Мақола

16 васфи таърихӣ бахшида ба 16-умин Иҷлосияи таърихсоз

Аҳмадшоҳи МАСЪУД, Қаҳрамони миллии Афғонистон:

– Ман имрӯз роҳбари кишвари шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст, зери тиру туп, барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем.

Владимир ПУТИН, Президенти Федератсияи Русия:

НИГОҲЕ БА ТАҲАВВУЛ ВА ТАШАККУЛИ НИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (ТАҶРИБАИ ВАТАНӢ) (Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 – ноябр)

Рушди равандҳои сиёсӣ дар охири асри 20 аз болоравии кӯшишҳои истиқлолхоҳии миллатҳои гуногун дарак медиҳад. Ба ин аз бисёр ҷиҳат мавҷудияи мураккабиҳо дар муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ мусоидат намуданд, ки дар натиҷа баъди пошхӯрии Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ як қатор давлатҳои хурду бузурги мустақили миллӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин масир муайян намуданӣ нақши равандҳои демократӣ низ ба маврид аст. Фишори мавҷудаи дохилӣ, маҳдуд намуданӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар якҷоягӣ бо омилҳои беруна боиси сар задани бӯҳрон дар собиқ лагери сотсалистӣ гардид.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ (БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН)

Дар авохири ҳар садсола воқеоти муҳимми сиёсиву таърихии ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайваста, раванди зиндагӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва идеологии мардумони сайёраро тобиши нав медиҳад. Асри ХХ бо барҳам хурдани давлати абарқудрати Шуравӣ ва ба вуҷуд омадани як қатор давлатҳои мустақил дар қораи Осиё ба охир расид.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ (бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён ниҳоят ҳассосу мушкил ба вуҷуд омада буд, дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд оғоз гардид ва хушбахтона дар ҳамин санаи таърихи ки 16-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани

Омилҳо ва решаҳои ташаккули гуруҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои идеологӣ-сиёсии исломӣ

2.Ташкилоти террористии “Ҳизби Таҳрир”
“Ҳизби Таҳрир” ин як ташкилоти сиёсӣ-динӣ мебошад, ки мардуми мусулмонро ба сўйи барпо намудани давлати хилофати ҷаҳонии исломӣ ва ваҳдати онҳо дар сояи ин Хилофат даъват менамояд. 

Тафаккури ифротгарои динӣ-мазҳабӣ ҳамчун воситаи ҳифзи манофеи геополитикии абарқудратҳо

Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ: се дастоварди бузурги миллат

Миллати решабатаърихи тоҷик бо вуҷуди мероси гаронбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиаш бо амри тақдир дар масири таърих азиятҳои бемислеро кашидааст. Вале аз ин азиятҳои бемисли қарб ҳазор солаи таърихӣ дарси ибрат нагирифта, боз бо ҷурму иллатҳои мухталиф дар саргаҳи ин саодати сиёсӣ миллати тоҷик бо кашмакашҳои сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуд. Оташи фитна дар кӯчаю шоҳроҳои давлати ҷавон аланга зада манзили мардумро ба коми худ кашида, навҳаи модари тоҷикро ба само печонд. Оинаҳои нилгуни олам аз оташи ҷанги шаҳрвандии кишвари мо хабарҳо пахш мекарданд...

Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ: се дастоварди бузурги миллат

Ин ҳолат оламро дар маҷмӯъ ноором сохта дастоварду муваффақиятҳои инсониро дар самти сиёсат ва ҳуқуқ зери шубҳа кашид. Муносибати сард ва нобоварона нисбат ба низому тартиботи олами атроф ва заъфи низомҳои идора дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ба ҳадде боло рафт, ки қисме ба идоракунии бевоситаи халқӣ (ин ҳолатро хеле барвақтар яке аз қурбоншудагони ғарбӣ дар «Китоби сабзаш» гуфта буд) умед баста, қисмати дигари тундрав ба шикастани унсурҳои мавҷудаи низоми олам ва рамзҳои идораи кишварҳои бузург рӯ оварданд (М. Тетчер, Жириновский, Хумайнӣ ва д.).

Страницы

Яндекс.Метрика