ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ОМИЛИ ДИГАРГУНСОЗИИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

“Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем...”. Эмомалӣ Раҳмон

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии халқи азизи Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таърихи 8 июни соли 2007 қабул гардид. Албатта, қабули қонуни мазкур марому мақсади муайян дошт, ки муҳимтарини он:

–ба талаботи замон мувофиқ сохтани анъанаҳои фарҳангӣ ва расму ойинҳои халқӣ;

харҷи дурусти маблағҳои пулӣ ва мувофиқи мақсад масраф намудани он;

муҳофизат ва покиза нигоҳ доштани ҷашну маросимҳои анъанавии халқи тоҷик аз олудашавӣ бо унсурҳои ҷашниву маросимҳои бегона;

паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани шарту шароити зиндагӣ ва рушди ҷомеа; 

ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми кишварамон;

ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ, исрофкорӣ;

расидан ба зиндагии шоиста;

аз байн бурдани хурофот ва ҳарзагӯиҳои ношоистаи иддае аз мардуми тангназар;

ба як низоми муайяну муносиб муназзам сохтани танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва умумибашарӣ. 

Бо тақозои замон ва иҷрои муҳтавои он, соли 2017 ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки “баҳри баланд бардоштани масъулиятшиносии ҳар як узви ҷомеа, аз ҷумла шахсони мансабдори давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҷиҳати бемайлон ва якхела иҷро намудани қонунҳо, мустаҳкам намудани интизом ва таъмини кафолати иҷрои амалигардонии талаботи қонуни мазкур нигаронида шуда, тағйиру иловаҳои зикршуда ба хотири таъмини амнияту суботи ҷомеъ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии қишрҳои гуногуни ҷомеа, сарфаю сариштакорӣ, мустаҳкам намудани интизоми иҷрокунандагӣ, аз ҷумла интизоми таълиму тарбия, баланд бардоштани масъулияти субъектони раванди таълиму тарбия ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шудааст. Ба ифодаи дигар, иҷрои қонуни танзими ҷашну маросим – усули устуворгардонии интизоми давлатӣ ва суботи ҷомеа аст” [1, 36].

Айни ҳол оилаҳои ҷавон барои беҳтар намудани шароитҳои зиндагии худ аз стратегияҳои гуногуни мутобиқшавӣ ба муҳити тағйирёбандаи ҷомеа истифода мебаранд. Яке аз чунин стратегияҳо танзими меъёрҳои иҷтимоӣ, махсусан, танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо мебошад. 

Меъёрҳои иҷтимоӣ, мисли урфу одат, расму русум, анъанаҳо, маросимҳо аз замонҳои қадим муносибатҳои иҷтимоии одамонро ба танзим дароварда, бо ин восита тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамуданд. То асри ХХ ин меъёрҳои иҷтимоӣ ягона воситаи коммуникатсия ва ҳамгироии иҷтимоии одамон ба ҳисоб мерафтанд.

Бояд таъкид намуд, ки  нақши анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар ваҳдату худшиносии миллӣ, якдигарфаҳмӣ, иттиҳоди мардум аҳамияти зиёди маънавию тарбиявӣ доранд, аммо дар тӯли асрҳо ба расму оинҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа моҳияти иҷтимоию маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мураккабу исрофкорӣ ва худнамоишдиҳию хароҷоти беҳуда табдил ёфтаанд. “Анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар инкишофи ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстиву рафоқат, якдигарфаҳмӣ, меҳмонпазириву рӯзгордорӣ, ғамхориву шавқат ба ҳамдигар аҳамияти зиёди маънавию тарбиявӣ доранд. Вале чи тавре, ки нишондодҳо ва зиндагии имрӯзаи мо собит намуд, як зумра шаҳрвандон аз суннатҳои мардумиву миллӣ сӯистифода намуда, онҳоро чун воситаи худнамоӣ, шуҳратпарастӣ, ба даст овардани обрӯ ва ҳатто мартабаву мақом истифода менамоянд. Исрофкорӣ ва афзудани ҳирси ман-манӣ боиси пастравии сатҳи маънавиёту зиндагии қисми зиёди мардуми камбизоат гардида, монеи пешравии ҷамъият ва давлат ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ, сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мегардад” [3, 2]. 

Ягон ҷашну маросим аз маъракаҳои азодориву идҳо, балки ҷашни домодиву арӯсӣ ва хатнасуру зодрӯз қайдкуниҳои мардум низ рабту низом надоштанд ва ҳар кадоми он хисороти бузургеро ба буҷаи ҳар як хонавода ворид месохтанд. Баъдан, бо пешрафти илму техника, воситаҳои нави коммуникатсионӣ, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз ин меъёрҳои иҷтимоӣ моҳияти худро гум кардаанд ва ниёз ба танзим доранд.

Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандон анъана ва ҷашну маросимҳоро воситаи худнамоӣ, шуҳратпарастӣ, ба даст овардани мақоми иҷтимоӣ истифода намуда, ба исрофкорӣ ва худнамоишдиҳӣ даст мезананд. Ин ҳолат, дар мадди аввал ба табақаи камбизоат паёмадҳои ногуворро ба бор меорад. Мардуми ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо пурра хабардор нестанд, аз ҳад зиёд сермасраф гардидани баргузории ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари шаҳрвандони Тоҷикистон буд. 

Тақлидкорӣ ва рақобати бемаънӣ дар гузаронидани тӯю маъракаҳо боиси хароҷотҳо ва исрофкориҳои зиёд шуда, сабаби аз байн рафтани буҷети оилавӣ ва гирифторӣ ба қарзҳои вазнин мегардиданд. Аз сабаби паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфтанд.

