Дин калимаи арабӣ буда маънояш эътиқод, худопарастӣ ва ...расму одат аст. Дин дар ҷамъияти ибтидой пайдо шудааст. Ҷамъи арабии он «адён» аст.
Дар забонҳои аврупоӣ ин мафҳум ба калимаи лотинии «религия» ифода шудааст, ки маънои он эътиқод, тақво ва худопарастй аст.
Ба мафҳуми дин таърифҳои гуногун дода шудааст.
Дар таърифҳо аксаран кӯшидаанд як ё якчанд ҷиҳату хусусиятҳои динро ҳамчун хусусияти асосии он шарҳу тавзеҳ диҳанд.
Ч.Ч. Фрэзер диншиноси англис дар ин бора гуфтааст, ки«Наметавон ба дин таърифе дод, ки ҳамаро қонеъ кунад».
Худи Ч.Ч. Фрэзер мафҳуми динро "ҳамчун меҳрубонӣ кардан ва ором кардани қувваҳое, ки аз болои одамон, ҳокимият ва рафти хаводиси табиӣ ва зиндагии онҳоро идораву назорат мекунанд" таъриф кардааст.
Фарҳангшиноси дигари англис Э.Ю. Майлор динро «ҳадди ақали эътиқод ба мавҷудоти руҳонӣ» мешуморад.
К. Маркс динро «Афюни халқ»,
А. Фейербах «Моҳияти бегонашудаи худи инсон» ё аниқтараш «инъикос (рефлексия)-и моҳияти инсон дар худи худаш»,
Ф. Энгельс динро « Ба ҷуз инъикоси хаёли фантастикӣ дар сари одамон аз он қувваҳои беруние, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо, аз болои онҳо ҳукмронй мекунанд, инъикосе, ки қувваҳои заминӣ шакли ғайри заминӣ мегиранд чизи дигаре нест», таъриф кардааст.
Пайдоиши динро мутааллиқ ба ҷамъияти ибтидоӣ медонанд. Нотавонию оҷизии одами вахшӣ дар мубиризаи зидди қувваҳои табиат гӯйё боиси пайдоиши эътиқод ба худоҳо, шайтонҳо, муъҷизаҳо ва ғайра шуданд.
Дар давраи ҷамоаи ибтидоӣ динҳои фетишизм, тотемизм, анимизм, магия (сехру ҷоду) шакли ҳатмии дин ба шумор мерафтанд.
Дар давраи таназзули сохти ҷомеаи ибтидоӣ ва пайдоиши ҷамъияти синфӣ динҳои яхудӣ, ҳиндуя, синтоизм, конфутсия ба вуҷуд меоянд.
Дар давраи ташаккулёбии ҷамъияти синфӣ динҳои ҷаҳонӣ - буддоӣ, масеҳият ва ислом пайдо шуданд.
Динҳо як қисми таркибии тафаккури фарҳангии ҷомеаро ташкил медиҳанд.
Дин ин худ як навъи маданият аст. Ва чун як навъи маданият, чун яке аз унсурҳои муҳими фарҳанг дар ташаккулёбии дигар шаклҳои маданият дар санъати наққошӣ, меъморӣ, ҳайкалтарошй ва ғайра мақоми махсусеро ишғол мекунад.
Чунончӣ нақшу нигорҳои ибодатхонаҳои Мисри қадим, ҳайкалчаҳои гилину чубини ибодат-хонаҳо, аҳромҳо дар Миср, ҳайкалҳои Афина, Посейдон, Акрополи Афина ва ғайра шаҳодати ин гуфтаҳост.
Ғайр аз ин, дин чун як падидаи фарҳангӣ дар худ суннатҳои бехтарини халқиро хифз намуда, онро қабул ва такмил медиҳад ва аз насл ба насл чун арзиш мерос монда, боиси дарозумрию пойдории онҳо мегардад.
Талқини некӣ ва накукорӣ, муборизаи хайру шар, неку бад, ғалабаи некӣ ба бадӣ, дар таълимоти Зардуштия, дар эҷодиёти даҳонии халқҳои Шарқи қадим, ки онҳо баъдтар аз тарафи шоир А. Фирдавсӣ ба назм кашида шудаанд, инъикоскунандаи гуфтаҳои боло мебошанд.
Мувофиқи таълимоти Қуръони карим муъмин касест, ки қатъи назар аз ҷинсаш, мард ё зан, кори хайр ва некиву олиҳимматӣ мекунанд. «Ҳар зану марде, ки кори неку анҷом диҳад, агар имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае баду хоҳем дод ва подоши беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард».
(Сураи 16. Ояти 97).
Хулоса, дин яке аз унсурҳои муҳими фарҳанг ва чун як падидаи ҷамъиятӣ дар тарбияи маънавии маданияти инсонӣ нақши муҳимеро мебозад.
Инсонро ба ягонагии кору рафтор, сухан, афкор, кавлу амал даъват мекунад.
Абдуллоҳи Қодирӣ