Чуноне ки дар мақолаҳои пешин ёдовар шудем, салафиёни такфирӣ ва ҷиҳодӣ, ки худро гурӯҳи исломи «ғайримазҳабӣ» меҳисобанд ва пайравӣ кардан аз ҳар гуна мазҳабро куфру «бидъат» медонанд. Ба андешаи онҳо имомону уламои мазҳабҳо гӯё ба «исломи ноб» ҳар гуна навовариҳоро ворид карда, исломро «олуда» ва «фосид» сохтаанд. Масалан, ба ҳайси сарчашмаи фиқҳи исломӣ қабул намудани “иҷтиҳод”, “қиёс” ва “урф”-ро онҳо олудасозии ислом ва «бидъат» меҳисобанд. Дар ҳоле, ки маҳз ҳамин имомони мазҳабҳо, ба хусус Имоми Аъзам, Имом Шофеъӣ ва дигарон буданд, ки бо ворид намудани сарчашмаҳои мазкур ба фиқҳи исломӣ мушкилоти муслмононро осон ва бартараф сохтанд. Онҳо ҳалли он масъалаҳоеро, ки аз Қуръону Суннат бевосита пайдо карданаш ғайриимкон буд, дар доираи “иҷтиҳод”, “қиёс”, “райъ” ва “урф” ба даст оварданд ва ҳамзамон исломро дар партави таълимоти Қуръону Суннат ба шароиту фарҳанги маҳаллии халқҳои мусулмоншуда мутобиқ сохтанд ва ба рушду густариши ислом мусоидат намуданд.
Дар ин самт нақши Имоми Аъзам хеле калон аст. Беҳуда нест, ки маҳз тавассути таълимоти каломӣ-фиқҳии Имоми Аъзам бисёр халқҳои ҷаҳон ба ислом ҷалб гардида, мусулмон шуданд ва имрӯз беш аз 60%-мусалмонони дунёро пайравони мазҳаби ҳанафӣ ташкил медиҳанд. Қайд кардан лозим аст, ки пайдоиши ислом дар ибтидо дорои омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, ахлоқӣ, таърихӣ ва фарҳангие буд, ки бо раванди паҳншавии худ кӯшишҳои арабро баҳри сохтани давлату хилофати ягона инъикос мекард ва дар он бештар тарзи зиндагӣ, тафаккур, манфиат ва фарҳанги арабро бо каме тағйир таҷассум менамуд. Дар раванди истилогариҳои араб ва фатҳи кишварҳои мухталиф, ислом на ҳамеша ба муҳити фарҳангӣ, тарзи зиндагию тафаккури халқҳои истилошуда мувофиқат мекард ва ба талаботҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ-маънавии онҳо ҷавобгӯ буд. Аз ин рӯ, имомон ё худ асосгузорони мазҳабҳое, ки барои тараққиёту густариши ислом ҳамчун як падидаи динӣ-фарҳангӣ (на сиёсӣ) хизмати беғаразона мекарданд, бо мақсади инкишоф додани ислом ва ҳифзи манфиатҳои тамоми ҷомеаҳои мусулмонон ҳангоми коркарди таълимотҳои каломию фиқҳии худ аз сарчашмаҳое чун иҷтиҳоду қиёсу урф, ки ба Қуръону Суннат ҳеҷ ихтилофе надоштанд, истифода мекарданд, дар натиҷа ислом ба шароиту фарҳангҳои маҳаллӣ мутобиқ гадид ва рӯз аз рӯз густариш ёфт.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳадафи араб аз ибтидои исломикунонии кишварҳои дигар аслан хизмат ба ислом набуд, балки зери парчами ислом ғорату таҷовуз, ба даст овардани ғанимат ва дар ниҳоят араб сохтану ба мустамликаи аъроб табдил додани халқҳои мусулмоншуда (маволӣ) буд. Барои мисол ҳуҷуми замони Умарро ба Эрон, ки беш аз садҳо аспу шутур, тиллову нуқра, ғайр аз мардҳои асиргирифта беш аз 30 ҳазор духтару занҳои зебо ва ҳар лашкари араб беш аз чилҳазор сиккаҳои тиллову нуқра бо худ гирифта бурданд, ки чунин муносибат дар замони хилофати Умавиён низ хеле ривоҷ ёфт ва фишорҳои сиёсию иқтисодӣ ва динию фарҳангии арабҳоро ба мардуми ғайриараб ба дараҷаи мутлақ бурда расонид. Дар заминаи «куфру бидъат» хондани якдигар ривоҷ ёфтани низоъҳои мазҳабӣ дар байни мусулмонон яке аз зуҳуроти даҳшатбори ин буҳрони сиёсӣ буд, ки амнияту суботи хилофати арабро вайрон сохт ва мавҷудияти минбаъдаи онро зери шубҳа мегузошт, ки чунин ҳам шуд.
Имоми Аъзам Абӯҳанифа маҳз дар ҳамин вазъи буҳрони сиёсӣ ва мазҳабию маънавии хилофат ба майдон омада, бо таълимоти фиқҳию каломии худ, ки мо онро мазҳаби ҳанафӣ мехонем, дар пешгирӣ намудани ин буҳрони сиёсию маънавӣ нақши муҳиме бозид. Шарҳу тавзеҳи истилоҳҳои «куфру ҷиҳод» дар таълимоти фиқҳию каломии Абӯҳанифа ба раванди мӯътадил сохтани вазъи сиёсию маънавии хилофат мусоидат намуд. Бинобар ин, ҳама гуна эҷодкории имомони мазҳабҳо, ба хусус Имоми Аъзамро, ки дар таҷдиду такмили ислом нақши бориз бозиданд, ҳатто агар аз нигоҳи салафияи такфирию ҷиҳодӣ ҳамчун «навоварӣ» дар ислом қабул намоем ҳам, он ба манфиати мусулмонону густариши ислом аст, ки имрӯз салафияи ифротии ҷиҳодӣ онҳоро на танҳо чашми дидан надоранд, балки фаҳмидан ҳам намехоҳад.
Дар айни замон бояд таъкид сохт, ки албатта, он эҷодкориву навгониҳое, ки Имоми Аъзам ва дигарон дар ислом анҷом доданд, дар баробари густариш додани ислому мӯътадил сохтани вазъи буҳронӣ дар хилофат ба шикасти андешаи космополитикӣ (фаромиллӣ)-и араб дар роҳи арабисозии халқҳои мусулмоншуда низ мусоидат намуд ва ислом тадриҷан хусусияти умумибашарӣ касб кард. Маҳз дар ҳамин замина минбаъд «тамаддуни исломӣ» қомат афрохт, вале шикасти андешаи фаромиллии араб, ки ба тафаккури ирқгароӣ араб асос ёфта буд, ҳанӯз ҳамон замон ба ҳукуматдорон ва миллатгароёни араб хуш наомад ва араб аз паси ислоҳи он кӯшид. Беҳуда нест, ки халифа Мансур бо иғвои атрофиёни худ Имом Абӯҳанифаро, сарфи назар аз хизматҳои бузургаш барои ислом ва хилофат бо баҳонаи ночизе ба зиндон партофта шиканҷа дод ва ӯро қатл намуд.
Баъд аз чанде Аҳмад ибни Ҳанбал таълимоти нави каломию фиқҳиеро коркард намуд, ки тавассути он сарчашмаҳои исломӣ иҷтиҳод, қиёс ва урф, ки Имоми Аъзам ба ислом ворид карда буд, аз ислом берун кард. Дар натиҷа ислом дигарбора зери симои ин мазҳаб хусусияти арабгароӣ касб карда, ба дини суннатии мардуми араб табдил ёфт ва ҳоло ба яке аз сарчашмаҳои асосии ғоявию ақидавии салафияи ифротии ҷиҳодӣ гардид.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ҳаракатҳои бунёдгароии исломӣ, зери ғояи “Эҳёи исломи ноб» дар таърихи ислом ҳанӯз аз коркард ва густариши мазҳаби ҳанбалӣ дар ҷаҳони араб оғоз гардида буд, ки имрӯз бо тобишу ҳадафҳои гуногун дар симои салафияи ифротӣ зуҳур меёбад ва хусусияти зиддиҳанафии худро пиёда месозад.
