РАМАЗОН-МОҲИ БАРОБАРӢ

Ҳар ки хандонад ятими хастаро

 Боз ёбад ҷанати дарбастаро

        

Мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон қарор дорем ва ҳар як шахси мусулмон талош мекунад, дар ин моҳи шариф ба анҷом додани корҳои хайру савоб, худсозӣ ва такмили шахсияти худ бипардозад.

         Тибқи шариати исломӣ ҳар инсоне, ки хайру садақаро ба ниёзмандону муҳтоҷон афзун мекунад, Худованд баракатро дар моли ӯ бештар мегардонад. Алоҳ таъоло дар Қуръони маҷид дар чандин оятҳо ба ятим тараҳҳум карданро фармудааст. Дар хусуси ятимпарварии Сарвари Коинот Муҳаммад (с) чанд ҳадиси мубораки эшон далолат мекунад. Ҳадиси машҳӯри “ҳеҷ моле бо додани садақа кам намегардад” далели ин гуфта аст. Пас, бояд ҳар як мусулмон айёми моҳи шарифро бо анҷом додани корҳои нек ғанимат донад.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа дар бораи муҳтоҷон суханронӣ намуда, доир ба фазилати садақаи ҷория чунин зикр карда буданд:

«Ашхоси доро ва сарватманд бояд саъй кунанд, ки садақаашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик, ҳамсоягон ва одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд диҳанд.

Ё маблағҳои худро ҳамчун садақаи ҷория барои обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек сарф кунанд, ки он хайри солеҳ мебошад».

         Доир ба фазилати садақаи ҷория Пайғамбар (с) фармудаанд: «Чун инсон бимирад, амали ӯ қатъ мегардад, магар  се чиз: садақаи ҷория, илме ки аз он истифода шавад ё фарзанде солеҳе, ки барои падару модараш дуо кунад» (Ҳадиси саҳеҳ, м.1631).

        «Ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи савоб беҳтаранд ва аз рӯи умед доштан хубтаранд» (Сураи Каҳф, ояти 46).

«Ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи подош беҳтар ва ба оқибат некӯтаранд» (Сураи Марям, ояти 76).

Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки мо ба ҷои маъракаҳои пурдабдаба, худнамоиву тақлидкорӣ ба хайру эҳсон даст кушода, сабаби ободтар гаштани диёр, бароварандани ниёзҳои мардум гардем, то ба ин васила ҳам дунё ва ҳам охиратамон обод гардад.

 

 

Наботов. М

Яндекс.Метрика