Худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар давлати миллӣ заиф бошад, миллат пароканда мегардад. Бинобар ин, мо бояд барои мустаҳкам намудани мактаби худшиносии миллӣ, ки асосҳои он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд, тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем.
Донишмандони мо бар ин назаранд, ки худшиносии миллӣ ин дарк намудани зарурати ваҳдат, якпорчагии обу хок ва марзу буми миллӣ, иттиҳоди мардум, дарки зарурати иттифоқ ва ҳамбастагӣ аст.