Бинобар ин ҳаракати салафияи ифротии ҷиҳодӣ чӣ дар масоили эътиқодию фиқҳӣ ва чӣ амалию ибодатӣ бо мазҳаби ҳанафӣ фарқият ва ихтилофи ҷиддӣ дошта, дар кишварҳое, ки пайравони мазҳаби ҳанафӣ зиндагӣ мекунанд, инкор намудани меъёрҳои ин мазҳаб ва ботил ҳисобидани амалҳои динии мардуми ҳанафимазҳаб заминае барои ба вуҷуд овардани ихтилофу низоъҳои мазҳабӣ гардидааст. Мисоли равшани онро мо дар баҳсҳое, ки миёни ҳанафимазҳабҳо ва салафиён дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо сурат мегирад, метавон мушоҳида кард. Масалан, борҳо чунин иттифоқ афтодааст, ки салафиён хондани фотиҳаро баъди гӯронидани шахси марҳум дар хонаи ӯ ва хондани Қуръонро баъди гӯронидан дар сари қабр, гузаронидани маъракаи фотиҳаи чилу сол, тарзи хондани намозу доштани рӯза, ҷаноза, никоҳу талоқ ва ғайраро, ки ҳанафимазҳабҳо анҷом медиҳанд, «бидъату ғайришаръӣ» ҳисобидаанд. Ҳатто чӣ тавр гузоштани дасту по дар намоз, паст ё баланд гуфтани «омин», чанд ракъат хондани намозҳо ва ғайраро мавриди баҳс қарор дода, миёни ҳанафимазҳабҳо ихтилофу зиддияҳо андохтаанд. Албатта, вақте ки чунин ҳукму даъвоҳои салафӣ дар муҳити динии Тоҷикистон паҳн мешавад, табиист, ки он барои ба вуҷуд омадани баҳсу низоъҳои мазҳабӣ замина фароҳам меорад.
Дар баъзе кишварҳои мусулмонӣ ба мисли Ироқу Сурия, Яман, Либия, Лубнон, Афғонистон, Покистон ва ғайра чунин баҳсҳо аллакай низоъҳоро байни гурӯҳҳои муайяни динӣ дар масҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳаллҳо ба бор оварданд. Гурӯҳи «Давлати исломӣ» бошад, дар минтақаҳои ишғолкардаи худ ақидаву амалҳои ҳамаи пайравони мазҳабу фирқаҳои исломиро ҳамчун амалҳои ғайрисалафӣ радду инкор намуда, ҳатто мусулмонони фаҳмиши салафияи исломӣ надоштаро «кофир» эълон карда, қатл месозанд. Аз ҷумла, дар Ироқ пайравони мазҳаби эзадиро ба таври оммавӣ қатл намуда, зану фарзандони онҳоро расман канизу ғуломони худ эълон доштанд, зеро ба ақидаи онҳо моли «кофир» барои онҳо ҳалол аст, ки чунин амалро имрӯз дар Афғонистон низ метавон ошкоро мушоҳида намуд. Ва ё моҳи декабри соли 2014 бошад онҳо, 150 нафар занонро барои «ҷиҳод»-и фаҳш (секс)-ро рад карданашон ба қатл расониданд. Ҳамчунин, 20 январи соли 2015 барои тамошои бозии футбол 13 нафар кӯдакро ба қатл расониданд. Зиёда аз ин, мувофиқи маълумоти намояндаи Ироқ дар СММ Муҳаммад-ал Ҳаким салафиёни «Давлати Исломӣ» ба тиҷорати узвҳои даруни инсон-дил, ҷигар, гурда ва ғ. машғул буднд, ки зинда ба зинда аз онҳо гирифта мешуд. Ё худ дар Тикрит салафиён 1500 нафар донишҷӯёни омӯзишгоҳи ҳарбиро саросар қатл намуданд. Дар Тоҷикистон низ чунин задухӯрдҳои хунин дар байни масҷидҳои шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа дар солҳои 1990-1992 рӯй дода буданд. Аз ин ҷиҳат, ворид шудани ақидаҳои салафияи такфирӣ-ҷиҳодӣ дар Тоҷикистон ваҳдати мазҳабӣ-эътиқодии тоҷикистониёнро вайрон сохта, метавонад барои сар задани низоъҳои мазҳабӣ ва задухӯрдҳои хунин замина гузорад. Пайравӣ кардани шаҳрвандону ҷавонони тоҷикистонӣ ба ҳаракати салафияи ифротӣ на танҳо маънои душманӣ ба мазҳаби ҳанафиро дорад, балки ҳамчунин маънои душманӣ ба таъриху фарҳанги қадима ва сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукуматро низ ифода мекунад.