Баъзе фоидаҳои равонӣ ва иҷтимоии моҳи Рамазон

Рӯза яке аз фаризаҳои дини Ислом буда, бо мутаваҷҷеҳ сохтани инсоният ба сӯи Худованд боиси эҷоди навъе оромиши рӯҳӣ ва равонӣ дар инсон мешавад, ки метавонад дар худсозӣ, муқобила бо стресс ва дар натиҷаи коҳиши ихтилоти равонӣ таъсиргузор бошад ва саломатии равонии шахсро, монанди паст намудани асабоният, коҳиши шумораи худкушӣ ва коҳиши омори ҷинояткориро дар бар гирад.

Агарчи бисёриҳо бар он назаранд, ки рӯза як масъалаи шахсист, вале нигоҳ ба ин ибодат аз ҷиҳати иҷтимоӣ метавонад пеш аз ин ки шахсӣ ҷилва диҳад, бештар иҷтимоӣ ба назар расад.

Ба назари равоншиносон рӯза барои солимии рўњ ва равон муфид аст ва боиси афзоиши худбоварӣ, эътимод ба нафс, тақвияти ирода ва тавони муқовимати инсонро дар баробари мушкилоти зиндагї бештар мекунад. Рўзаи моњи Рамазон тамрине барои не гуфтани хостаҳои нафсонӣ ва ғайримақбули худу дигарон буда метавонад.

Рӯза фарҳанги сабр, шикебоӣ ва истиқоматро дар инсонҳо меомӯзонад. Ин боиси зиёд гаштани меҳри инсонҳо байни якдигар мегардад, ки ин раванд дар дигар моҳҳо нисбати ин моҳ камтар ба назар мерасад.

Таъсири иҷтимоии рӯза дар он аст, ки робитаҳои иҷтимоии мардум дар сатҳи ҷомеа дар рамазон комилтар мегардад, зеро мардум бо ҳам меҳрубонтар шуда, ба ҳуқуқу озодињои инсоният бештар эҳтиром гузошта ва аз амалҳои бад дурӣ меҷӯянд. Фазои маънавии моҳи Рамазон боис мешавад, ки ангезаи ҷиноят дар замири соҳибаш коҳиш ёбад ва боиси коҳиши ҷиноят гардад.

Инчунин коршиносон бар он назаранд, ки бедории отифаи инсонӣ, некӯкорӣ ва саховатмандӣ аз хусусиятњои муҳими иҷтимоии рӯза буда, кўмак кардани ашхоси ниёзмандро дар пай дорад.

Рӯза ба муносибатҳои хонавода, мисли муоимали волидайн бо фарзандон ва зану шавҳар таъсир гузошта, дар оилаҳо сарҷамъиро фароҳам меоварад. Бузургтарин дарси моҳи Рамазон худсозӣ аст, аввалин ва муҳимтарин қадами худсозӣ ҳам ин аст, ки инсон ба худ ва ба ахлоқи худ ва рафтори худ бо назари интиқодӣ нигоҳ кунад. Инсон бояд ба аъмоли худ назар кунад ва аз фурсатҳое ҳамчун моҳи Рамазон барои тарбияти нафси худ истифода барад.

Дар умум моҳи мубораки Рамазон дорои фоидаҳои зиёди рӯҳӣ ва иҷтимоӣ буда, кас бо дарки онҳо ба камоли инсонӣ мерасад. 

Рамазониён А.

Яндекс.Метрика