ФУРУХТАНИ ЧОРПОИ СУФӢ ДАР МИСОЛИ ТАҚЛИДИ КУР - КУРКУРОНА

Суфие дар хонақоҳ аз paҳ расид,

Маркаби худ бурду дар охур кашид.

Обакаш доду алаф аз дасти хеш.

На чун он суфӣ, ки мо гуфтем пеш.

 

Ин суфӣ марди амал буд, на ҳарф, худаш чорпояшро

обу ғизо дод ва темораш намуд. Он гоҳ ба ҷамъи суфиёни

хонақоҳ пайваст, ғофил аз он ки он суфиёни фақиру

тангдаст аз фишори гуруснагӣ тасмим гирифтаанд улоғи

меҳмони тозаворидро бифурушанд ва аз пули он таоме

бисозанд ва диле аз ғизо дароваранд:

Хам дар он дам он харак бифрухтанд,

Лут оварданду шамъ афрухтанд.

Дар хонақоҳ валвала афтод, ки имшаб бисоти сур

густурда аст. Меҳмон низ назорагар буд ва суфиён бисёр

гиромиаш медоштанду муҳтарамаш мешумурданд,

Суфраро андохтанд,ғизоҳои рангорангро, ки аз пули

улоғи меҳмон фароҳам шуда буд, як ба як чиданд. Пас аз

сарфи ғизо мутриб шуруъ ба навохтану хондан кард:

Чун самоъ омад зи аввал то карон,

Мурид оғозид як зарби гарон.

«Хар бирафту хар бирафт» оғоз кард,

3-ин ҳарорат цумларо анбоз кард.

3-ин ҳарорат пойкубон то саҳар,

Кафзанон: «Хар рафт, хар рафт, эй писар».

То саҳар заданду кубиданд ва кафзанон мехонданд:

«Хар бирафту хар бирафту хар бирафт». Меҳмон аз

ҳама ҷо бехабар низ шодмон ба тақлид аз дигарон ҳамин

таронаро такрор мекард, бе он ки бидонад мақсуд чист?

Субҳ шуд. ҳама рафтанд ва хонақоҳ холӣ монд. Суфии

меҳмон низ азми рафтан намуд. Лавозимаш ҷамъ карду

ба охур рафт, аммо улоғашро надид. Бо худ гуфт: -Шояд

ходим уро бурдааст, то обаш бидиҳад.

Вакте ходим омад, суфӣ пурсид: -Улоғ куҷост?

Ходим гуфт: -Аз ришат хиҷолат бикаш.

Низоъ даргирифт.

Ходим омад. Гуфт суфӣ: -Хар куҷост?

Гуфт ходим: «-Реш бин». Ҷанге бихост.

Гуфт: -Ман харро ба ту биспурдаам,

Ман туро бар хар муваккал кардаам.

Ходим гуфт: -Суфиён бар ман ҳамла карданд ва ман

мағлуб шудам, харро ба зур гирифтанду бурданд ва

фурухтанд.

Суфӣ гуфт: -Пас чаро пеш аз он ки онҳо бираванд, ба

ман нагуфтӣ, то лоақал гиребони яке аз ононро бигирам

ва назди қозӣ шикоят барам. Алъон дастам ба ҳеҷ ҷо банд

нест.

Ходим гуфт: -Борҳо омадам, ки огоҳат кунам, аммо ту

хушҳолтар аз дигарон кафзанон мегуфтӣ: -Хар бирафт.

Гуфт: -Валлаҳ, омадам ман боруҳо,

То туро воқиф кунам з-ин корҳо.

Ту ҳамегуфтӣ, ки: -Хар рафт, эй писар,

Аз ҳама гуяндагон бозавқтар.

Суфӣ гуфт; -Ин балое буд, ки тақлиди кур-курона бар

сарам овард, ҳар чи онон гуфтанд, надониста такрор

кардам.

Дар ҳақиқат тамъи он суфӣ ва буи таом чароғи

ақлашро кур кард ва нагузошт бифаҳмад, ки онон хабар аз чӣ медиҳанд:

Мар-маро тақлидашон бар бод дод,

Ки дусад лаънат бар он тақлид бод!

Тамъи луту тамъи он завқу самоъ,

Монеъ омад ақли уро з-иттилоъ.

Сад ҳикоят бишнавад мадҳуши ҳирс,

Дар наёяд нуктае дар гўши ҳирс.|

Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз “Маснавии маънавӣ".

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ                                     Исоев Н.

 

 

Яндекс.Метрика