Терроризму экстремизм - ҳамчун вабои аср боиси нигаронии кулли сарварони мамолики дунё гардидааст.

Ҷаҳони муосир пур аз хатару даҳшатҳои харобиовар буда, заруратеро пеш овардааст, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд бошуурона ва оқилона зиндагӣ кунад. Дар миёни ин хатарҳо терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср боиси нигаронии кулли сарварони мамолики дунё гардидааст

Бо ин мақсад санаи 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризму экстремизм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон», баргузор гардид.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар онҷо суханронӣ намуда, бори дигар аз таҳдиду хатарҳои ифротгароӣ ва террористӣ иштирокчиёнро ҳушдор доданд.

Қайд карда шуд, ки дар замони имрӯза баробари инкишоф ёфтани техникаву технологияи нав, намудҳои нави терроризм, аз ҷумла кибертерроризм ба вуҷуд омадааст, ки он ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад.

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мешуморад то феҳристи ҳизбу харакатҳое, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф кардааст ва фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд, ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод намояд, то дар ин бобат зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳанд:

1. «Ал Қоида» (аз 30.03. с. 2006)
2. «ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ» (аз 30.03. с. 2006)
3. «ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии Ӯзбекистон( ( аз 30.03. с. 2006)
4. «ҳаракати Толибон» ( аз 30. 03. с. 2006)
5. «Ташкилоти Бародарони Мусулмон» (аз 30.03. с.2006)
6. «Ташкилоти Лашкари Тайиб» (аз 30.03. с.2006)
7. «Гурӯҳи Исломӣ» (Ҷамъияти Исломии Покистон) (аз 30.03. с.2006)
8. «Ҷамъияти Таблиғ» (аз 30.03. с.2006)
9. «Ташкилоти динии миссионерии Созмони Таблиғот» (Даъват ба Ислом) (аз 30.03. с.2006)
10. «Тоҷикистони озод» (аз 30.03. с.2006)
11. «ҳазб-ут-таҳрир» (аз 20.04. с.2001)
12. «Ҷамоати (Ҷамъияти) Ансоруллоҳ« (аз 03.05. с.2012)
13. ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24» (аз 09.10. с.2014)
14. Равияи динии «Салафия» (аз 08. 12. с. 2014)
15. Ташкилоти «Давлати Исломӣ» (аз 14.04. с. 2015)
16. Ташкилоти «Ҷабҳат-ун-Нус-та» (аз 14.04. с. 2015)
17. «ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» (аз 29.09. с. 2015)
18. Созмони «Паймони миллии Тоҷикистон» (аз 15.08.2019)
19. «Ҷанги муқаддас» (Ал-Ҷиҳод Иттиҳодияи Исломии Мисрӣ. Священная война) (аз 14.05.2020)
20. «Ҷамъияти ислоҳии иҷтимоӣ» (Ҷамъият-ал-Ислоҳ, аҷ-Ичтимоӣ. Общество социальных реформ) (аз 14.05.2020)
21. «Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ» (Ҷамъияти Эхё ат- Тураз ал-Исломӣ. Общество возрождении исламского насления) (аз 14. 05.2020)
22. «Хонаи ду зиёратгоҳ» (Ал-ҳарамайн. Дом двух святых) (аз 14.05.2020)
23. «Ҷунуд-аш-Шом» (Артиши Шоми Бузург. Войско великой Сирии) (аз 14.05. с.2020)
24. «Ҷиҳоди Исломӣ- Ҷамоати муҷоҳидон» (Исламский джихад-Джамоат моджахедов) (аз 14.05.2020)
25. Иттиҳодияи эстремистии «Шоҳидони яхво» (Свидетели иеговы( (аз 29.03. с.2021).

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика