Девонае, ки Шайх Ҷунайдро таълим дод
Яке аз азизони Худо, орифи машҳур Шайх Ҷунайди Бағдодӣ, ки зикраш дар осори Аттору Саноиву Мавлоно ва дигар тазкиранависон омадааст, ба нияти сафар аз шаҳри Бағдод берун рафт. Муридони Шайх низ дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ намуданд. Шайх зимни дамгирӣ аз аҳволи Баҳлул ном шахс (ки зоҳиран хешро девона вонамуд мекард) пурсон шуд. Муридон хандида, гуфтанд:
- Эй Шайх, Баҳлул марди девонаест. Шумо ба ў чӣ кор доред?
Ҷунайд гуфт:
- Ўро пурсон карда, назди ман оред, ки кори муҳимме дорам.
Муридон аз деҳаҳо ҷустуҷў карда, фаҳмиданд, ки дар кадом як саҳрое будааст ва Шайхро назди Баҳлул бурданд. Ҳангоме ки Шайх наздик рафт, дид, ки Баҳлул хиштеро зери сар ниҳода, хобидааст. Аз чунин коре дар ҳайрат монд ва бо овози баланд салом дод. Баҳлул аз ҷо хеста, ҷавоби салом доду пурсид:
Чӣ касе ҳастӣ?
Шайх гуфт: "Манам Ҷунайди Бағдодӣ".
Баҳлул пурсид:
Ҳамон Шайхе, ки мардумро иршод (раҳнамоӣ) мекунад?
Шайх ҷавоб дод: "Оре".
Баҳлул пурсид:
Одоби таъом хўрданро медонӣ?
Шайх гуфт: "Оре", медонам.
Аввал “Бисмиллоҳ” мегўям, аз пеши худ мехўрам, луқмаро хурд мегираму ба тарафи рости даҳанам мегузорам, луқмаро оҳиста мехоям, ба луқмаи дигарон назар намекунам, дар хўрдан аз ёди Худо ғофил намешавам, ҳар луқма, ки мехўрам, “Алҳамдулиллоҳ” мегўям, дар аввалу охири ғизо даст мешўям.
Баҳлул аз ҷо хеста, ту чӣ хел халқро раҳнамоӣ мекунӣ, ки одоби таъом хӯрданро намедонӣ? - гуфта, ба роҳи худ рафтан гирифт.
Муридон Ҷунайдро гуфтанд:
Эй Шайх! Ин мард девона аст, худро овора насозед!
Шайх Ҷунайд ба муридон рӯ оварду гуфт: "Девона ба кори хештан ҳушёр аст, сухани ростро аз девона бояд шунид".
Сипас, аз дунболи Баҳлул равон шуд. Баҳлул андаке роҳ рафта, ба замин нишаст. Шайх низ ба ў расида, наздик нишасту гуфт:
Эй Баҳлул, ман Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ҳастам, ки одоби таъом хўрданро намедонам.
Баҳлул пурсид:
- Оё одоби сухан гуфтани худро медонӣ?
Шайх гуфт: "Оре, медонам":
Суханро ба андозаи хеш мегўям,
бе мавқеъ ва беҳисоб ҳарф намезанам, ба қадри фаҳми шунавандагон мегўям,
мардумро ба шинохту итоъати Худову пайравӣ ба Расули акрам мехонам,
чандон намегўям, ки мардум аз ман малўл гарданд.
Баҳлул гуфт: "Инак фаҳмидам, ки одоби сухан гуфтанро ҳам намедонистаӣ".
Муридон гуфтанд:
- Эй Шайх, дидӣ, ки ин мард девона аст? Шумо аз одами девона чӣ мехоҳед? Шайх Ҷунайд бо оромӣ ҷавоб дод: "Маро бо ӯ корест, ки шумоён намедонед ва боз аз дунболи Баҳлул ҳаракат кард, то ба ў расид.
Баҳлул гуфт:
- Ту аз ман чӣ мехоҳӣ, эй Шайх? Оё аз одоби хўрдану аз одоби хобидан огоҳӣ дорӣ?
Шайх ҷавоб дод:
- Бале, огоҳӣ дорам:
Чун аз намози хуфтану витр ва дуъои онҳо фориғ мешавам, либоси хоб мепўшам, бо таҳорат хоб мекунам, "Бисмиллоҳ” мегўям, ба китфи рост мехобам, сураҳои “Фотиҳа" ва муъаввизатайн мехонам, субҳ бо китфи рост бархоста, шукри Худоро ба ҷо меорам.
Баҳлул инро шунида, гуфт:
- Фаҳмидам, ки одоби хобиданро ҳам намедонистаӣ ва азми хестан намуд. Шайх домани ҷомаи ўро гирифта, гуфт:
Эй Баҳлул, аз барои Худо, инҳоро ба ман таълим деҳ!
Баҳлул гуфт: "То ҳоло ки даъвои доногӣ мекардӣ, аз ту дӯрӣ меҷустам. Акнун, ки ба нодонии худ иқрор шудӣ, таълимат медиҳам. Инҳое, ки ту гуфтӣ, фаръ (дуюмдараҷа) аст. Асл дар таъом хўрдан он аст, ки таъом бояд ҳалол бошад, яъне, манбаи ба даст омадану худи он луқма ҳалол буданаш лозим аст. Агар луқмаеро, ки бо роҳи дуздӣ, зӯрӣ, фиреб, порахӯрӣ, рибо (судхўрӣ) ва ҳаққи тарозӯзанӣ ба даст оварда бошию ҳазор бор “Бисмиллоҳ" гўӣ ва садҳо навъ одоби таъомхўриро ба ҷой орӣ, фоидае надорад ва он сабаби торикии дил мешавад".
Шайх Ҷунайд аз ин ҷавоб хеле хушҳол шуда, гуфт:
- Худованд подоши некўӣ ба ту диҳад! Одоби сухан гуфтанро ҳам баён кун!
Баҳлул ҷавоб дод: "Дар сухан гуфтан бояд, ки дил пок бошад ва ният дуруст гардад. Мақсад аз сухан гуфтану насиҳат кардан маҳз барои Худо бошад, зеро агар аз барои ҳадафи дунёӣ сухан гўйӣ ё беҳуда ва ҳарза сухан гўйӣ, ҳар каломи ту вуболи гарданат мешавад. Дар чунин ҳангоме сукут ва хомўшӣ беҳтару некўтар аст.
Аммо одоби хобиданро ҳам бишнав. Албатта, ҳарфҳое, ки дар ин бора бар забон овардӣ, фаръ мебошанд ва асл ин аст, ки ҳангоми хобидан дар дили ту буғзу кина ва ҳасади мусулмонон набошад ва муҳаббати дунёву моли дунё дар дили ту набошад. Бояд, ки дар ҳангоми истироҳат ба зикри Ҳақ бошӣ, то ба хоб равӣ".
Шайх Ҷунайди Бағдодӣ дасти Баҳлулро бўсида, дуъои хайраш намуд.
Таҳияи М.Шодиев