Мақолаи профессор С.С.Ятимов “Эҳёи миллат - бақои давлат”- ро хонда, мутаассир нагаштан аз имкон берун аст. Мақола воқеан ҳам ба яке аз масъалаҳои мубрам ва хеле ҳалталаби ҷомеа – дарёфти роҳи наҷот аз таассубу хурофоти барои миллат марговар бахшида шудааст.
Муаллиф ба таври муътамад ва асоснок бо истифода аз далелҳои илмӣ ва мантиқӣ фалсафаи таърихи инкишофи ҷомеаи башариро ба забони фаҳмо баён намудааст. Касе набояд шак оварад, ки дар ин таърих мубориза баҳри манфиатҳо асосӣ ва умда буда, воқеан ҳам роҳнамои муборизаҳо мебошад.
Дар ин муборизаҳо баъзе халқиятҳо роҳу василаҳои мухталифро баҳри завлона задан ба гардани халқияти дигар истифода бурдаанд. Халқиятҳои дар ҳалқаи ҷаҳлу хурофот печида риштаи бардагиро дар гардани хеш чунон печонидаанд, ки гӯё ин ришта ҷузъи табии бадани онҳо аст ва канда шудан аз он ин халқиятҳоро ба нестӣ мебурда бошад. Баръакс, он халқияте, ки ин завлонаро моҳирона андохт, сайёди бемисл будани худ ва муваффақ будани завлонаи худро дарк намуда, имрӯз роҳ ва усулҳои нави хафагир намудани бардаро коркард карда истодааст.
Дар мақолаи фавқуззикр хеле равшан қайд шудааст, ки дар завлонаи таассубу хурофот афтодани миллат тадриҷан тоҷикиятро нест карда, меҳру муҳаббат ба ватанро аввал заиф ва баъдтар нобуд месозад. Қобили таҳсин аст, ки муаллиф мафҳумҳои “дастовардҳои душманони миллат” ва “фарзандони миллатро чун лашкари бепул” хеле воқеӣ ва ба маврид истифода бурдааст. Воқеан ҳам ин лашкари бепули душманони миллат имрӯз моро дар ҳама ҷо то ба он андоза иҳота карда, нуфуз пайдо кардаанд, ки бародари хунии худро, мутаассифона, аксаран дар байни онҳо мебинӣ ва ҳатто таҳдидеро низ аз ӯ эҳсос мекунӣ.
Муаллифи мақола роҳи ҳалли масъаларо дар маориф бо дарки вазифаи хеш мебинад, ки ҳақ асту рост. Зеро вазифаи марказии маориф, пеш аз ҳама, маърифатнок кардан, яъне додани маълумоти дуруст доир ба пайдоиши таассубу хурофот, маншаи он ва интиқоли он ба дигар манотиқ аст. Доштани маълумоти дуруст дар ин мавзуъ бешак монеаи ҷиддие хоҳад буд дар роҳи пешгирии бегонапарастӣ ва рушди арзишҳои миллӣ.
Профессор С.С.Ятимов барои кушодани чашми бардаҳои бо ду дасту пою гардан ба завлона афтода давраи Эҳёи Аврупо ва нақши онро дар роҳи наҷоти Аврупо аз бардагӣ ва бегонапарастӣ ба таври мисол зикр намудааст. Профессор С.С. Ятимов наҷотбахшандагони Аврупоро аз завлони бардагӣ ёдовар шуда, аз номи Сервантес таъкид менамояд, ки “мардуми зери асорати зеҳнии миллатҳои бегона қароргирифта мисли лойи кулолест дар дасти аҷнабиён, ки ҳар асбобе хоҳанд аз он месозанд ва истифода мекунанд. Миллат бояд ҷаҳонбинӣ, дидгоҳ, маънавиёти ягонаи худро дошта бошад”.
Дар воқеъ имрӯз мо қариб ҳар рӯз мебинем, ки бардагони бо ду дасту пою гардан ба завлонаи бегонагон афтода дар дасти аҷнабиён лойи кулолиянд, ки бо чанд шакл бар зидди бародарони хунии худ мубориза мебаранд.
Ба андешаи ин ҷониб иқтибоси аз Мартин Лютери олмонӣ овардаи профессор С.С.Ятимов низ хеле ба маврид буда, ба вазифаи ҷонии бардагони зеҳнии ҷомеаи мо ишора менамояд: «Оғоз аз ин лаҳза баромадан аз зери султаи бегонагон, Папаи Рим вазифаи ҷонии ҳар як немис аст!». Ҳар шахси худшиносу меҳанпарасти тоҷик суханони мазкури Мартин Лютерро барои худ бояд роҳнамо қарор диҳад.
Ба муҳтавои суханони Мартин Лютер дар хусуси тарҷумаи китоби муқаддас ба забони олмонӣ ва барпо доштани ибодат ба забони хеш фурӯ рафта, чунин андешае пеши назар меояд, ки канӣ он рӯҳонии миллатдӯстдори тоҷик, ки дар бораи хондани намоз ба забони тоҷикӣ фатво барорад. Баръакс, имрӯз мо, мутаассифона мушоҳида менамоем, ки ба хотири худнамоӣ хондани ҳама гуна дуо ба забони ғайр сурат гирифта истодааст. Яъне, бардагони дар дасту пою гардан завлона дошта ба бинии худ низ завлона зада истодаанд.
Эй, кош, ки онҳо аз Аврупои VII қарн пеш сабақе меомӯхтанд. Қишри мазкур дар хусуси нангу номус бисёр ҳарф мезананд, кош боре дар бораи номуси ватандорию миллатдӯстӣ низ садо мебароварданд.
Профессор С.С.Ятимов дуруст қайд намудааст, ки он дастовардҳои имрӯзаи Аврупо аз ҳамон таҳаввулоти зеҳнии мутафаккирон ва рӯҳониёни даврони Эҳё манша магирад. Чун мардуми мусулмон низ зиндагии орому осуда ва хушҳолонаро хоҳон аст ва ин зиндагии осону ҳасана бо таълимоти Қуръон зид нест, пас бояд аз он таҷрибаи зиндагӣ баҳри худ сабақе гирад.
Хулоса, мақолаи порофессор С.С. Ятимов барои дарди ҷомеаи имрӯзаи мо давои хубест. Аз нигоҳи ин ҷониб мақолаи мазкур бояд пеш аз ҳама дар ҳамаи сохторҳои низоми маориф, аз макотиби миёна сар карда то макотиби олӣ бо шумули донишҷӯён, дар байни кормандони низоми идорӣ, кормандони соҳаи илм, ва баъдан дар байни имомхатибони кишвар мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирад ва қишрҳои номбурда бетарафӣ накарда, мавқеи худро сареҳан ошкор созанд.
Абдухалилзода Кароматулло
Абдуллоҳи Қодирӣ