Имом Абӯҳанифа дар силсилаи ниёкони барӯманди мо мақоми намоёнро бо афкору андешаҳои фиқҳии худ ба даст оварда, миёни олимону фақеҳони исломӣ бо андешаву дидгоҳҳояш ном баровард. Агарчи нигоҳи фиқҳӣ ва андешаҳои илмии эшон аз имомони дигари аҳли суннат ва ҷамоат имтиёз дошт, аммо дар масоили эътиқодӣ аз дигар намояндагони ин мазҳаб фарқи назаррасе надоштанд. Имоми Аъзам аз нахустин донишмандоне буд, ки барои дифоъ аз ақидаи аҳли суннат дар муқобили намояндагони мазоҳиби эътиқодии гуногун қиём кард. Ҳамин буд, ки ҳамаи таълифоти Имом ба ин илм ихтисос ёфта буд (4.290). Аз ҷумла рисолаҳое чун «ал-Фиқҳ ал-акбар», «ал-Фиқҳ ал-абсат», «Рисолату-л-Имоми Абиҳанифата ило Усмон ал-Баттӣ», «ал- Олим вал - мутааллим» ва «ал-Васия» мебошанд. Аз миёни ин таълифот машҳуртарини он рисолаи «Фиқҳи акбар», ки дар аксари сарчашмаҳо дар сархати таълифоти Имом шуморида шудааст. Зоҳиран, Имом бо ин ном ду рисола дошт, ки баъдан якеро «ал-Фиқҳ ал-абсат» (яъне «Фиқҳи оддитар») ном кардаанд. Муҳтавои ин ду рисола дар маҷмӯъ аз ҳам фарқи зиёд надорад. Аммо мундариҷаи «Фиқҳи акбар» фарохтар буда, масоили бештареро дарбар гирифтааст. «Фиқҳи абсат» бошад, ба услуби пурсу посух нигошта шуда, дар он бештар ба масъалаи қазову қадар таваҷҷуҳ карда шудааст. Имом онро дар ҷавоби номаи шогирди хеш Усмони Баттӣ навишт.
Рисолаи «Фиқҳи акбар» бошад, қариб ҳамаи масоили эътиқодиро шомил буда, воқеан ифодагари ақидаи Имом Абӯҳанифа мебошад. Имом дар ин рисола ақидаҳои хешро ба таври возеҳу равшан ва дур аз ибҳом баён намуд. Имом Абӯҳанифа ақоиди хешро дар ин китоб гирдоварӣ намуд, ки баёнгари мавқеи эшон аз масоили эътиқодӣ мебошад. Ақидаи Имом Абӯҳанифа аз сарчашмаи асили шариати исломии Қуръон ва Суннат об мехӯрад. Ҳамаи аркони имон ва масоили умдаи эътиқодӣ дар ин китоб бар асоси фаҳмиши саҳобагону тобеъин ба таври саҳлу осон ва мухтасар баён гардидааст. Имом дар ин китоб ҳангоми баёни ақидаи хеш далелҳоро ба тафсил баён накардаанд. Ба ҷуз ду мавзеъ, ки дар он ояти қуръонӣ ҳамчун шоҳид оварда шудааст. Яке дар баёни сифати «калом», ояти 164 аз сураи Нисо ва дигарӣ «дар баёни он ки сифоти Худо мисли сифоти махлуқот нест» ояти 11 аз сураи Шӯро зикр шудааст. Яъне дар маҷмӯъ эътиқоди Имоми аъзам аз дигар имомони аҳли суннат дар масоили усули дин фарқ надорад. Масалан, дар мавзӯи таъвили асмо ва сифоти Худованд пойбанди ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат буда, чунин мегӯяд: «Ӯ таъоло дорои сифоте аст, ки бе чуну чаро мебошанд ва таъвилро намепазиранд» (3.92).
Ҳастанд баъзе масълаҳое, ки Имом дар он нигоҳи хоссаи худро дошт, ки бар асоси он мактаби эътиқодии ҳанафӣ таъсис ёфт. Масалан, таъбири Имом дар масъалаи имон аз дигар имомони аҳли суннат ва ҷамоат фарқ мекунанд. Зеро ақидаи Имом дар масъалаи имон чи тавре, ки дар «Фиқҳи акбар» омада, чунин аст, ки иқрори ба забон ва тасдиқ бо қалб аст. Имомони дигари аҳли суннат ба монанди Имом Молику Шофеъӣ, Аҳмаду Авзоъӣ ва ғайра имонро иборат аз тасдиқи қалб, иқрори забонӣ ва амали зоҳирӣ яъне аъзо медонанд. Аммо онҳо низ касеро, ки амал намекунад, мутобиқи даъвояшон бо ҷурми тарки яке аз аркони имон аз дин берун намешуморанд. Дар баробари ин, Имом Абӯҳанифа низ тарккунандаи амалро саҳл намешуморад. Зеро бо иттифоқи ҳамаи имомон шахсе, ки муртакиби гуноҳи кабира гаштааст, аз дин хориҷ намешавад, балки бадкору фосиқ шуморида мешавад.
