Мақола

Натанҳо пизишкӣ, муҳандисӣ ва наққошӣ ҳунар аст, балки зистан низ худ ҳунар аст

Натанҳо пизишкӣ, муҳандисӣ ва наққошӣ ҳунар аст, балки зистан низ худ ҳунар аст.

Ва дар ҳақиқат муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин ва печидатарин ҳунаре аст, ки инсон таҷриба мекунад.

Ҳадафи ин ҳунар, анҷоми кори махсусе нест, балки ҳадафи он зиндагии шоёни таҳсин ва парвариши истеъдодҳои зотӣ аст.

Дар паҳнои ҳунари зистан, инсон ҳам ҳунарманд аст ва ҳам маҳсули ҳунар, ҳам пайкартарош аст ва ҳам санги мармар, ҳам пизишк аст ва ҳам бемор.

Бознашр аз китоби “Инсон барои хештан”

Эйрих Фром

ҚОНУНИ МИЛЛӢ - САОДАТИ ЗИНДАГӢ

Агар ба авроқи сабткардаи таърих нигарем, ҳама гуна пешрафту тараққиёти ҷомеаро маҳз дар танзиму тартиботи ҷамъиятӣ мебинем. Танзим аст, ки ҷомеа дар маҷрои муайян идора карда мешавад. Танзими умури ҷамъиятӣ маҳз бо қабули қонуну қарорҳои давлатӣ имконпазир мегардад. Бинобар ин, дар ҳар давру замон идоракунии муносибатҳои ҷамъиятиро маҳз тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ роҳандозӣ кардаанд. 

Аз таҳлилҳои коршиносон маълум гаштааст, ки барои қабули ҳама гуна қарорҳои сиёсию давлатӣ маҳз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату сарҷамъии ҷомеа имкон додааст. 

Шарҳи Алӣ Қорӣ ба “Фиқҳи Акбар”-и Имом Абӯҳанифа

Имом Абӯҳанифа дар силсилаи ниёкони барӯманди мо мақоми намоёнро бо афкору андешаҳои фиқҳии худ ба даст оварда, миёни олимону фақеҳони исломӣ бо андешаву дидгоҳҳояш ном баровард. Агарчи нигоҳи фиқҳӣ ва андешаҳои илмии эшон аз имомони дигари аҳли суннат ва ҷамоат имтиёз дошт, аммо дар масоили эътиқодӣ аз дигар намояндагони ин мазҳаб фарқи назаррасе надоштанд. Имоми Аъзам аз нахустин донишмандоне буд, ки барои дифоъ аз ақидаи аҳли суннат дар муқобили намояндагони мазоҳиби эътиқодии гуногун қиём кард. Ҳамин буд, ки ҳамаи таълифоти Имом ба ин илм ихтисос ёфта буд (4.290).

Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он

Мазҳаби ҳанафӣ, ки онро наслҳо пазируфтаанд ва олимон мавриди омўзиш қарор дода, дар асоси усулу қавоиди истинботнамудаи он ҳали масоилро дарёфт намудаанд,танҳо аҳволи худи Абўҳанифа нест, балки он иборат аз суханони ёронаш мебошад. Ва метавони бигўӣ ки ин аҳволи мактаби Абўҳанифа буд, ки дар Куфа таъсис ёфта, шогирдонаш пас аз марги ў ин мактабро ба Бағдод интиқол доданд. Барои чӣ чунин омехтагӣ ба миён омадааст. Чаро мазҳаби Абўҳанифа дар алоҳидагӣ барпо нагашта, чи хеле ки аҳволи Молик ва Шофиъӣ дар алоҳидагӣ ҷудо гаштаанд?!

Ҷаҳонишавӣ ва масъалаҳои рушди забони миллӣ

Равандҳои ҷаҳонишавии замони муосир дурустии таълимоти марксистиро дар бораи нақши муайянкунанда доштани зербино дар рушди ҷомеа ва таъсири қавии он бори дигар амалан собит намуда истодаанд. Имрӯзҳо равшан мушоҳида карда мешавад, ки кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ қавӣ дар як вақт ба рушди забони миллии худ низ ноил гардидаанд ва пайваста дар пайи васеъ гардонидани фазои истифодаи он ҳастанд. Барои васеъ гардонидани фазои истифодаи забонашон кишварҳои мазкур аз буҷаҳои давлат маблағҳои калонро низ сафарбар намуда истодаанд.

 

Забон ва таърих

Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Эмомалӣ Раҳмон

 

Забон аз муҳимтарин мероси ба мо расида мебошад. Аз ин рӯ, боястӣ дар ҳифзу гиромидошти он аз ҳеч хидмате дареғ наварзем. Агар ба саҳифаҳои таърихи миллӣ назар афканем, хоҳем дид, ки забон нақши муассир дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мо ифо кардааст.

 

ЗАБОН - ҲАСТИИИ МИЛЛАТ

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рузгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,

Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

 

Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳилаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

РУКНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ АБАДАН ПОЯНДА БОД

Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.
Давлате аз ҳарфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин.
Аз чунин шеъре, ки ҳар як мисрааш
Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,
Равзани нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.
Бозор Собир

Страницы

Яндекс.Метрика