Чу некӣ кунӣ, некӣ ояд барат: чанд сухан дар фазилати садақа

“Дар Қуръони Карим инфоқ - яъне хайру садақа кардан, дар тамоми ҳолатҳо, дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳангоми тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ бояд дар садақа кардан кӯшиш ва ҷидду ҷаҳдро ба кор барад” (Эмомалӣ Раҳмон). 

Калимаи садақа дорои маъноҳои гуногун буда, дар маҷмуъ закот ва ҳама намуд амалҳои неки моддӣ ва маънавиро дар бар мегирад. Худованд закотро фарз гардонид ва онро аз рукнҳои асосии дини Ислом қарор дод, то шахсони камбизоат азоб накашанд ва аз тарафи шахсони сарватманд ба онҳо ёрӣ расонида шавад. Бешак шукргузорӣ ба хотири дар ихтиёр доштани молу сарват танҳо бо забон татбиқ намешавад, балки намунаи олии шукргузорӣ аз молу сарват метавонад харҷи пайвастаи он барои дастгирии ниёзмандон бошад. 

Агар ба омӯзаҳои динӣ ва таълифоти шоирону адибон нигарем, ривоятҳои зиёдеро мебинем, ки садақа карданро талқин ва дар баъзе ҷойҳо таъкид кардаанд. Хайру эҳсон, некию накӯкорӣ дар аҳодиси Пайғамбари Ислом (с) мавқеи махсусро ишѓол кардааст. Аз ҷумла, эшон дар ҳадисҳояшон чунин фармудаанд: “Ҳеҷ садақае  молро кам намесозад” (ривояти Муслим). “Чун инсон бимирад, соири аъмоли ӯ қатъ мешавад, ба ҷуз се чиз: садақаи ҷория, илме, ки аз он суд баранд, ё фарзанди солиҳе, ки барои ӯ дуо кунад (ривояти Муслим). “Беҳтарин садақа он аст, ки аз рӯи бениёзӣ бошад (яъне худат ва хонаводаат ба он эҳтиёҷ надошта бошед) ва ибтидои садақаатро ба касе кун, ки эҳтиёҷманд аст” (ривояти Бухорӣ). “Садақа ба каси муҳтоҷ садақа аст, аммо агар он ба хешу табор дода шавад, ҳам садақа ва ҳам силаи раҳм аст” (ривояти Аҳмад). 

Накӯкорӣ ва нексириштиро низ ниёгони мо садақа гуфтаанд ва ҳар касе чунин амалҳоро анҷом диҳад, соҳиби савоби бузург мегардад. Дар ҳадисе Пайғамбар (с) фармуданд: “Табассум кардан бар рӯи дигарон садақа аст, мардумро аз хурофотпарастӣ дур кардан садақа аст, марди раҳгумзадаеро раҳнамоӣ кардан садақа аст, мусоидат дар раҳнамоӣ ба шахси нобино садақа аст, гирифтани сангу хор ва ё устухоне аз роҳ садақа аст, аз сатили худ ба сатили бародари мусулмон об додан садақа аст” (ривояти Тирмизӣ). Чунин амалҳои ахлоқона ва инсонона дар ашъори бузургонамон низ ба таври васеъ дарҷ ва таъкид гардидаанд. 

Гар кунӣ хайре ба дасти хеш кун,

Хайри худро вақфи ҳар дарвеш кун.

                                                                      Аттор

Даруни фурӯмондагон шод кун,

Зи рӯзи фурӯмондагӣ ёд кун.

                                                  Саъдӣ

Чу некӣ кунӣ, некӣ ояд барат, 

Бадиро бадӣ бошад андар хурат.

Макун бад, ки бинӣ ба фарҷом бад,

Зи бад гардад андар ҷаҳон, ном бад...

                                                    Саъдӣ

Ҳама рӯз руза будан, ҳама шаб намоз кардан,

Ҳама сол ҳаҷ намудан сафари Ҳиҷоз кардан.

Зи Мадина то ба Каъба сару по бараҳна рафтан,

Зи малоҳию маноҳӣ ҳама эҳтироз кардан.

Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан,

Ба Худо, ки ҳеҷ касро самар он қадар надорад!

Ки ба рӯи ноумеде дари баста боз кардан.

                                                             Носири Хусрав

Ҳар шахсе, ки  нияти хайру саховатро дошта бошад, ӯ метавонад бо таъмир ва обод намудани роҳу кӯчаҳо, обрасонӣ, дастгирии ятимону бепарасторону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ва анҷом додани дигар корҳои муфид савоби бештару доимиро дастёб гардад. 

Садуллоев Аҳмадҷон - муттахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ 

Яндекс.Метрика