Меҳнати содиқона – асоси пешравиҳо

Бешак мазмуну мундариҷаи Паёми имсола аз Паёмҳои пешин хеле фарқ дошт. Ҷиҳати асосии фарқкунандаи Паёми имсола дар он ифода меёбад, ки дар он дастоварду пешравиҳои зиёде зикр гардиданд. Воқеан ҳам,  дар ҳолате,ки аксари кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳонро мушкилоти мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ фаро гирифтааст, ноил гардидан ба пешравиҳои назаррас дар самти рушди саноат, хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардум кори осон нест. Таъмини рушди иқтисодиёт дар ҳаҷми 8% яке аз дастовардҳои беҳтарин дар солҳои охир ба шумор рафта, муҷиби асосии беҳшавии вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар мебошад. Ҳамин рушди иқтисодиёт сабаб гардидааст, ки аз соли 2023 маоши кормандони ҳамаи соҳаҳои буҷавӣ бо шумули нафақахӯрон аз 20 то 25% зиёд гардад.  

Хеле хурсандибахш аст, ки кишвари мо новобаста аз 93% кӯҳсор будан ва новобаста аз зиёдшавии аҳолӣ имрӯз мардуми худро бо маҳсулоти хӯрока қариб пурра таъмин менамояд ва ҳатто барои содир намудани баъзе навъҳои хӯрока иҷозат низ додааст. Боиси қаноатмандӣ ва дилгармии ҳар фарди маърифатпарвар бояд бошад,  ки дар кишвар шумори мактабҳои таълимии муосир, ки аз мактабҳои даврони шуравӣ аз ҳар ҷиҳат фарқ намуда, шомили шароитҳои хубтарини таълиму таҳсил мебошанд, сол ба сол зиёд шуда истодаанд. Барои тамоми аҳли ҷомеа бояд як хушнудию фараҳёбии зиёд бошад, ки Пешвои миллат ҷиҳати таъмини ҳатто деҳаҳои дурдаст бо бунгоҳи тиббию майдончаҳои варзишӣ дастур доданд ва ҳатто амр доданд, ки масъалаи қитъаи заминро дар иҷрои ин супориш баҳона наоваранд. Супориши мазкур бори дигар дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доштани масъалаи саломатии мардуми кишвар ва аз ҷумлаи масоили умда маҳсуб ёфтани  масъалаи иҷтимоӣ дарак медиҳад.   Президенти кишвар баъд аз зикр намудани дастовардҳои назаррас дар иқтисодиёт ба аҳли маҷлис муроҷиат намуда, махсус пурсиданд: сабаби асосии дастовардҳои назарраси мо дар соли сипаришуда дар чӣ ифода меёбад? Пешвои миллат боз худ ҷавоб гардонданд: меҳнати содиқона! Дар воқеъ меҳнати содиқона сабаби асосии таъмини  гул-гулшукуфии кишвар, ободии хонадон, дастархони пурнозу неъмат, кафили шаъну шараф, обрӯю эҳтиром ва рӯи сурху чеҳраи хандони миллат аст. Ҳар шахсе, ки содиқона меҳнат менамояд, меҳнати ӯ баръабас нахоҳад рафт. Мардуми кишвари мо дар соли сипаригашта содиқона меҳнат намуданд ва ба чунин  дастовардҳои чашмрас ноил гардиданд. Пешвои миллат меҳнати содиқонаи мардуми кишварро қайд намуда, ҳамду санои бепоёни худро ба мардуми меҳнаткаш иброз намуданд. 

Баъд аз зикри дастовардҳо дар соли сипаришуда Пешвои миллат дар соли нав низ даст ёфтан ба рушди иқтисодиёт дар ҳаҷми  8% -ро ҳамчун вазифаи асосӣ таъкид намуданд.  Ин нишондиҳанда низ барои мо дастрас хоҳад гардид, зикр намуданд Пешвои миллат, агар мо боз ҳам содиқона, бо дили гарму ҳисси масъулиятшиносӣ меҳнат намоем. 

Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар кишвар албатта мушкилот бисёранд. Аммо агар мо, ҳисси миллатдӯстӣ дошта бошем, ватани худро дӯст дорем, тамоми мушкилотро бартараф кардла метавонем, таъкид намуданд Пешвои миллат. Мо бояд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дошта бошем ва пайваста андеша намоем, ки барои наслҳои минбаъда чӣ кишвареро ба мерос мегузорем. Барои ободии кишвар, шаҳр, минтақа, деҳа ва манзили худ содиқона меҳнати намудан вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту меҳанпарасти кишвар аст. Мардуми кишвари мо ҳамагӣ меҳнатдӯстанд ва бо боварии том метавон гуфт, ки бо меҳнати содиқона мардуми мо метавонанд ба пешравиҳои боз ҳам умедбахш даст ёбанд. 

 

Абдухалилзода К.А

Яндекс.Метрика