Аз ин рӯ, ихтилофи назарҳо миёни Имом Абӯҳанифа ва дигар имомони мазҳаби аҳли суннат дар ин масъала лафзӣ буда, дар самими он ба ҳам омадаанд. Боқӣ масъалаҳои эътиқодӣ, ки дар “Фиқҳи акбар” баён шудааст, бар асоси мазҳаби саҳобагону тобеъин бунёд гардидааст. Дар баробари баёни аркони имон дар ин китоб боз доир ба чунин масоил ибрози назар шудааст:
Мӯъҷизоти Паёмбар ва каромоти авлиё, дидори Худо дар Қиёмат аз ҷониби мӯъминон, маънои имон, фарқ миёни «имон» ва «ислом», дар дараҷаву мақом баробар будани оятҳои қуръонӣ, мақому манзалаи саҳобагон хусусан хулафои рошидин, фарзандони Паёмбар (с), мавқеъи Имом Абӯҳанифа нисбат ба мавзӯи гуноҳони кабира, шафоати Паёмбар дар рӯзи қиёмат, азоби қабр, хабари меъроҷ, нишонаҳои қиёмат ва ғайра.
Дар маҷмӯъ ақоиди Имом Абӯҳанифа дар ин китоб ба таври возеҳу равшан баён гардидааст. Агарчӣ Имом Абӯҳанифа (р) худ донандаи хуби илми калом буд, аммо истифодаи онро намеписандид. Аз ин ҷост, ки баъзе муҳаққиқон ибороти «ҷавҳар» ва «араз», ки дар баъзе нусхаҳои китоби Фиқҳи акбар ба чашм мерасад, аз иловаҳои носихон ва хаттотон шуморидаанд. Имом аз истифодаи ин услуб шогирдони худро манъ мекарданд, ки қиссаи фарзандашонро аз баҳси илми калом манъ карданашон гувоҳӣ ин гуфтаҳост.
Ин асари Имом Абӯҳанифа (р) аз ҷониби аксари олимон шарҳ карда шудааст, ки шумораи он то понздаҳ мерасад. Аксари ин шарҳҳо ҳанӯз дар шакли дастхат боқӣ мондаанд, ба ҷуз шарҳи Мулло Алӣ Қорӣ ва шарҳи Мағнисовӣ, ки рӯйи чопро дидаанд. Аз ҷумлаи шарҳҳои он инҳо мебошанд:
•Ал-Ҳикмату-н-набавия, шореҳ Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исмоил, (соли вафот 342)
•Ад-Дурр-ул-азҳар фӣ шарҳи-л-фиқҳ-ил-акбар, Шайх Абдулқодири Гелонӣ, (соли вафот 561ҳ.)
•Шарҳ-ул-фиқҳи-л-акбар, Илёс Ибни Иброҳими Синӯбӣ (соли вафот 891)
•Шарҳ-ул-фиқҳ-ил-акбар, ки бо номи Шарҳи Абулмунтаҳо шуҳрат дорад, Аҳмад ибни Муҳаммад Мағнисовӣ (соли вафот 1000).
Аз ҷумлаи шарҳҳои машҳуртарини ин асар китоби «Минаҳу-р-равзи ал-азҳар» мебошад, ки аз тарафи муҳаддис ва фақеҳи номдори мазҳаби ҳанафӣ Алӣ ибни Султонмуҳаммади Қорӣ таълиф шудааст. Ин олим дар Ҳирот ба дунё омада, сипас ба Маккаи мукаррама кӯчид ва ҳамон ҷо аз олам гузашт. Овардаанд, ки ҳар соле барои будубоши худ мусҳафе китобат мекард ва онро фурӯхта бо маблағи он қути солонаашро муҳайё мекард. Дар тӯли ҳаёти худ зиёда аз сад китоб ба таълиф расонид, ки мавзӯъоти гуногунро мисли тафсир, ҳадис, фиқҳ, ақида ва ғайраро шомил мебошанд.
