Ҳар дам аз умр меравад нафасе...

Ҳар дам аз умр меравад нафасе.
Чун нигаҳ мекунам, намонд басе.
Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ!
Магар ин панҷрӯза дарёбӣ?
Хиҷил он кас, ки рафту кор насохт.
Кӯси реҳлат заданду бор насохт,
Хоби нӯшини бомдоди раҳил,
Боздорад пиёдаро зи сабил.
Ҳар кӣ омад иморате нав сохт.
Рафту манзил ба дигаре пардохт.
B-он дигар пухта ҳамчунин ҳавасе,
В-ин иморат ба сар набурд касе.
Ёри нопойдор дӯст мадор.
Дӯстиро нашояд ин ғаддор.
Неку бад чун ҳаме бибояд мурд,
Хунук он кас ки гӯйи некӣ бурд…
Умр барф асту офтоби тамуз,
Андаке монду хоҷа ғарра ҳанӯз.
Эй тиҳидаст, рафта дар бозор.
Тарсамат барнаёварӣ дастор.
Ҳар ки мазрӯи худ бихӯрд хавид,
Вақти хирман-ш хӯша бояд чид.
✍️Саъдии Шерозӣ -
"Гулистон".

Яндекс.Метрика