Мақола

Паём - таҳкимбахши маънавиёти ҷомеа

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи илму маориф мувофиқи меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеаи башаррӣ роҳандозӣ карда шудааст.

ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шаҳри Душанбе, 23 декабри соли 2022

Паём ба Маҷлиси Олӣ барои пешрафти давлату миллат саҳми муҳим дошта, бинобар ин масъалаҳои муҳими давлатӣ дар он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ироа мешаванд. 

Паём ба Маҷлиси Олӣ барои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муҳим арзёбӣ шудааст ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

Меҳнати содиқона – асоси пешравиҳо

Бешак мазмуну мундариҷаи Паёми имсола аз Паёмҳои пешин хеле фарқ дошт. Ҷиҳати асосии фарқкунандаи Паёми имсола дар он ифода меёбад, ки дар он дастоварду пешравиҳои зиёде зикр гардиданд. Воқеан ҳам,  дар ҳолате,ки аксари кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳонро мушкилоти мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ фаро гирифтааст, ноил гардидан ба пешравиҳои назаррас дар самти рушди саноат, хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардум кори осон нест.

ТАҲАВВУЛИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТУНДГАРОИИ ДИНӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

Дар вазъияти кунунӣ густариши босуръати равандҳои ҷаҳонишавии дар дунё баамалоянда боиси сар задани як қатор хатарҳои ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили бӯҳрони экологӣ, шиддат гирифтани низоъҳои этникӣ, проблемаҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ мегардад. Яке аз падидаҳои нохуш ва хатарнок дар шароити имрӯза масъалаи ифротгароӣ буда, давраи инкишоф ва таҳрик ёфтани он бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст.

ЗИНДАГИНОМА ВА ОСОРИ ИЛМИИ НАСАФӢ

Имом Абуҳафси Насафӣ Наҷмиддин Абуҳафс Умар ибни Муҳаммади Насафии Ҳанафӣ (461-537ҳ.) маъруф ба муфтии Сақалайн, яке аз уламои бузурги ислом дар қарни панҷум ва шашуми ҳиҷрӣ мебошад ва дар фиқҳ, тафсир, ҳадис ва илми калом (ақида) осори маъруфе дошта аст. Имом Насафӣ шояд ба он андозае, ки дар байни уламои араб маъруф будааст, дар байни форсизабонҳо маъруф набуд. Далилаш ҳамин аст, ки бештари китобҳои худро ба забони арабӣ навиштааст.

Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он (қисми шашум)

Қавлҳо дар мазҳаби ҳанафӣ зиёду гуногун аст ва аз сабаби гуногунии ақвол ҳукмҳо низ гуногун гаштаанд.
Ривоятҳо аз Абўҳанифа ва ёронаш мухталиф омадаанд.Гоҳе ҳукми як масъаларо бо ду ривоят бо ҳам зид меоваранд. Худи имомони мазҳаб низ ихтилоф намуданд.

Хосиятҳои илмии сарчашмаҳои ҳуқуқии мовароуннаҳрӣ дар асрҳои миёна ва муқоисаи онҳо бо дигар оилаҳои ҳуқуқӣ: умумиятҳо ва вижагиҳои миллӣ

Мухтасар оид ба оилаи ҳуқуқии мусулмонӣ

Амнияти давлат аз ҳимояи марзу буми он сар мешавад

Моҳи  ноябри соли 2022 мақолаи А. Раҳнамо дар  мавзӯи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии  Тоҷикистон   кишвари  таҷовузгар  нест?” интишор  шуд, ки аз ҷиҳати таърихию ҷуғрофӣ ва дар  асоси қонунияти  мавҷудаи  байналмилалӣ  бо  истифодаи далелҳои  муътамад, баҳси  ҷониби  Ҷумҳурии  Қирғизистонро оиди қитъаҳои алоҳидаи сарҳади  давлатӣ   ҳамчун   фарзияи  беасос исбот  менамояд.

Страницы

Яндекс.Метрика