
Санаи (22.08.2023) дар асоси Нақшаи кории Марказ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш вохӯрии гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ходимони дин, раисони маҳалла, собиқадорони меҳнат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони мактаб, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони МИҲД - и ноҳия ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар мулоқот директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовини раиси ноҳияи Лахш Шербекзода Шоҳимардон Аҳматбек, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ - Абдуллоҳи Қодирӣ ва мушовири директори Марказ Мирзозода Азизулло Файз иштирок намуданд.
Нахуст, муовини раиси ноҳияи Лахш Шербекзода Шоҳимардон ташрифи меҳмонон ба ноҳия Лахшро хайра мақдам гуфта, дар бораи ҳамзистӣ ва дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз ибрози андеша намуд.
Сипас, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзуи: ”ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ БАРОИ ҶОМЕА, ОМИЛҲОИ ТАМОЮЛИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ВА РОҲУ УСУЛҲОИ НАВИ МУБОРИЗА БО ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ "ЮТУБ", "ТЕЛЕГРАМ", "В КОНТАКТЕ", "ВАТСАП", "ИНСТАГРАММ", "ОДНОКЛАССНИКИ" "ФЕЙСБУК", "ТИК ТОК", "ТВИТТЕР" "ИМО", ВА ХУДКУШӢ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ” суханронӣ намуд.
У ИБРОЗ ДОШТ, КИ ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ СОЛ БА СОЛ БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ АҲДОФИ НОПОКИ ХУД ВА МАҒЗШӮЙИИ ҶАВОНОН РОҲУ УСУЛҲОИ НАВ БА НАВРО БО ИСТИФОДА АЗ ШАБАКАҲО ВА МЕСЕНҶЕРҲОИ ИҶТИМОӢ БА МОНАНДИ "ЮТУБ", "ТЕЛЕГРАМ", "В КОНТАКТЕ", "ВАТСАП", "ИНСТАГРАММ", "ОДНОКЛАССНИКИ" "ФЕЙСБУК", "ТИК ТОК", "ТВИТТЕР" "ИМО" ВА ҒАЙРАҲО МЕҶӮЯНД. БО ВУҶУДИ ТАТБИҚИ ЧОРАБИНИҲОИ МУШТАРАКИ ДАВЛАТӢ, ВАЗЪ ДАР ИН САМТ ҲАНӮЗ НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД.
ВОҚЕАҲОИ АХИРИ АФҒОНИСТОН БОРИ ДИГАР СОБИТ НАМУДАНД, КИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ДАР БЕРУН АЗ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН САРЧАШМАИ ТАҲДИДҲОИ ИТТИЛООТӢ БАРОМАД НАМУДА, ЧУН ПЕШТАРА, СУБЪЕКТИ НООРОМКУНАНДАИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҲСУБ ЁФТА, ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ БАР ЗИДДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ТОҶИК ТАШВИҚОТИ БАРДУРӮҒИ ИТТИЛООТИРО БА РОҲ МОНДААНД.
ҲАМЧУНИН, БАЪДИ БА САРИ ҚУДРАТ ОМАДАНИ “ТОЛИБОН” ДАР АФҒОНИСТОН, КИ БО ДАВЛАТИ МО БЕШ АЗ 1400 КИЛОМЕТР САРҲАДИ МУШТАРАК ДОРАД, ВАЗЪРО ПЕЧИДАТАР НАМУД. АЗ ИН РӮ, ЗАРУР АСТ, КИ ДАР АТРОФИ АФҒОНИСТОН ЯК КАМАРБАНДИ АМНИЯТӢ ЭҶОД ШАВАД ВА ИН ИҚДОМ АМРИ ЗАРУРӢ ВА САРИВАҚТИСТ.