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, мувофиқи қонунгузории он ҳамаи дину мазҳабҳо баробарҳуқуқ мебошанд. Давлати дунявӣ ҳеҷ кадом динро ба ҳайси дини расмӣ намепазирад ва барои фаъолияту рушди онҳо заминаи ягонаи ҳуқуқӣ муҳайё месозад. Зеро мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби аксарияти мутлақи аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 90% буда, омили ҳифзи ваҳдати эътиқодии мардуми кишвар мебошад. Зиёда аз ин, мазҳаби ҳанафӣ хусусияти ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ дошта, андешаи салафигароиро доир ба «кофир» хондани як мусулмон аз ҷониби мусулмони дигар рад менамояд. Ин хусусиятҳои мазҳаби ҳанафӣ имкон медиҳад, ки пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар фазои ягонаи сиёсӣ-иҷтимоӣ ҳамзистию зиндагӣ кунанд ва амну суботи ҷомеаро ҳифз намоянд. Ҳамзамон бояд таъкид сохт, ки мазҳаби ҳанафӣ дар тӯли садсолаҳо ба як ҷузъи фарҳанги мардумони Тоҷикистон табдил ёфта, бо зиндагии рӯзмарра ва маънавиёту ахлоқи онҳо робитаи ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, пойдории мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилия ҳамчун қисматҳои умдаи фарҳанги миллии тоҷикон василаи муҳими пешгирӣ аз олудавашии ақидаҳои салафӣ ва ҳифзи амнияту суботи ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки ҳаракати салафия бо аҳли суннат ва аҳли ташайюъ мухолифат меварзад ва кӯшиш мекунад, ки байни пайравони ин ду равия низоъ барангезанд. Чунин муносибат метавонад дар раванди муносибатҳои ҳамгироии кишвари мо бо минтақа ва ҷаҳон таъсири манфии худро расонад. Дар ҳоле ки як қисми аҳолии кишвар аз пайравони шохаи исмоилияи шиа мебошанд, чунин тарзи масъалагузории салафиҳо дар оянда метавонад ягонагӣ ва суботи ҷомеаро халалдор созад, зеро салафия ба фирқаи исмоилия ва умуман мазҳаби шиа муносибати хеле тунду манфӣ дорад.
Хулоса, дар замони муосир, ки гуфтугӯи байни дину фарҳангҳои гуногун ниёз ба рӯҳияи таҳаммулпазирии динӣ дорад, тарзи масъалагузории салафиҳо хавфнок ва муғризона ба назар мерасад ва он на танҳо ба муколамаи дину мазҳабҳо мусоидат намекунад, инчунин худ як заминаи асосии барангехтани ихтилофу низоъҳо дар байни мусулмонон аст. Ин ҳолат зарурати ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии пайравони аҳли суннату аҳли ташаюъро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ кардани ҳаракати салафияи тундгаро ба миён меорад. Дар ин кори хайр он ихтилофҳои ақидавие, ки миёни пайравони ин ду равияи асосии ислом вуҷуд дорад, набояд халал расонад. Фаромӯш набояд кард, ки мубаллиғони салафия метавонанд аз ихтилофи ақидавие, ки миёни ин ду равия ҷой дорад, ба мақсадҳои муғризонаи худ суииистифода намоянд. Дар чунин вазъият ҳама гуна кӯшиши дахолат кардани ҳар ду ҷониб ба масоили эътиқодии ҳамдигар ба манфиати кор нест.
Давом дорад....
Устодони кафедраи диншиносии
факултети фалсафаи ДМТ,
Нурулҳақ Қ., Қаландарзода М.И.
Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