Китобхона

ШАҒОЛ ВА ИДДАОИ ТОВУСӢ

✍Шағоле даруни хумрае аз рангҳои гуногун меравад; ва чун берун меояд, пӯстинаш рангину барроқ гашга буд.
Ҳамин амр мӯҷиби ғуруру худнамоии ӯ шуд. Ӯ ба дигар шағолҳо фахр мефурӯхт, ки оре, ман як товуси биҳиштиам, на шағол.
✍Шағолон, ки даъвои товус аз он шагол шуниданд, гуфтанд: Аз нишот аз мо карона кардаӣ, Ин такаббур аз куҷо овардаӣ? Шаголҳо газофу бепоя будани даъвои он шағолро хуб дарёфта буданд ва ба сухани ӯ вақъе намениҳоданд. Ва
ба ӯ мегуфтанд: -Ҳоло, ки ранги товуси гулистон ба худ бастаӣ, оё бонги товусро низ дорӣ ё ҳамчунон зуза

Академияи Гунди Шопур

Дар давраи ҳукмронии Сосониён дар шаҳри Аҳвоз аввалин Академия бо номи Академияи Гунди Шопур таъсис дода шуда буд, ки асосгузораш шоҳ Шопури II буд. Бо таклифу дархости ӯ олимони зиёди гуногунзабон аз марказҳои фарҳангии Шарқу Ғарб ба ин даргоҳи муқаддас ҷамъ оварда шуда буданд. Масалан шоҳ Шопури II табиби насронӣ Теодорусро аз Рим, Канакаи Ҳиндуро аз Ҳинд ва олимону файласуфони дигарро аз Юнон ба ин Академия даъват намуда буд ва барои фаъолияти пурсамари онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё намуда буд.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.
(Моддаи 30)

Абу алӣ Ибни Сино

Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард,
Нишоту айш ба дори бақо тавонӣ кард.

В-агар ба оҳи риёзат бароварӣ нафасе,
Ҳама қудурати дилро сафо тавони кард.

Зи манзилоти ҳавас гар бурун ниҳӣ гоме,
Нузул дар ҳарами кибриё тавонӣ кард.

В-агар зи ҳастии худ бигзарӣ, яқин медон,
Ки аршу фарши фалак зери по тавонӣ кард.

Валекин ин амали раҳравони чолок аст,
Ту нозанини ҷаҳонӣ, куҷо тавонӣ кард?

На дасту пои амалро фурў тавонӣ баст,
На рангу бўи ҷаҳонро раҳо тавонӣ кард.

"ТАДЖИКИ - СОЗИДАТЕЛИ ЦИВИЛИЗАЦИИ"

Славная история таджикского народа является великой школой самосознания и мы обязаны почитать её, изучать яркие страницы героизма и подвигов своих предков и утверждать их как основу идеи патриотизма и верности Родине.

"Мактутбҳо"-и Устод Айнӣ чоп шуд!

Ба ифтихори 145-солагии Устод Айнӣ "Мактубҳо"-и ӯ дар таҳия, тасҳеҳ ва таҳрири кормандони илмии Шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ - Анзурати Маликзод ва Гулбаҳор Усмонова ба табъ расид.

Аз саҳифаи Гулбаҳор Усмонова ва Анзурат Маликзода

"РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ"

Дар таърихи насри ирфонии форсу тоҷик чандин осори мӯътабаре мақом ва ҷойгоҳи хосе доранд, ки миёни онҳо "Рисолаи қушайрия" аз ҷумлаи таълифоти муҳимми насри сӯфиён ба шумор меравад.

Зодрӯзи Тоҷикистон зодрӯзи Айнӣ аст!

Зодрӯзи Тоҷикистон зодрӯзи Айнӣ аст,
Роҳи мо равшан зи шамъи дилфурӯзи Айнӣ аст.
(Рустами Ваҳҳоб)

145 сол пеш худованд ба миллати мо шахсеро офарид, ки ояндаи миллати моро созад. Ин шахс воқеан миллати моро аз маҳв шудан нигоҳ дошт. Гарчӣ душманони миллат ӯро қариб чун дигар намояндагони миллатамон нест мекарданд, зинда монд. Ба бахти миллат Устод Айнӣ аз нобасомониҳои давр бо хӯрдани зарбҳои чӯб ва ҳабсҳои душмани миллат бо сари баланд баромаданд. Иншои шаҳодатномаи халқ : "Намунаи адабиёти тоҷик" тавонистанд, ки миллати моро ба ҳама муаррифӣ намоянд.

Страницы

Яндекс.Метрика