ДУРНАМОИ ТАНЗИМИ АНЪАНАВУ МАРОСИМИ ДИНӢ ДАР ШАРОИТИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

Идомаи мақола...

Сарчашмаҳои ҳуқуқии танзими анъана ва ҷашну маросими тоисломии тоҷиконро таълимот ва меъёрҳову тавсияҳои ҳуқуқии дини зардуштӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар матни Авесто, Ардавирофнома, Вандидод ва ёдгориҳои дигари хаттии аз даврони бостон ба мо меросмонда, дарҷ ёфтаанд.

 Аз ҷумла, аксарияти урфу одатҳо ва анъанаҳои ҳуқуқии марбут ба издивоҷу оиладорӣ, ки дар Осиёи Миёна ва Эрони бостон дар байни мардуми ориёитабор маълум ва интишор ёфта буданд, аз ҳамин сарчашмаи динӣ - ҳуқуқӣ маншаъ мегиранд. Дар сарчашмаҳо ниҳоди издивоҷ ё ин ки никоҳ ҳамчун як омили муҳими рушди ҷомеаи маздопарастон (зардуштиён) эътироф шудааст. Дар онҳо зарурати бастани шартномаи никоҳ, риояи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои оилавӣ аз ҷониби ҳамсарон, ҳифзи ҳуқуқи фарзандон, ҳифзи ҳуқуқҳои фитрии тифле, ки ҳанӯз дар батни модар аст, ҳифзи ҳуқуқи занони ҳомила дар давраи ҳомилагӣ ва баъди таваллуд кардани тифл, масоили тарбия, тағзия ва таълими фарзандону занон ва ғ. ҳаматарафа шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Яке аз шартҳои зарурии никоҳ – диндор, яъне пайрави дини маздоясноӣ будани издивоҷкунандагон маҳсуб мешуд. Дуввум, никоҳ танҳо баъди бо забон розигии худро тасдиқ кардани арӯсшаванда ҳукми қонунӣ мегирифт. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки дар Авесто принсипи озодии никоҳ ва издивоҷ тарғиб шудааст. Дар низоми ҳуқуқи мусулмонӣ низ принсипи озодии издивоҷ ба таври қотеъ ва хеле равшан эълом шудааст. Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки анъанаи зӯран ва ғайриихтиёрӣ ба шавҳар додани духтарон бо таълимоти сарчашмаҳои динӣ-ҳуқуқии зардуштӣ ва исломӣ иртибот надоранд. 

Дар даврони тоисломӣ сарварони ду оила пешакӣ бо ҳам мулоқот карда, дар бораи издивоҷи фарзандони худ машварат мекарданд. Ин анъанаи қадима имрӯз низ дар байни тоҷикон маъмул аст ва «хостгорӣ» номида мешавад. Чӣ дар ҳуқуқи зардуштӣ ва чӣ дар шариати исломӣ, мулоқоту маслиҳат ва розигии пешакии волидони издивоҷкунандагон ва қонеъ сохтани шартҳову талаботи тарафҳо яке аз он шартҳои муҳиме мебошад, ки баъди иҷрои онҳо никоҳ ва издивоҷ мумкин мегардид. Аз ин рӯ, тахмин кардан мумкин аст, ки қоидаи мазкур як маншаи қадимаи анъанаи имрӯзаи хостгорӣ мебошад. 

Дигар анъанаи қадима ин буд, ки сарварони ду оила ҳанӯз аз синни кӯдакӣ ва наврасии фарзандонашон барои хонадор кардани онҳо бо ҳам аҳду паймон мебастаанд. Дар байни мардуми Тоҷикистон як одати бо ҳамин анъанаи қадим монанд бо номи «гаҳворабахшон» имрӯз ҳам вуҷуд дорад.

