ЭҲЁИ МИЛЛАТ – БАҚОИ ДАВЛАТ

Зуҳури инсон дар табиат падидаи фавқулода ва истисноист. Зеро он ягона мавҷудоти соҳибшуур мебошад, ки чунин афзалиятро тавассути забон ва амали мувофиқ ба муҳтавои майнаи хеш, мақсаднок, бо дарназардошти оқибати кирдори содиркардааш ва дарки фаҳми натиҷаи он ба намоиш мегузорад.

ФАРҲАНГШИНОСӢ – ЗАМИНАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

«Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳияи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктаре эҷод накардааст». Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи ҳар халқу миллат ин таърихи фарҳанги вай аст, ки дар он саъю кӯшиши ин халқу мамлакат инъикос ёфтааст. Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолони н. Тоҷикобод

Санаи (23.08.2023) дар асоси Нақшаи кории Марказ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ходимони дин, раисони маҳалла, ҷаворон, собиқадорони меҳнат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони маориф, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони МИҲД - и ноҳия баргузор гардид.

Мақоми дин дар тарбияи маънавии маданияти инсонӣ

Дин калимаи арабӣ буда маънояш эътиқод, худопарастӣ ва ...расму одат аст. Дин дар ҷамъияти ибтидой пайдо шудааст. Ҷамъи арабии он «адён» аст.

Дар забонҳои аврупоӣ ин мафҳум ба калимаи лотинии «религия» ифода шудааст, ки маънои он эътиқод, тақво ва худопарастй аст.

Ба мафҳуми дин таърифҳои гуногун дода шудааст.

Дар таърифҳо аксаран кӯшидаанд як ё якчанд ҷиҳату хусусиятҳои динро ҳамчун хусусияти асосии он шарҳу тавзеҳ диҳанд.

Ч.Ч. Фрэзер диншиноси англис дар ин бора гуфтааст, ки«Наметавон ба дин таърифе дод, ки ҳамаро қонеъ кунад».

Шахсияти фаъол ва созанда-асоси ғояҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии Абунасри Форобӣ

Зарурати шахсияти фаъол ва созанда аз мундариҷаи тамоми асарҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ахлоқии Абунасри Форобӣ бармеояд. Маҳз шахсияти фаъол ва созанди маҳаки ғояҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии мутафаккирро ташкил менамоянд. Бидуни тардид тавассути шахсияти фаъолу созанда Форобӣ хостааст, ки ба орзуи худ – кӯмак намудан ба инсон барои дарёфти хушбахтӣ  таҳаққуқ бахшад.

Вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ бо ходимони дин, раисони маҳалла, собиқадорони меҳнат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони МИҲД - и н. Лахш

Санаи (22.08.2023) дар асоси Нақшаи кории Марказ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш вохӯрии гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ходимони дин, раисони маҳалла, собиқадорони меҳнат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони мактаб, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони МИҲД - и ноҳия ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. 

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

25 август дар толори Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Оғози сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Остона - пойтахти ин кишвар ворид шуданд.

Бо нишони эҳтироми баланд ва самимияти хос меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии меҳмони олимақом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳи шаҳри Остона бо парчамҳои ҳарду давлат идона ороста шуда буд.

Страницы

Яндекс.Метрика