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ АМНИЯТ ЗИМНИ ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТИ ВОҚЕИИ МИНТАҚА ВА ҶАҲОНИ МУОСИР ТАЪКИД КАРДАНД, КИ ДАР ШАРОИТИ ҲАССОСИ ИМРӮЗА ТАҲКИМИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА МУЪТАДИЛ НИГОҲ ДОШТАНИ ФАЗОИ СИЁСИВУ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА БАРОИ ДАВЛАТДОРИИ МО АҲАМИЯТИ АВВАЛИНДАРАҶА ДОРАД. ВОБАСТА БА ВАЗЪИЯТИ МИНТАҚА ВА ҶАҲОН МАСЪАЛАҲОИ МУҚОВИМАТ БА ХАТАРУ ТАҲДИДҲОИ МУОСИР, АЗ ҶУМЛА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АҲАМИЯТИ ТОРАФТ МУБРАМ ПАЙДО КАРДААНД.
АЗ ИН РӮ, БА ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ИНТЕРНЕТ, КИ ЗИЁДА АЗ НИСФИ АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАШКИЛ МЕДИҲАНД, ЗАРУР АСТ, КИ ФИРЕФТАИ АҚИДАҲОИ РУҲОНИЁНИ ИФРОТИИ АФҒОНИТАБОР, КИ МУХОЛИФИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА МАЗҲАБӢ МЕБОШАНД НАГАРДАНД.
ҶИҲАТИ ОГОҲИИ БЕШТАР ВА ДУРӢ ҶУСТАН АЗ АҚИДАҲОИ РУҲОНИЁНИ ИФРОТӢ РӮЙХАТИ ТАШКИЛОТУ ҲАРАКАТҲОЕ, КИ БИНОБАР БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТӢ - ЭКСТРЕМИСТӢ БО ҚАРОРИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАЛАМРАВИ ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО МАНЪ КАРДА ШУДААСТ ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАД.
1.ТАШКИЛОТИ «АЛ-ҚОИДА» 30.03.2006
2.«ҲАРАКАТИ ИСЛОМИИ ТУРКИСТОНИ ШАРҚӢ» 30.03.2006
3.«ҲИЗБИ ИСЛОМИИ ТУРКИСТОН» (СОБИҚ ҲАРАКАТИ ИСЛОМИИ ЎЗБЕКИСТОН), 30.03.2006 4.«ҲАРАКАТИ ТОЛИБОН», 30.03.2006
5.ТАШКИЛОТИ «БАРОДАРОНИ МУСУЛМОН», 30.03.2006
6.ТАШКИЛОТИ «ЛАШКАРИ ТАЙИБА», 30.03.2006
7.ГУРЎҲИ ИСЛОМИИ «ҶАМЪИЯТИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН», 30.03.2006
8. «ҶАМЪИЯТИ ТАБЛИҒ», 30.03.2006
9.ТАШКИЛОТИ ДИНИИ МИССИОНЕРИИ «СОЗМОНИ ТАБЛИҒОТ», (ДАЪВАТ БА ИСЛОМ) 30.03.2006
10. ТОҶИКИСТОНИ ОЗОД 30.03.2006
11. ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР 11.03.2008
12.ҶАМОАТИ (ҶАМЪИЯТИ АНСОРУЛЛОҲ) 03.05.2012
13. ҲАРАКАТИ ҶАМЪИЯТИИ «ГУРЎҲИ 24» 09.10.2014
14. РАВИЯИ ДИНИИ «САЛАФИЯ» 08.12.2014
15.ТАШКИЛОТИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ (ДАВЛАТИ ИСЛОМИИ ИРОҚУ ШОМ) 14.04.2015
16.ТАШКИЛОТИ «ҶАБҲАТУ-Н-НУСРА (ҶАБҲАТ АН НУСРА) 14.04.2015
17.ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН 29.09.2015
18.ТАШКИЛОТИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 15.08.2019
19.ҶАНГИ МУҚАДДАС (АЛ-ҶИҲОД, ҶИҲОДИ ИСЛОМИИ МИСРӢ, СВЯЩЕННАЯ ВОЙНА) 14.05.2020
20.ҶАМЪИЯТИ ИСЛОҲОТИ ИҶТИМОӢ (ҶАМЪИЯТ-АЛ-ИСЛОҲ АЛ-ИҶТИМОӢ) ОБЩЕСТВО СОЦИАЛЬНЫХ РЕФОРМ) 14.05.2020
21.ҶАМЪИЯТИ ЭҲЁИ МЕРОСИ ИСЛОМӢ (ҶАМЪИЯТ ИХЁ АТ-ТУРАЗ АЛ-ИСЛОМӢ) 14.05.2020
22.ХОНАИ ДУ ЗИЁРАТГОҲ (АЛ-ХАРАМАЙН) ДОМ ДВУХ СВИТЫХ 14.05.2020
23.ҶУНД-АШ ШОМ (АРТИШИ ШОМ БУЗУРГ, ВОЙСКО ВЕЛИКОЙ СИРИИ) 14.05.2020
24.ҶИҲОДИ ИСЛОМӢ, ҶАМОАТИ МУҶОҲИДИН 14.05.2020
25.ИТТИҲОДИ ЭКСТРАМИСТӢ «ШОҲИДОНИ ЯҲВО» СВИДЕТЕЛИ ИСГОВЫ) 19.03.2021
О Г О Ҳ Б О Ш Е М!!!