  Яке аз сабабҳои муттасилияти ин қабил анъанаҳои зардуштӣ дар давраи исломӣ – хусусияти либералӣ ва таҳаммулпазирии шариати исломӣ дар муносибат бо урфу одатҳои гузашта, ки бо шариат ба таври ошкоро мухолифат надоштанд, мебошад, ки ин хислатро мо аз мазмуни ҳадиси зерини Пайғамбари  ислом дарк карда  метавонем: «Никоҳ тибқи урфу анъана баста мешавад». Ҳамин ҳадис минбаъд дар низоми ҳуқуқи исломӣ ба ҳайси яке аз принсипҳои ҳуқуқи издивоҷ ва ташкили оила қоим гардид ва тавассути усули қиёс барои ба низоми ҳуқуқи исломӣ ворид гардидани анъанаҳо ва урфу одатҳои халқу миллатҳои ба ислом гаравида роҳи васеъ кушод. Дар натиҷа, ниҳоди хостгорӣ ва соири анъанаҳои зардуштӣ, ки ба таври мустақим бо шариати исломӣ ихтилоф надоштанд, ба фазои ҳуқуқи мусулмонӣ ворид шуданд. Ба ҷуз ин, анъанаҳои динӣ, Эрон ва Осиёи Миёнаи то исломӣ, инчунин, гаҳвораи анъанаҳо ва ҷашну маросими зиёде ба шумор мерафт, ки муҳимтарини онҳо ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон мебошанд. Ин се ҷашн низ дар ҳудуди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон дар давраи исломӣ низ аз ҷониби мардум ҷашн гирифта мешуданд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқии танзими анъанаҳо ва ҷашну маросими тоҷикон дар давраи исломӣ – принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқие мебошанд, ки бевосита дар Қуръон ва ҳадис ифода ёфтаанд. Сарчашмаҳои дигари исломии танзими ҳуқуқии анъана ва ҷашну маросим баъдан бо пайдоиши илми фиқҳ ва мазҳабҳои фиқҳи исломӣ ташаккул ёфтаанд. Гуфтан мумкин аст, ки дар давраи исломӣ дар низоми анъана ва ҷашну маросими миллии тоҷикон як навъ синтези анъанаҳои даврони гузашта бо анъанаҳои давраи исломӣ ба амал омад, ки хусусияти созанда дошта, ба фарҳанги милливу динии тоҷикон рангубор ва ҷилои тоза бахшид. Дар натиҷа аксарияти анъанаҳо, урфу одатҳо ва ҷашну маросими қадимаи тоҷикон, ки хусусияти прогрессивона ва башардӯстона доштанд, тавассути сарчашмаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ ба ҳайси меъёрҳои иҷтимоӣ тасдиқ шуда, минбаъд мавҷудияти худро то замони мо муттасилона идома додаанд.

Таҳқиқи вазъи анъана ва ҷашну маросими миллии тоҷикон дар давраи Шуравӣ нишон медиҳад, ки онҳо, алалхусус, ҷашни хонадоршавӣ ва маросими азодорӣ, дар муқоиса бо давраҳои дигар, чи шаклан ва чи мазмунан, хеле тағйир ёфта, бо унсурҳои фарҳанги бегона, хурофотҳо ва ифроту тафритҳои  зиёде  гирифтор шуда, ниҳоят серхарҷ шуда буданд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҷашну маъракаҳои сершумору пурдабдабаи шаклгирифта то хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ дар шаклу муҳтавои бӯҳронию серхароҷот идома ёфтанд. Баъди истиқрори сулҳу оромӣ ва то андозае маҷрои муайян касб намудани ҳаёти сиёсӣ дар кишвар масъалаи ба танзим даровардани ҷашну маросим ҳамчун як чораи таъхирнопазир ва зарурӣ ҷиҳати аз бӯҳрони молиявӣ берун овардани мардум ва таҳкими пояҳои иқтисодии ҷомеа аҳамияти принсипалӣ касб намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон» маҳз барои ҳалли ин масъалаи муҳими иҷтимоӣ қабул гардида буд. Қонуни мазкур фишори хароҷоти ниҳоят сангини ҷашну маросими миллиро барои мардуми камбизоат коҳиш дода, ба онҳо имконият дод, ки ҷашну маросими суннатии худро бо харҷи камтар баргузор кунанд. Қонуни номбурда як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои серхарҷро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросими соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. 

Он на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум, балки рушди ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ гардидааст ва дар ниҳояти кор, ба он нигаронда шудааст, ки симои шахси боимону тақводор, шаҳрванди ватандӯсту худогоҳро дар асоси суннатҳои миллии мардуми Тоҷикистон муайян намояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пас аз ворид намудан охирин тағйиру иловаҳо ба он дар таърихи 28–августи соли 2017, аз 5 боб ва 16 модда иборат мебошад. Дар боби 1 қонуни танзим, ки аз 3 модда иборат мебошад, муқаррароти умумӣ: мақсад, вазифа ва доираи амали қонуни мазкур (моддаи 1), мафҳумҳои асосӣ (моддаи 2) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим (моддаи 3) дарҷ ёфтаанд. Тавре дар моддаи 1 қонун омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст» [1].

Боби 2 қонуни танзим  «Мақомот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ваколати онҳо»  унвон дошта, аз 3 модда (моддаҳои 4, 5 ва 6) иборат аст. Дар ин боб мақомоти ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим (моддаи 4), комиссияҳои ҷамъиятӣ (моддаи 5) ва ваколатҳои мақомоти ваколатдор ва комиссияҳои ҷамъиятӣ (моддаи 5) шарҳ дода шудаанд.

Боби 3 қонун «танзими ҷашну маросими расмӣ ва оилавӣ» аз 7 модда (моддаҳои 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13) иборат мебошад. Дар ин боб ҷашнҳои расмӣ (моддаи 7), зодрӯз (моддаи 8), хатнасур (моддаи 9), тӯйи домодию арӯсӣ (моддаи 10), маросим дафну азодорӣ (моддаи 11), маросим ҳаҷ (моддаи 12) ва ҷои баргузории ҷашну маросим (моддаи 13) мушаххас шуда, танзими ҳуқуқии худро пайдо кардаанд [1]. 

Дар боби 4 қонун, ки аз 2 модда (моддаҳои 14 ва 141) иборат аст, меъёрҳои ҳуқуқии танзими хитзматрасонӣ дар ҷашну маросим ифода ёфтаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 14 тартиби хизматрасонии ҷашну маросим аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо ва дар моддаи 141 ӯҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳаноми гузарнидани тӯю маъракаҳо нишон дода, муқаррар карда шудаанд.

Боби 5 қонун «Муқаррароти хотимавӣ» низ аз 2 модда (моддаҳои 15 ва 16) иборат буда, дар он тартиби ҳуқуқии ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур (моддаи 15) ва тартиби мавриди амал қарор додани  қонуни мазкур дарҷ гардидаанд. Анъана ва ҷашну маросиме, ки дар қонуни мазкур инъикос ёфтаанд, маънои қонунӣ ва ҳатмӣ доранд. Чуноне, ки дар қисми 3 моддаи 1 қонуни мазкур омадааст, иҷрои талаботи қонуни мазкур барои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакли идоравӣ ва шакли моликият, инчунин барои ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва шаҳрвандии онҳо ҳатмӣ мебошад.

Инчунин, дар моддаи 1 қонун доираи амалкарди қонуни мазкур низ мушаххас карда шудааст. Гарчанде анъана ва ҷашну маросими дар қонун дарҷёфта дорои хусусияти миллӣ мебошанд ва унсурҳои фарҳанги миллӣ ба ҳисоб мераванд, лекин аксарияти онҳо бо дину шариати исломӣ робита доранд. Аз як тараф, ин маънои онро дорад, ки қонуни мазкур анъанаҳо, ҷашнҳо ва маросими тоҷиконро ба танзим медарорад. Аммо, аз тарафи дигар, дар ҷумҳурӣ ақаллиятҳои миллие зиндагӣ мекунанд, ки риояи анъанаҳо, ҷашну маросим ва расму оинҳои дар қонун муқарраргардида, шурӯъ аз маросими динии мусулмонӣ, ба онҳо низ хос аст, масалан, ӯзбекҳо ва қирғизҳо. Бинобар ин, иҷрои меъёрҳои қонуни мазкур барои ҳамаи шаҳрвандони мусулмони ҷумҳурӣ новобаста аз мансубияти миллии онҳо ҳатмӣ мебошад. 

Илова бар ин, Тоҷикистон, ба ғайр аз пайравони мазҳаби ҳанафӣ, ки аксарияти тоҷикон ва умуман мусулмонони кишварро ташкил медиҳанд, пайравони мазҳаби исмоилӣ, инчунин ақаллиятҳои дигари милливу динӣ низ зиндагӣ мекунанд, ки шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон мебошанд. Барои ин гуна ақаллиятҳо қонун муқаррароти махсусеро роҷеъ ба анъана ва маросими аққалиятҳои миллӣ пешбинӣ намудааст, ки тибқи он «ақаллиятҳои миллӣ дар доираи қонуни мазкур дар риояи анъанаҳо, идҳо ва маросими худ озоданд» (қисми 4, моддаи 1).

Қонун на танҳо анъанаҳо, ҷашнҳо ва маросимҳоро ба таври юридикӣ ба расмият медарорад, балки мафҳумҳои онҳоро низ ошкор месозад. Мувофиқи моддаи 2 қонун: анъана – ин маҷмӯи арзишҳои моддию маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ буда, аз насл ба насл мегузарад; маросим – маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд; ҷашн – таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад. Аммо, бояд тазаккур кард, ки аз ин 3 объекти танзими ҳуқуқӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, яъне анъана, ҷашн ва маросим, дар боби 3 қонуни мазкур, ки «Танзими ҷашну маросими расмӣ ва оилавӣ» унвон дорад, танҳо ҷашнҳо ва маросим мавриди танзим қарор гирифта, дар бораи анъана чизе гуфта нашудааст. Дар он ҷашнҳои расмӣ (моддаи 7) аз қабили зодрӯз (моддаи 8), маросими хатна (моддаи 9), тӯйи арӯсӣ (моддаи 10), маросими дафн ва азодорӣ (моддаи 11), маросими ҳаҷ ва чорабиниҳои ба он марбут (моддаи 12), инчунин, ҷойи гузаронидани ҷашну маросим  (моддаи 13)  мавриди танзим қарор гирифтаанд.

Сабаби аслии ба таври мушаххас дар қонун баён нагардидани анъанаҳо ва танзим нашудани онҳо дар он мебошад, ки мафҳуми «анъана» мафҳуми куллӣ мебошад, ки ҳама гуна ҷашну маросим, оин ва урфу одатҳоро дар худ таҷассум мекунад. Барои дурустии ин матлаб аз адабиёти илмӣ далел овардан мумкин аст. Масалан, дар «Луғатномаи энсиклопедии фалсафӣ» таърифи зерини анъана вуҷуд дорад: «унсурҳои мероси иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки аз насл ба насл мегузаранд ва дар баъзе ҷомеаҳо, синфҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар муддати тӯлонӣ ҳифз гардидаанд». Ба сифати анъанаҳо «муқаррароти муайяни иҷтимоӣ, меъёрҳои рафтор, арзишҳо, идеяҳо, расму оинҳо ва ғайраҳо» баромад менамоянд [8, 692].

Одат ҳамчун «шакли меросиву стереотипии танзими иҷтимоии фаъолият фаҳмида мешавад, ки дар ҷомеаҳои муайян ё гурӯҳи иҷтимоӣ такмил ёфта, барои аъзои ин ҷомеа маъмулӣ ба ҳисоб мераванд». Одат дар тафовут бо дигар анвоъи анъанаҳо, «танҳо дар баъзе соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ амал мекунад ва пайрави кардан ба намунаҳои пешиниёнро ифода менамояд», маросим бошад «танҳо як навъи одат, рамзи муносибатҳои муайяни иҷтимоӣ» мебошад [8, 454].

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мафҳумҳои «маросим» ва «ҷашн»-ро аз якдигар ҷудо менамояд. Дар баробари ин, ба сифати одат «метавонанд малакаҳои истеҳсолӣ, маросими динӣ, идҳои шаҳрвандӣ ва ғайраҳо баромад намоянд». Онҳо «дар шакли нисбатан «тоза» дар соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра, дар ахлоқ ва маросими шаҳрвандӣ (иҷтимоӣ) ҳифз мегарданд»[8, 454]. Ба ақидаи Г.В. Малтcев, анъанаро ҳамчун воситаи пайванди миёни наслҳо ва механизмҳое, ки тавассути онҳо таҷрибаҳо яз як насл ба насли дигар интиқол меёбанд, тавсиф мекунад [3, 49]. Дар адабиёти илмӣ андешаҳои дигаре оид ба таносуби анъана, одат ва маросим низ вуҷуд доранд. Масалан, дар яке аз нашрияҳо «анъана» ва «маросим» ҳамчун навъҳои «одат» баррасӣ гардидаанд. Ғайр аз ин, бо назардошти нақши фаъолонаи ҷомеа дар робита бо анъанаҳо (масалан, дар ташаккулёбии онҳо), қайд карда мешавад, ки пайдоиши анъанаҳо «бо раванди тӯлонии таърихӣ алоқаманд нест». 

Маросим ҳамчун «меъёри одатӣ» ба маросими рӯзмарра (маросими оилавӣ, динӣ) ва маросими муқарраротӣ (ҷашну маросими қонунан танзимшуда) ҷудо карда мешаванд. Дар адабиёти илмӣ, инчунин ақида оид ба айният ва ҳаммаъноии мафҳумҳои «одат» ва «анъана» низ вуҷуд доранд.

Тибқи ин ақида, одатҳо «қоидаҳои рафторе мебошанд, ки таърихан, дар тӯли ҳаёти чандин наслҳо бунёд ва дар натиҷаи такрорёбӣ ба одат табдил ёфтаанд». Ғайр аз ин, шаклҳои дигари одатҳо ба монанди «одатҳои мазмуни ахлоқӣ дошта, қоидаҳои гуногуни ахлоқӣ ва расму русум»-ро аз ҳамдигар фарқ менамоянд. Зуҳури анъана бошад на «бо мавҷудияти тӯлонии меъёрҳои дахлдор», балки бо паҳн кардани «баъзе намунаҳои рафтори аз ҷониби як коллектив ё ҷомеа дар маҷмӯъ (масалан, ҷашнвора ҳамчун шакли муайяни ҷашнгирии санаҳои хотиравӣ) «қабул гардида», алоқаманд аст. Умуман, дар нашрияҳои зикргардида, дар зери мафҳуми урфу одат анъанаҳое фаҳмида мешаванд, ки дорои аҳамияти иҷтимоӣ мебошанд. Онҳоро бо таҷрибаи тӯлонии иҷтимоӣ алоқаманд медонанд.

 

Идома дорад...

 

Шоев З. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ;

Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика