Ба ҳеҷ ваҷҳ даст аз ҳаракат кардан боз надоред!

Агар наметавонед парвоз кунед, бидавед. Агар наметавонед бидавед, роҳ биравед. Агар наметавонед роҳ биравед, бархезед.

Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ даст аз ҳаракат кардан боз надоред.

Мартин Лютер

Гирдоварандаи мавод:
Шуъба иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Ҳеҷкасро ҳеҷ ҷо расво макун!

Ишкро бе маърифат маъно макун,
Зар надорӣ мушти худро во макун.

Гар надорӣ дониши таркиби ранг,
Байни гулҳо зишт ё зебо макун.

Хуб дидан шарти инсон будан аст,
Айбро дар ину он пайдо макун.

Дил шавад равшан зи шамъи эътироф,
Бо кас арбад кардаи ҳошо макун.

Эй ки аз ларзидани дил огаҳӣ,
Ҳеҷкасро ҳеҷ ҷо расво макун.

Зар ба дасти тифл додан аблаҳист,
Ашкро назри ғами дунё макун.

Пайрави хуршед бо оина бош,
Ҳарчи урён дидаи ифшо макун.

Мавлоно Ҷ. Румӣ

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!!

Имрӯз ҳамкори муҳтарами мо сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Сайфулло Муллоҷонов ҷашни зодрӯз дорад. Ӯро ба ин муносибат ҳайати кормандон ва роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон беҳтарин таманниётро орзуманд аст.

Рӯзи мавлуди Шумо шоиста бод,
Хуррамиву хушдилӣ пайваста бод.
Армуғони мо дар ин рӯзи мурод,
Даста-даста ҳадяву гулдаста бод.

Бо арзи эҳтиром ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чанд сухан дар ҳошияи мақолаи профессор С.С.Ятимов “Эҳёи миллат - бақои давлат”, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, 24.08.2023

Мақолаи профессор С.С.Ятимов “Эҳёи миллат - бақои давлат”- ро хонда, мутаассир нагаштан аз имкон берун аст. Мақола воқеан ҳам ба яке аз масъалаҳои мубрам ва хеле ҳалталаби ҷомеа – дарёфти роҳи наҷот аз таассубу хурофоти барои миллат марговар бахшида шудааст.

Муаллиф ба таври муътамад ва асоснок бо истифода аз далелҳои илмӣ ва мантиқӣ фалсафаи таърихи инкишофи ҷомеаи башариро ба забони фаҳмо баён намудааст. Касе набояд шак оварад, ки дар ин таърих мубориза баҳри манфиатҳо асосӣ ва умда буда, воқеан ҳам роҳнамои муборизаҳо мебошад.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 август дар бинои Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.

АҲАМИЯТИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР АСРИ ҶАҲОНИШАВӢ

Инак аз замони қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 16 сол сипарӣ шуд. Ҳарчанд, ки 16 сол барои таърихи беш аз панҷҳазорсолаи фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик чандон ҳам муддати тӯлонӣ нест, вале дар зарфи 16 соли пурбаракати татбиқи қонуни танзим дар мазмуну муҳтавои анъана ва ҷашну маросими тоҷикон ва тарзи баргузории онҳо тағйироти мусбате ба амал омаданд, ки аз мутобиқшавии ин қисми муҳими мероси фарҳангии ниёгонамон бо раванди куллии рушди ҷамъиятию иқтисодии ҷомеа шаҳодат медиҳанд. 

Сафари гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ ба ноҳияҳои Сангвор, Рашт ва Роғун

Санаҳои 22-24 августи соли равон гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини директор Абдухалилзода К.А., Шоҳсаидзода Ш. ва Наҷотзода М. ҷиҳати иҷрои нақшаи корӣ ба ноҳияҳои Сангвор, Рашт ва Роғун сафари хидматӣ анҷом дода, бо фаъолони минтақаҳои номбурда вохӯриҳо гузарониданд.

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ОМИЛИ ДИГАРГУНСОЗИИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

“Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем...”. Эмомалӣ Раҳмон

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии халқи азизи Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таърихи 8 июни соли 2007 қабул гардид. Албатта, қабули қонуни мазкур марому мақсади муайян дошт, ки муҳимтарини он:

Страницы

Яндекс.Метрика