ГУЛШАНИ АДАБ

Афлотун мегуяд:

Афроде, ки бо мо ҳамақида ҳастанд ба мо оромиш медиҳанд ва афроде, ки мухолиф бо ақидаи мо ҳастанд ба мо дониш.

Афлотун

Эй дареғ аз фикри хоми одамӣ...

❗Шомгоҳе дар раҳе будам равон,
Тан равону дил ба фикри обу нон.
Ман намедонам чунон шуд ё чунин,
Поям лағзид хӯрдам бар замин.
Раҳнаварде меҳрубон суям давид,
Дасти ӯ то зери бозуям расид.
Бехи гӯшам гуфт лангӣ, ё ки маст,
Ворасӣ кун бин куҷоҳоят шикаст.
Гуфтамаш на мастаму не алил,
Афтодам худ намедонам далил.
Ё гунаҳ аз кафш ё ки тақсир зи пой,
Дасти ман баргир то ки бархезам зи ҷой.
Дасти ман бигрифт бо дасти дигар,
Кисаам меҷуст то ёбад магар.
Ман дар ин фикрам, ки ӯ марди Худост,

Монандии қиссаи "Мӯсо (а) ва асои ӯ" дар фарҳанги динии ҳиндуҳо

Абурайҳони Берунӣ яке аз бузургтарин донишмандони ҷаҳониест, ки имсол дар саросари ҷаҳон 1050 солагии эшонро ҷашн мегиранд. Ӯ дар бештари илмҳо аз ҷумла, ҷуғрофия, таърих ва фалсафа осори зиёди арзишманде навиштааст. Яке аз бузургтарин осори ӯ “Фи таҳқиқ мо ли-л-Ҳинд”, ки бештари донишмандон онро ҳамчун “Ҳинд” ном мегиранд, мебошад. Берунӣ дар ин асараш доир ба тамоми урфу одат, дин, низоми ҳуқуқӣ ва ҳатто илмҳои забоншиносиву математика ва ғайраҳо маълумот додааст. 

АЗ СИЛСИЛАИ ПАНДҲОИ СУДМАНД

Девонае, ки Шайх Ҷунайдро таълим дод

Яке аз азизони Худо, орифи машҳур Шайх Ҷунайди Бағдодӣ, ки зикраш дар осори Аттору Саноиву Мавлоно ва дигар тазкиранависон омадааст, ба нияти сафар аз шаҳри Бағдод берун рафт. Муридони Шайх низ дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ намуданд. Шайх зимни дамгирӣ аз аҳволи Баҳлул ном шахс (ки зоҳиран хешро девона вонамуд мекард) пурсон шуд. Муридон хандида, гуфтанд: 

- Эй Шайх, Баҳлул марди девонаест. Шумо ба ў чӣ кор доред?

Ҷунайд гуфт: 

- Ўро пурсон карда, назди ман оред, ки кори муҳимме дорам. 

ФУРУХТАНИ ЧОРПОИ СУФӢ ДАР МИСОЛИ ТАҚЛИДИ КУР - КУРКУРОНА

Суфие дар хонақоҳ аз paҳ расид,

Маркаби худ бурду дар охур кашид.

Обакаш доду алаф аз дасти хеш.

На чун он суфӣ, ки мо гуфтем пеш.

 

Ин суфӣ марди амал буд, на ҳарф, худаш чорпояшро

обу ғизо дод ва темораш намуд. Он гоҳ ба ҷамъи суфиёни

хонақоҳ пайваст, ғофил аз он ки он суфиёни фақиру

тангдаст аз фишори гуруснагӣ тасмим гирифтаанд улоғи

меҳмони тозаворидро бифурушанд ва аз пули он таоме

САД ПАНДИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ БАР ФАРЗАНДИ АРҶМАНД

Лукмони Хаким марди ҳакиму табиби овозадоре будааст дар сарзамини  Шарқи наздик, ҳаргиз дурўғ намегуфт ва ба амонати касе хиёнат намекард. Ӯ марде амин будааст, ки чашм аз ҳаром фуру мебаст, аз адои ҳарфи носазо ва бемаврид парҳез мекард ва ҳеҷгоҳ домани худро ба гуноҳ наёлуда ва ҳамвора дар умури зиндагӣ шарти иффат ва ихлосро риоят мекард. Вақти фароғати худро ба сукут ва тафаккур дар умури ҷаҳон ва ва маърифати Ҳақ Таоло мегузаронад ва барои гузарондани умури зиндагӣ ба ҳарфи хайётӣ (чеварӣ) ва ё дуругарӣ машғул буд.

Мегӯянд мизи шодии ҷаҳон 4 поя дорад:

Мегӯянд мизи шодии ҷаҳон 4 поя дорад:

Дутоашро "Мавлоно" ба мо нишон дода.
Дутоашро "Ҳофиз".

Дутое, ки Мавлоно муъаррифӣ карда:
"Маранҷ" ва "маранҷон"
Ҳаргиз аз зулм ё бадхулқию бадрафтории мардум наранҷед бо сабурӣ бо дигарон ва наздиконатон бархӯрд кунед.
Ва монанди борон бошед, ки палидиҳоро мешӯяд ва дубора ба Осмон меравад пок мешавад ва ба Замин бармегардад

Шумо ҳам дарди дили дигаронро гӯш кунед.
Ҳақношиносиҳоро таҳаммул кунед ва оромишро фақат аз Худованд бихоҳед.

Ҳар дам аз умр меравад нафасе...

Ҳар дам аз умр меравад нафасе.
Чун нигаҳ мекунам, намонд басе.
Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ!
Магар ин панҷрӯза дарёбӣ?
Хиҷил он кас, ки рафту кор насохт.
Кӯси реҳлат заданду бор насохт,
Хоби нӯшини бомдоди раҳил,
Боздорад пиёдаро зи сабил.
Ҳар кӣ омад иморате нав сохт.
Рафту манзил ба дигаре пардохт.
B-он дигар пухта ҳамчунин ҳавасе,
В-ин иморат ба сар набурд касе.
Ёри нопойдор дӯст мадор.
Дӯстиро нашояд ин ғаддор.
Неку бад чун ҳаме бибояд мурд,
Хунук он кас ки гӯйи некӣ бурд…

Страницы

Яндекс.Метрика