Албатта, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош дорад, ки барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии шоистаро муҳайё созад. Бо ин сабаб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини зиндагии осудаи мардум бо аҳли зиё ва уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчи зудтар халос кардани мардум аз ин вазниниҳои сохта қабули қонун аст. 

Инчунин, “...бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дасти давлат дар танзими маъмурӣ-ҳуқуқии ҷашну маросимҳои мардумӣ боз шуда, мақомоти идоракунии давлатӣ бо истифода аз усулҳои маъмурӣ тавонист шаҳрвандони худпараст, зиёдахоҳ, тақлидкорро тобеъ созад. Тобеъсозӣ ин мафҳуми сирф мутеъ кардан, ғулом намудан набуда, ин имконияти ҳуқуқӣ ва воситаи (усули) таъсиррасонии субъекти махсус (мақомоти ҳокимияти давлатӣ) мебошад. Давлат тавассути мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад бо усул ва воситаҳои таъсиррасонии маъмурӣ иродаи қонунро ҳукмрон гардонад, ашхоси ҳуқуқвайрон-кунандаро ҷазо диҳад ва дар ҳолатҳои муайян ҳуқуқвайронкуниро пешгирӣ намояд. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар замони қабл аз қабули қонун барои баргузории ҳамин миқдор маърака беш аз 1 миллиарду 203 миллиону 912 ҳазор сомонӣ маблағ лозим меомад. Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 692 миллиону 559 ҳазору 379 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида барои садҳо нафар навхонадорон манзили истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо нафар шароити рӯзгори худро беҳтар намуд. Ба шарофати амали ҳамин қонун гузариш ва гардиши сифатан нав «аз татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба татбиқи стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ имконпазир гардида истодаст” [11].

Ҳамзамон, имрӯз аксарияти шаҳрвандон муносибати худро ба муқаррароти қонунгузорӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҷиддӣ намуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол зиёдаравию исрофкориҳо дар таҷлили ҷашну маросимҳои шаҳрвандон паст гардида истодааст. Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол давоми солҳои охир  беш аз 692 миллиону 559 ҳазору 379 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида барои садҳо нафар навхонадорон манзили истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо нафар шароити рӯзгори худро беҳтар намуд. Дар воқеъ, амали қонуни мазкур бо коҳиш додани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатиро солҳои охир аз 53 дарсад то 30 дарсад кам кард. Ба шарофати амали ҳамин қонун гузариш ва гардиши сифатан нав аз татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба татбиқи стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ имконпазир гардида истодааст.

Рӯйхати адабиёт:

1.Ойев, Х. Иҷрои қонуни танзими ҷашну маросим - усули устуворгардонии интизоми давлатӣ ва суботи ҷомеа / Х. Ойев // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. – 2017. – № 4(8). – С. 31-38. 

2.Асоев, И.З. Нақши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар баландбардории сатҳи некуаҳволӣ (дар мисоли минтақаи Кӯлоб) / И.З. Асоев // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. – 2020. – №7. – С. 204-209.

3.Асоев, С.А. Амалигардонии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аҳамияти ҳуқуқии он / С.А. Асоев // Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Силсилаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. – 2019. – №3-2(64). – С. 35-40.

4.Баротзода Ф. Қонуни танзим. Аз иҷрои рисолати таърихӣ то дурнамои манфиатҳои иқтисодӣ // Ҷумҳурият, аз 18. 07. 2017, №149.

5.Баротова, Р. Практическое осуществление закона Республики Таджикистан "об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республики Таджикистан" и его воспитательное значение / Р. Баротова // Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ. – 2017. – № 1-1(43). – С. 81-85.

6.Баррасии беш аз 15 ҳазор парвандаи нақзи қонуни ҷашну маросим ва масъуляти волидайн дар Тоҷикистон [манбаи электронӣ]. URL: https://parstoday.com/tg /news/tajikistan-i61976 (санаи истифодабарӣ: 12.04.2022).

7.Дар бораи қонуни ҷашну маросим чӣ назаре доред? [манбаи электронӣ]. URL: https://parstoday.com/tg /news/tajikistan-i59697 (санаи истифодабарӣ: 21.07.2022).

8.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Қонуни амалкунанда. Санаи қабул: 08.06.2007 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 1.

9.Машраби, Д. Проблемы административно-правового регулирования традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан / Д. Машраби // Правовая жизнь. – 2019. – № 2(26). – С. 254-262. 

10.Натиҷаи назарсанҷӣ доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" [манбаи электронӣ]. URL: http://www.din.tj/tj/node/399#sthash. PxliGXxS.dpbs (санаи истифодабарӣ: 19.07.2022).

11.Омӯзиш ва муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» [манбаи электронӣ]. URL: http://si-khatlon.tj/?p=1266 (санаи истифодабарӣ: 24.05.2022).

12.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21.12.2021 [манбаи электронӣ]. URL: http://www. president.tj/node/27417 (санаи истифодабарӣ: 24.03.2022).

13.Шарифзода, М.Ш. Национальное законода-тельство и важность правового упорядочения традиций, торжеств, обрядов и государственных праздников в Республике Таджикистан / М.Ш. Шарифзода // Известия Института философии, политологии и права имени А. Баховаддинова Академии наук Республики Таджикистан. – 2018. – №2. – С. 188-193.

 

Баҳромбеков В.А. - сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Яндекс.Метрика