухан дар фазилати садақа

“Дар Қуръони Карим инфоқ - яъне хайру садақа кардан, дар тамоми ҳолатҳо, дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳангоми тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ бояд дар садақа кардан кӯшиш ва ҷидду ҷаҳдро ба кор барад” (Эмомалӣ Раҳмон). 

РАМАЗОН-МОҲИ БАРОБАРӢ

Ҳар ки хандонад ятими хастаро

 Боз ёбад ҷанати дарбастаро

        

Мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон қарор дорем ва ҳар як шахси мусулмон талош мекунад, дар ин моҳи шариф ба анҷом додани корҳои хайру савоб, худсозӣ ва такмили шахсияти худ бипардозад.

Страницы

Яндекс.Метрика