Инак аз замони қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 16 сол сипарӣ шуд. Ҳарчанд, ки 16 сол барои таърихи беш аз панҷҳазорсолаи фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик чандон ҳам муддати тӯлонӣ нест, вале дар зарфи 16 соли пурбаракати татбиқи қонуни танзим дар мазмуну муҳтавои анъана ва ҷашну маросими тоҷикон ва тарзи баргузории онҳо тағйироти мусбате ба амал омаданд, ки аз мутобиқшавии ин қисми муҳими мероси фарҳангии ниёгонамон бо раванди куллии рушди ҷамъиятию иқтисодии ҷомеа шаҳодат медиҳанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи навтарин падидаҳои ҳуқуқи муосир мебошад, ки бо ташаббусу ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаву якдилонаи шаҳрвандони кишвар, аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар таҳия, қабул ва дар амал татбиқ шудааст. Онро ба он сабаб мо “қонуни миллӣ” меномем, ки он маҳсули хирад, заковат ва афкори муосири ҳуқуқӣ – миллии даврони соҳибистиқлолии мо мебошад. Албатта, далели асосии манфиатнокии иҷтимоии ҳар як санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ нишондиҳандаҳо ва пайомаду натиҷаҳои воқеии амалкарди он дар ҷомеа маҳсуб мешаванд.
Дар зарфи 16 соли пурфайзу баракати амали қонуни танзим аксари анъанаҳое, ки хусусияти хурофотӣ дошта, ки дар тӯли садсолаҳо арзи вуҷуд намуда, боиси қашоқӣ, муфлисӣ, камбизоатӣ, қарздорӣ ва мушкилиҳои дигари моддию молиявии мардум мешуданд, аз байн рафтанд. Дар натиҷа, мо шоҳиди он ҳастем, ки баргузории маросимҳои миллӣ ва динӣ дар чаҳорчӯбаи муайян сурат гирифта, воқеан ҳам сол то сол сатҳи камбизоатӣ дар кишвар коҳиш ёфта ва сатҳи некуаҳволии мардум баланд шуда истодааст.
Дар партави амали қонуни танзим, конференсияҳо ва семинарҳои ҷумҳуриявии илмию амалӣ, суҳбату вохӯриҳо бо сокинони деҳоту ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар, татбиқи чорабиниҳои таблиғотию фаҳмонда-диҳӣ, ки ҳар сол аз ҷониби шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои маҳаллии он ба таври мунтазам баргузор карда мешуданд, дар ҷомеа фарҳанги сарфакорӣ таҳаввул намуда, мардум аз тақлидкорию ҳангомаҷуӣ, ҳар гуна исрофкориҳои беҳудаю бешуурона зимни баргузории маъракаҳо даст кашидаанд ва маблағҳои пасандозкар-даашонро оқилона барои беҳтар кардани таъминоти моддию молиявии оилаҳо, фароҳам овардани шароити хуби таълиму тарбия барои фарзандони худ, дастгирии моддии муҳтоҷон ва дигар мақсадҳои неку барои ҷомеа муфид истифода мебаранд.
Мушкилоти иҷтимоие, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мақсади бартараф кардани онҳо қабул гардида, бомуваффақият дар амал татбиқ шуда истодааст, аз қабили исрофкориҳои зиёд дар тӯйҳо ва ҷашну маросимҳои динӣ, мушкилоте мебошанд, ки хусусияти глобалӣ дошта, дар ҳамаи ҷомеаҳои динию миллии ҷаҳон, алалхусус, мусулмонон ҷой доранд ва барои рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо монеъ мешаванд. Аз ин рӯ, имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки қонуни танзим ин таҷрибаи нодири тоҷикистонӣ, дар баъзе кишварҳои дуру наздик тадриҷан мавриди таваҷҷуҳи амиқ ва пайравӣ қарор гирифта истодааст. Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон, Доғистон, Афғонистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Арабистони Саудӣ ва як қатор кишварҳои дигар, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ ва равобити фарҳангӣ доранд, аллакай ҷиҳати танзими маъракаҳои хонадоршавӣ ва пешгирии хароҷоти зиёд дар ин гуна маъракаҳо баъзе санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд.
Дар асоси он чи зикр гардид, хулосаи зерини мантиқӣ ҳосил мешавад: дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ афкор ва шуури ҳуқуқии халқи мутамаддини тоҷик таҳти анвори ҳаётбахши хуршеди истиқлол, аз ҳолати карахтӣ наҷот ёфта, аз нав эҳё гардид ва қонунеро тавлид намуд, ки он танҳо барои манфиати миллати тоҷик нест, балки аҳамияти ҷаҳонию умумибашарӣ низ дорад ва барои тамоми миллатҳои ҷаҳон, дар қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ҳамчун дастурамали намунавӣ хизмат расонида истодааст.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон