Моҳи ноябри соли 2022 мақолаи А. Раҳнамо дар мавзӯи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” интишор шуд, ки аз ҷиҳати таърихию ҷуғрофӣ ва дар асоси қонунияти мавҷудаи байналмилалӣ бо истифодаи далелҳои муътамад, баҳси ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистонро оиди қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатӣ ҳамчун фарзияи беасос исбот менамояд.
Бояд зикр намуд, ки мақолаи мазкур дар давраи аз баҳсҳои марзӣ яке аз беҳтарин сарчашмаҳои боэътимод ба ҳисоб рафта, бо омӯхтани он тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сурати тарҷума ва муаррифӣ шудани он, тамоми мардуми минтақа ва ҷаҳон, сарфи назар аз дараҷаи маълумотнокӣ, мансубияти миллӣ, мазҳабию нажодӣ, оид ба масъалаи мазкур иттиллои пурра гирфта, хулосаҳои зарурӣ мебароранд.
Чуноне,ки аз таҳлили раванди мазкур, маводҳои дар воситаҳои ахбори омма паҳн мешуда, маводҳои шабакаҳои интернетӣ бармеояд, ҷониби Қирғизистон, аз роҳбарияти олиии он сар карда, то шаҳрвандони оддии он ба мансубияти қитъаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраҳои гуногун бо сабабҳои хоҷагию маишӣ ба тарафи Ҷумҳурии Қирғизистон вогузор шуда буданд, бе дидгоҳи таърихию ҳуқуқӣ муносибат намуда, танҳо дар асоси эҳсосот, бе истифодаи далелҳои асоснок, назари манфӣ зоҳир намуда, ин қитъаҳоро мансуби кишвари худашон медонанд.
Дар муайян намудани марзҳои байни давлатӣ, давлатҳо ҳама вақт ба ҳучҷҷатҳои эътирофшудаи байнидавлатӣ,ки дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ ва қонунҳои байналмилалӣ таҳия ва тасдиқ шудаанд, такя намуда, сарҳадҳои худро муайян ва аломатгузорӣ менамоянд.Чуноне,ки А.Раҳнамо қайд менамояд, ягона ҳуҷҷатҳои эътимоднок дар масъалаҳои муайян намудани гузариши сарҳади давлатӣ ин ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932, 1958-59, ва соли 1989 ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия ва тасдиқ шуда, тамоми масъалаҳои мансубияти қитъаҳои наздисарҳадиро ба таври возеҳ ва бо далелҳои раднопазир муайян намудаанд. Дар баробари ин муаллиф нишон додааст, ки бо дахолати ҷонибҳои манфиатхоҳ, “имкони аз як масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст”.
Ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ин дахолати ҷонибҳои манфиатхоҳро бе таҳлили амиқ ва пешомади ногувор, дастак намуда, мехоҳад баҳси беасоси марзиро ба сифати “корти сиёсӣ” барои амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни худ истифода барад.
Воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи ҳудуд дар доираи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва далелҳои ҳақиқӣ корҳоро роҳандозӣ намуда, сухан на дар бораи ғасби хоки кишвари ҳамсоя, балки сухан оиди ҳимоя ва озодсозии хоки ватан ва ё рондани кишвари ғосиб аз қаламрави қонунии кишвари худ меравад.Хуллас дар баробари дигар ҳушдорҳо, мақолаи Раҳнамо А. ба миллати тоҷик ва шаҳрвандони кишвар ҳушдор медиҳад, ки дар баробари ҳамлаҳои лафзию иттилоотӣ ва ҳатто ҳамлаҳои низомию таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон истодагарӣ намуда, истиқлолият ва якпорчагии кишвари худро баъди ҳазор соли парокандагӣ, ҳифз ва таъмин намоянд.
Қурбоншоев Илҳом Ҷумаъхонович - мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