Шаҳрвандони гиромӣ !
Ба ин васила ба маълумоти ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар мерасонем, ки лайк мондан, тарафдорӣ кардан, паҳн кардани аксу видеонаворҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, паймону гурӯҳҳо ва созмонҳои эктремистию террористӣ, ки бо қарори Суди Олӣ фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, тавассути шабакаҳои иҷтимоии "Ватсап", "Имо", "Вайбер", " Тик - ток" , "Инстаграм" ва... ба дӯстон, хешу табор ва ёру ҳамсояҳо фиристодан, гӯш кардани нашидҳои арабӣ, ки аксари муҳтавои онҳо моҳияти экстремистӣ ва терорристӣ доранд, инчунин, тамошои видеонаворҳои рӯҳониёни афғониабор, ки мазмун ва муҳтавои онҳо ба ҷараёнҳои экстремистӣ - террористӣ тааллуқ доранд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
Тибқи Моддаи 42 Конститутсия дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Абдуллоҳи Қодирӣ