Мулло Алӣ Қорӣ дар шарҳи хеш ба Фиқҳи акбар аз сарчашмаҳои дигар бештар ба китоби худи Имом бо номи «ал-Васия» истинод меорад. Агарчи дигар таълифоти Имом низ ба масоили эътиқодӣ бахшида шудааст, Алӣ Қорӣ аз он танҳо ба истинод ба ин асар иктифо кардааст. Аз ҷумла дар саҳифаҳои 71, 94, 98, 99, 115 ва ғайра, ки дар маҷмӯъ 11 мавзеъро ташкил медиҳанд, аз ин рисола иқтибос шудааст. Зоҳиран аз он иқтибосҳое, ки аз рисолаи «ал-Васия» оварда шудааст, фаҳмида мешавад, ки назари Имом ба масъалаҳои муҳими эътиқодӣ дар ин рисола нисбатан ба таври возеҳу равшан баён шудааст. Масалан, Алӣ Қорӣ дар садади шарҳи сифоти муташобиҳа, ки дар «Фиқҳи акбар» омадааст, ба «ал-Васия» истинод мекунад ва мегӯяд: «Имом дар “ал-Васия” гуфт: Сипас иқрор мешавем, ки Худованд бар арш истодааст, бидуни он ки ба он ниёз дошта бошад ва бар он қарор гирифта бошад. Зеро Ӯ таъоло нигаҳбони аршу дигар махлуқот мебошад. Агар Ӯ таъоло мӯҳтоҷ мебуд, ҳаргиз оламро офарида наметавонист ва ба тадбири он мисли махлуқот қудрат намедошт. Агар ба нишастану қарор гирифтан ниёзманд гашта бошад, пас пеш аз офаридани арш Худо куҷо буд?!!! Бешак Худо аз ин гуна афкору ақоид поку муназзаҳ ва болову воло аст». (3.94-95) Ҳамин тавр дар мавридҳои зарурӣ шореҳ барои тавзеҳи масоили мазмуни матн ба рисолаи «ал-Васия» муроҷиат менамояд.
Китоби дигаре, ки Алӣ Қорӣ ҳини шарҳи масоил бештар ба он такя мекунад, рисолаи «ал-Ақида ат-таҳовия», ки миёни аҳли таҳқиқ аз эътимоди тамом бархӯрдор мебошад. Ин рисола аз тарафи муҳаддис ва фақеҳи машҳури ҳанафии садаи саввуми ҳиҷрӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Саломаи Таҳовӣ таълиф шудааст ва он ба гуфтаи худи муаллиф «баёни ақидаи фақеҳони миллат Абӯҳанифа, Абӯюсуф ва Муҳаммад мебошад» (6.3). Алӣ Қорӣ ҳини шарҳи хеш ба масоиле чун «таъвил» «мафҳуми дин» ва ғайра аз рисолаи мазкур иқтибос меорад (3.40,189).
Ин асар дар баробари баёни масоили эътиқодӣ шомили фатвои бархе аз имомони мазҳаби ҳанафӣ мисли Имом Абӯюсуф ва Муҳаммад дар масъалаҳои мухталиф ва гуфтори пандомезу ибратбахш мебошад.
Мулло Алӣ Қорӣ шарҳи хешро ҳамчун анъана бо ҳамду ситоиши Худо ва дуруду раҳмат ба Паёмбари Ӯ оғоз мекунад. Сипас пеш аз ворид шудан ба шарҳ дар бораи илми калом ва суду зиёни он сухан карда, андешаҳои хешро бо далелу бурҳони қотеъ ба субут мерасонад. Дар охири гуфтори хеш дар мавзӯи илми калом Мулло Алӣ Қорӣ чунин хулоса мекунад: Хулосаи калом ва асли мақсад ин аст, ки ақоиди саҳеҳ ва ҳар далели сареҳ, ки онро тақвият мебахшад, ҳамон тавре, ки дар қалби аҳли дин таъсир мерасонад ва камоли имону яқинро ба бор меорад, инчунин ақидаҳои ботил низ қалбро таъсир ва онро сахт ва аз ҳузури Худо дур мекунад. Бар замми ин боз онро сиёҳ, яқинро заъиф ва динро дучори бесуботӣ месозад. Балки он қавитарин омили оқибати бад мебошад (Худо мову шуморо аз он нигаҳ дорад) (3.29).
Аммо Мулло Алӣ Қорӣ ҳини баёни масъалаҳо ва шарҳи мавзӯъоти гунонун ночор худ ба васоили каломӣ даст мезанад ва истилоҳоти онро ба кор мебарад. Масалан, истилоҳоте мисли «Воҷибалвуҷуд», «Мумкинулвуҷуд» ва «Мустаҳилулвуҷуд» (3.48-50).
Ин шарҳи Фиқҳи акбар нисбат ба дигар шарҳҳо миёни аҳли илм шуҳрати бештаре дорад, ки ин худ баёнгари мақому манзалати илмии он мебошад. Шарҳи мазкур борҳо рӯйи чопро дидааст ва аз тарафи муҳаққиқони гуногун низ таҳқиқ шудааст. Аз он ду нусхаи чопӣ, ки мо дар даст доштем, ба хулосае омадан мумкин аст, ки нусхаҳои мухталифи ин асар низ вуҷуд доштааст. Аммо дар маҷмӯъ ба ҷуз костагиву нуқсон, ки дар баъзе нусхаҳо ба чашм мерасанд, боқӣ аз ҳамдигар фарқи назаррасе надоранд. Масалан, дар нусхае, ки зери таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Дандал рӯйи чопро дидааст, масъалаи «дар ҳоли кофир будан аз олам гузаштани волидони Расули Худо (с)» ба чашм намерасад. Шояд аз ҳамин лиҳоз баъзе муҳаққиқон ҳадс задаанд, ки «эҳтимолан, Алӣ Қорӣ дар шарҳи хеш аз нусхае истифода бурдааст, ки дар он ин ибора (ибораи фавқуззикр) ҷой надорад».
Аммо дар нусхаи дигар, ки аз тарафи Шайх Марвон Муҳаммад Шаъъор таҳқиқ шуда, ба чоп баромадааст, ин ибора бо шарҳи муфассали Алӣ Қорӣ ҷой дорад (3.220-221). Боз фарқи дигаре, ки дар баъзе нусхаҳо дида мешавад, ҳазфи он чӣ метавон онро «Ақоиди Мулло Алӣ Қорӣ» номид, мебошад. Алӣ Қорӣ баъди шарҳи матни рисолаи «Фиқҳи акбар» андешаҳои хешро оид ба масъалаҳои муайяни ақидавӣ ба тафсил баён намудааст. Он аз ҷумлаи масъалаҳои «Бартарӣ миёни паёмбарон, бартарӣ миёни саҳобагон баъди хулафои рошидин, бартарӣ миёни занон, расидани манфиати дуои зинда ба шахси мурда, таъсири шайтон ба банда, таъсири сеҳру ҷоду ба банда, тавба ва шартҳои он куфри ошкор ва киноя ва ғайра»-ро дарбар мегирад, ки дар маҷмӯъ ба андозаи ҳаҷми шарҳи рисолаи шарҳшудаи Имом мебошад.
Ин мулҳақот, ки онро Алӣ Қорӣ баъди шарҳи «Фиқҳи акбар» баён намудааст, худ ифодакунандаи онаст, ки шореҳ дар масоили ақидавӣ дар кадом мақом қарор дошт. Бе сабаб нест, ки аз миёни зиёда аз понздаҳ шарҳе, ки ба рисолаи мазкури Имом таълиф шуда буд, танҳо ҳамин шарҳ мақоми намоён ва муътабарро касб кард ва то ҳанӯз зери таҳқиқоти мухталиф рӯйи чопро дида истодааст. Баъди қарнҳо шахсияте дар мисоли Алӣ Қорӣ андешаҳои ақидавии Имомро дар шакли шарҳи «Фиқҳи акбар» ба оламиён муаррифӣ кард ва ҳамон тавре, ки Имом дар аҳди хеш бо ин роҳ аз ҳақ дар муқобили андешаҳои мактабу мазоҳиби мухталиф дифоъ карда буд.
Адабиёти истифодашуда:
1.Абӯзаҳра Муҳаммад. Абӯҳанифа ҳайотуҳу ва асруҳу. – Қоҳира, Дор-ул-фикр ал-арабӣ, 1948.
2.Алӣ Қории Ҳанафӣ. Шарҳу китоб ал-Фиқҳ ал-акбар. Таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Дандал. – Байрут, Дор-ул-кутуб ал-илмия, 1995.
3.Алӣ Қории Ҳанафӣ. Шарҳ ал-фиқҳ ал-акбар. Таҳқиқи Марвон Муҳаммад Шаъъор. – Байрут Дору-н-нафоис, 1998.
4.Fоваҷӣ Ваҳбӣ Сулаймон. Абӯҳанифа ан-Нуъмон имом-ул-аиммати ва-л-фуқаҳо. – Димашқ, Дору-л-қалам, 1999.
5.Ибни Надим. ал-Фиҳрист. – Бейрут, Дору-л-маърифат, 1978.
6.Таҳовӣ Аҳмад ибни Муҳаммад. Баёну ақидати аҳл ас-суннати ва-л-ҷамоат. – Байрут. ар-Рисола, 2001.
7.Халифа Ҳоҷӣ. Кашф-уз-зунун. – Байрут, Дор-ул-кутуб, 1993.
Рустам Азизӣ – муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон