НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ (бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён ниҳоят ҳассосу мушкил ба вуҷуд омада буд, дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд оғоз гардид ва хушбахтона дар ҳамин санаи таърихи ки 16-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни он иҷлосия қабул карда шуд [1].
Бояд қайд кард, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд аз 16-уми ноябр то 2-уми декабри соли 1992 баргузор гардидааст, барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд оварда, дар натиҷа 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Масъалаи аз ҳама муҳим, ки дар мадди назари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ қарор гирифта буд, баргардонидани гурезаҳо аз минтақаҳои ҳамсоя буд. Саҳми арзандаи Президенти кишвар дар роҳи сулҳ, таъмини амнияту якпорчагии кишвар ва ба ҳам овардани мардум бағоят бузург аст. Сарвари оқилу миллатдӯсту ватанпарвар аз рӯи ҳикмати бузургон амал карда, барои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ роҳи васеъ кушод. Дар як муддати кӯтоҳ ҷангро хотима бахшиданд. Таҷрибаи таърихӣ собит намуд, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи тақдирсоз боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлати миллиамон гардид. Пешвои миллат тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулгароӣ, башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит намояд. Дар ин росто бояд зикр намоем, ки дар баробари пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳтар шудани вазъи зиндагонии мардум, фазои маънавии мардуми кишварамон низ ғанӣ гардид. Бахусус фазои андешаи динии кишвар рӯ ба беҳбудӣ оварда, диндорон дар анҷоми маросими динӣ озод мебошанд.
Ҳамасола санаи 16-уми ноябр якбора ду руйдоди муҳими тақдирсоз – яке Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин ду ҷашн бо ҳам тавъам буда, барои бунёди давлатдории миллӣ ва халқи Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.
Аз 16 ноябри соли 2016 инҷониб мардуми шарафманди тоҷик ба хотири арҷгузори ва эҳтиром ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат рӯзи Президенти маҳбуби худро бошукӯҳ ҷашн мегиранд.
Метавон бо ифтихор гуфт, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои рушди давлатдории миллии тоҷикон басо бузург мебошад, зеро вобаста ба корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳо, мақолаҳо, асарҳо нашр гардидаву садҳо семинару конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор гардида истодааст. Бо назардошти заҳматҳои беқиёс ва босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик Президенти худро – Ифтихори худ медонад ва шукргузор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол акнун нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу зебо ва дар амну осоиш мебошад [3].
Рӯйхати Адабиёт
Самандаров Фариддун. Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахши миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст. Сомонаи интернетии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ // https://new.kgu.tj
Сомонаи интернетии Маркази исломии Тоҷикистон // https://shuroiulamo.tj
Шарифзода Саъдӣ Шариф. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол. Сомонаи интернетии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон // https://tnu.tj
Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.

Яндекс.Метрика