ҲАМАГУНА ҲАМКОРӢ, КЎМАК, АЪЗО ШУДАН БА ТАШКИЛОТУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ - ЭКСТРАМИСТИИ ЗИКРШУДА, ТАРАФДОРӢ КАРДАН Ё ҲАҚ ШУМОРИДАНИ ҒОЯВУ ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО ҚАТЪИЯН МАНЪ АСТ!!!
МО БОЯД ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ ВА БА ҲАР ҲАВОДИС ВА ВОҚЕАИ РӮЙДОДА, НУКТАСАНҶОНА БАҲО ДИҲЕМ. БО ПУШТИБОНӢ АЗ СИЁСАТИ ПЕШГИРИФТАИ РОҲБАРИЯТИ ОЛИИ МАМЛАКАТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ, ДАР МАҶМУЪ, АМНИЯТИ МИЛЛӢ НАҚШИ МОНДАГОРИ ХУДРО ГУЗОРЕМ.
Дар идомаи вохӯрӣ мушовири директори Маркази исломшиносӣ Мирзозода Азизулло дар бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» андешаҳои хешро баён намуд.
Мавсуф дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фикру мулоҳизаҳои хешро чунин иброз дошт: Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одабаш аз он азизтар”. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.
Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст.
Дар интиҳои вохӯрӣ директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим аз меҳмоннавозии мардуми ноҳияи Лахш ва дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос ва миннатдорӣ намуданд.
Мавсуф иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини ноҳияи Лахш бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву соҳибихтиёрӣ ва сулҳу оромӣ дар ҷодаи ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ содиқона кору фаъолият карда истодаанд.
Директори марказ андешаҳои худро дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чунин иброз дошт: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”. Муҳаммад Ғаззолӣ
Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.
Эҳсоси масъулияти баланди падарию модарӣ ва тарбияи фарзандони бомаърифат ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат намуда, барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони покдошта заминаи устувор мегузорад. Зеро ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем.
Муҳтарам Холиқзода Абдураҳим аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ёддовар шуда, чунин иброз дошт: ”Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст”. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
У ҳамчунин, дар бораи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» андешаи худро чунин баён дошт: “Ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, ҳақ дорад. Инчунин, баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон яксон аст”.
Профессор Холиқзода Абдураҳим дар бораи арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллӣ , инчунин сулҳу субот ва тенҷию оромӣ суҳбат намуд.
Дар хотима изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Лахш суннату анъанаҳои неки ободгаронаи миллати куҳанбунёди тоҷикро минбаъд низ идома бахшида, бо иттиҳоду сарҷамъӣ байни халқҳои тоҷику қирғиз, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба хотири рушду тараққиёти кишвари соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд ва дар раванди созандагии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон чун ҳарвақта саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Баъди баромади директори Марказ сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Лахш Шарипов Маҳмадризо суханронӣ карда, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, ташрифи роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Лахш бобати дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти олии мамлакат изҳори сипос ва миннатдории хешро баён намуданд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон