ТОЗАНАШР

Китоби 'Ҳафт девони рубоӣ" (728 саҳ), ки фарогири рубоиёти ҳафт нафар шоирони асрҳои гуногуни классики тоҷику форс аст, тавассути нашриёти "Дониш" аз чоп баромад.

Китоби мазкур рубоиёти Абӯсаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Аттори Нишопурӣ, Афзали Кошонӣ, Маҷди Ҳамгар, Абулвафои Хоразмӣ ва Сармади Кошониро дарбар гирифтааст.

Мураттиб ва таҳиягари китоб Иброҳими Наққош ва муҳаррир Равшани Ҳамроҳ мебошанд.

Манбаъ: Аз саҳифаи Саидҷон Амонов

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

ЗАБОНИ ПОРСӢ

Лаҳни поки модарӣ бошад, забони порсӣ,
Рашки Моҳу Муштарӣ бошад, забони порсӣ.

Накҳате аз "Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён" дорад ба худ,
Гавҳари кони дарӣ бошад, забони порсӣ.

Ёдгор аз родмардони Хуросони бузург -
Рӯдакиву Анварӣ бошад, забони порсӣ.

Шаҳкитоби ормонашро навишта Пири Тӯс,
Ғояти донишварӣ бошад, забони порсӣ.

Қудсиён дар арш байни худ такаллум мекунанд,
Миллати ҳуру парӣ бошад, забони порсӣ.

Шоху барги сабз дорад ин чанори пирсол,
Дӯстдорӣ, дилбарӣ бошад, забони порсӣ.

Аксари ҷангу низоъҳо маҳз ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд...

Аксари ҷангу низоъҳо маҳз ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд...

Рушди технологияҳои иттилоотиву интернет агар аз як тараф барои башарият имкони ҳалли бисёр муаммоҳоро фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар дар шароити кунунӣ баъзе хатару таҳдидҳоро барои амнияти миллӣ ва суботи сиёсии давлатҳо ба вуҷуд оварда истодааст.

Таҳлили ҳодисаву равандҳои сиёсии чанд соли охири ҷаҳон собит менамояд, ки аксари ҷангу низоъҳои дар ин ё он давлат рухдода маҳз ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд.

МУНОСИБАТИ САЛАФИЯИ ИФРОТӢ БА МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИК-ФОРС

Чуноне ки дар мақолаҳои пешин ёдовар шудем, салафиёни такфирӣ ва ҷиҳодӣ, ки худро гурӯҳи исломи «ғайримазҳабӣ» меҳисобанд ва пайравӣ кардан аз ҳар гуна мазҳабро куфру «бидъат» медонанд. Ба андешаи онҳо имомону уламои мазҳабҳо гӯё ба «исломи ноб» ҳар гуна навовариҳоро ворид карда, исломро «олуда» ва «фосид» сохтаанд. Масалан, ба ҳайси сарчашмаи фиқҳи исломӣ қабул намудани “иҷтиҳод”, “қиёс” ва “урф”-ро онҳо олудасозии ислом ва «бидъат» меҳисобанд.

ПАНДИ ПЕШВО

“Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст”.

Суханони Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бознашр аз телеграми :
https://t.me/FidoiyoniVatan

Боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои дарвозаҳои садамавии СТ-4

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд.

Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.

“Чаҳор китоб” ҳамчун сарчашмаи муфид барои тазкияи нафс

“Чаҳор китоб” пас аз “Қуръони шариф” дуюмин китобест, ки дар миёни мардуми мусулмони Мовароуннаҳру Хуросон шӯҳрати тамом дошт. Гуфтан кофист, ки нусхае аз он дар ҳар хонадон мавҷуд буд. Гузашта аз ин, на ҳама кас ба мутолиаи “Қуръон” қудрат дошт, вале ҳама “Чаҳор китоб”-ро ё худ қироат мекардаанд ва ё аз қироати дигарон баҳра мебардоштаанд. Аз ин сабаб дар гузаштаи наздик аксари мардуми мо онро ё ба пуррагӣ ва ё фаслу бобҳои ҷудогонаашро аз ёд медонистанд.

ДУРНАМОИ ТАНЗИМИ АНЪАНАВУ МАРОСИМИ ДИНӢ ДАР ШАРОИТИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

Идомаи мақола...

Сарчашмаҳои ҳуқуқии танзими анъана ва ҷашну маросими тоисломии тоҷиконро таълимот ва меъёрҳову тавсияҳои ҳуқуқии дини зардуштӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар матни Авесто, Ардавирофнома, Вандидод ва ёдгориҳои дигари хаттии аз даврони бостон ба мо меросмонда, дарҷ ёфтаанд.

Страницы

Яндекс.Метрика