«Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳияи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктаре эҷод накардааст». Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи ҳар халқу миллат ин таърихи фарҳанги вай аст, ки дар он саъю кӯшиши ин халқу мамлакат инъикос ёфтааст. Эмомалӣ Раҳмон
Замони муосир нисбат ба зар давру замон дида таваҷҷўҳи халқҳои оламро ба фарҳанги суннатии хеш зиёд намудааст. Зеро имрўз омўзишу таҳқиқ ва бузургдошти осори гузаштагон, рў овардан ба фарҳанги бою ғании халқҳои олам яке аз падидаҳои беҳтарин маҳсуб мешавад.
Имрўз илми фарҳангшиносӣ (маданиятшиносӣ) монанди дигар илмҳо пеш рафта, ба тадриҷ доманаи он густурдатар шудааст. «Илм дар бораи маданият» (Наука о культуре).
Дар соли 1984 Лесли Уайт таҳти ин унвон китоберо нашр намуд ва асоси илми нав-фарҳангшиносӣ
(маданиятшиносӣ)-ро гузошт.
Фарҳанг ва масоили марбут ба он аз замонҳои хеле қадими таърих мавриди назари олимони ҷаҳон, бахусус уламои форсу-тоҷик қарор дорад, зеро дар олами маънавӣ ченаки асоси муқаддасоти фарҳангӣ ва арзишҳои волои инсонӣ буду ҳаст.
Танҳо сарватҳои фарҳангӣ метавонанд аз ганҷинаи халҳҳо берун оянд, бемонеа дар тамоми олам густариш ёбанд ва мояи ифтихори созибфарҳангон гарданд.
Аз ин рў, ҷомеаи муосири мо ба омўзиши фарҳанг ва таърихи фарҳанги миллатҳо ниёз дорад. Зеро чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат қайд намудаанд:
«Фарҳанг сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зеҳнии ҷомеаро дар давраҳои гуногуни таърих инъикос карда, саҳми Ҳар халқу миллатро дар рушди тамаддуни башарӣ муайян менамояд».
«Воқеан, дар арзишҳои моддиву маънавии эҷодшуда дараҷаи тафаккури сиёсиву иҷтимоӣ, дастовардҳои иқтисодӣ, илмиву фалсафӣ ва завқи зебоиписандии миллат инъикос мегардад».
Фарҳанг бешубҳа, ифодагари рӯҳияи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад ва барои ҳар як фарди ҷомеа заминаи ташаккули ҷаҳонбинӣ ва асолати миллиро фароҳам меоварад.
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯӣ бар ин ганҷ неҳ.
А. Рӯдакӣ
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