Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 9-уми марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карда, буданд чунин баён доштанд, ки “Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям”. Оре, дар партави ин гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон гуфт, ки фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хориҷӣ ва рақобатҳои носолими бархе аз кишварҳо, ки боиси торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – тероризм ва экстремизм гардидааст як қатор мамлакатҳоро ба ташвиш овардааст.
Аз инҷост, ки шурӯъ аз солҳои 90- уми асри гузашта то инҷониб, зери номҳои гуногун дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ (“Ҳизб-ут-таҳрир”, (“Ҳизби-исломии Туркистон” (собиқ ИДУ), “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ал- Қоида”, “Толибон”, “Бародарони Мусалмон”, “Лашкари Тайиба, “Ҷамоати таблиғ”, “Созмони Таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҷамоати исломии Покистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Давлати исломӣ”, “Салафия”, “Гурӯҳи -24”, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон , “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Ҷанги муқаддас” ва ғ..., ки фаъолияташон дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон манъ карда шудаанд), баҳри амалӣ сохтани идеологияи ифротии худ- ташкил кардани “хилофати исломӣ” кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Дар Тоҷикистон ваҳҳобиён дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90- уми асри гузашта (дар замони ҷанги шаҳрвандӣ) мавҷудияти худро бо овози баланд эълон карданд.
Пешвоёну пайравони ҷараёнҳои ифротгарои динӣ- мазҳабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта, ҳангоми ба вуқуъ пайвастани ҷанги шаҳрвандӣ ва фирор намудани баъзе аҳолии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз вазъияти ба амал омада истифода карда, ҷавонони тоҷикро ба мадрасаву донишкадаҳои исломӣ дохил карданд. Аммо аксари мударрисони ин донишкадаҳо тарафдори ҷараёнҳои динии такфирӣ буданд ва онҳо тафаккури чунин “толибилмон”-и тоҷикро ифротӣ гардониданд.
Охирҳои соли 2000-ум як қисми аз хатмкунандагони мадраса ва донишкадаҳои дар боло зикрёфта ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияташонро пурзӯр намуданд, пинҳонӣ дар байни ҷавонону зиёиёни кишвар равияҳои гуногуни ифротгароиро ҷоннок сохта, пайравони сершумори худро пайдо карданд ва ҷараёни “салафия- ваҳҳобия” арзи ҳастӣ намуд.
Бинобар сабаби он ки ғояҳои равияҳои “салафия” ва “ваҳҳобия” аз як сарчашма маншаъ мегиранд, дар адабиёти илмӣ-динӣ ҳадафҳои ниҳоии онҳо ҳамшабеҳ тавсиф гардидаанд ва дар ақоиди экстремистии онҳо ихтилофоти ҷиддӣ мавҷуд нест, дар дастури мазкур ин мафҳумҳо ба маънои ҳамрадиф “салафия- ваҳҳобия” истифода гардидаанд.
Пайравони равияҳои гуногуни ифротгаро дар як қатор мамолики олам бо ҳадафи ташкил кардани “Хилофати исломи”, бо номҳои гуногун арзи ҳастӣ карда, ошкорову пинҳонӣ афкори ифротии худро талқин менамоянд. Пешвоён ва пайравони ин равия аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, зери шиори “Руҷуъ ба Қуръону суннат” кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ваҳдати мусулмонони дунёро гусаста сохта, заминаҳои истеъморро барои душманони Ислом муҳаё созанд.
Бояд қайд намуд, ки сиёсатмадорону олимон бар он ақидаанд, ки таҳмил кардани тафаккури ифротгароии динӣ-мазҳабии “салафия- ваҳҳобия”, дар маҷмӯъ сиёсӣ кардани дини Ислом ва бо номҳои гуногун ташкил кардан ва роҳандозӣ намудани фаъолияти ташкилотҳои терористӣ – экстремиистӣ дар Шарқи Наздик, Осиёи Миёна ва Қафқоз аз ҷониби хадамотҳои махсуси бархе аз давлатