Ошноӣ бо китоби Маснавии Маънавӣ

Китоби «Маснавии маънавӣ» - яке аз таълифоти машҳурӣ Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ буда, Ў яке аз шоир ва орифи форсӣзабон мебошад. Ин китоб аз 26 000 байт ва 6 дафтар иборат буда, яке аз беҳтарин китобҳои адабиёти ирфонии бостон ва ҳикмати форсӣ пас аз ислом ба шумор меравад.

Китоби “Маснавии маънавӣ” дар шакли ашъори Маснавӣ навишта шудааст. Дар ин китоб 424 достони пай дар пай ба шеваи тамсил, достонӣ ва мушкилиҳои инсон дар роҳи расидан ба Худоро нақл мекунад. Ҳаждаҳ байти аввали китоби Маснавии Маънавӣ ба найнома шуҳрат дорад ва он мухтасари мафҳуми 6 китоб аст. Ин китоб бо дархости шогирди Мавлавӣ, Ҳусомиддини Ҳасани Чалабӣ дар солҳои 662 то 672 ҳиҷрӣ таълиф шудааст.

Маснавии мавлавӣ, ҳамонанди бештари маснавиҳои суфиёна, ба сурати умда аз “достон ” ба унвони абзорӣ барои баёни таълимоти тасаввуф истифода шудааст. Тартиби қарор гирифтани достонҳои гуногун дар ин китоб зоҳиран назми мушаххасе надорад.

Шахсиятҳои аслии достонҳо метавонад аз паёмбарону подшоҳон то чӯпонону ғуломон бошанд.

Дар ин ҳикояҳо ҳайвонҳо низ нақши намоён доранд. Охирин достони Маснавӣ (Шоҳзодагон) буда, пас аз марги Мавлавӣ нотамом монд. Аз ин рӯ, дафтари шашуми Маснавӣ ба итмом нарасид. Писараш як маснавии зебое дорад, ки дар он аз марги падар ва нотамом будани маснавӣ таассуф кардааст. Албатта, ҷӯяндагон метавонанд аз мақолаҳои Шамси Табрезӣ сарчашмаи достонро пайдо кунанд ва аз қисмати ниҳоии достон огоҳ шаванд.

Мавлавӣ дар Маснавӣ маҳорати худро дар истифодаи ҳодисаҳои рузгор барои баёни афкори ирфонии худ нишон медиҳад. 

Хусусияти дигари фарқкунандаи ин китоб дар он аст, ки вай зуд-зуд аз достони асосӣ дур рафта, то (баъзан ба таври муфассал) нуктаҳои гуногуни паҳлуи достонро шарҳ диҳад. Ин нукта метавонад унвоне диҳад, ки мавзўи достон нисбат ба услуби навиштан барои Мавлавӣ хеле муҳимтар бошад.

 

Исоев Насим – шуъбаи маъхазҳо 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика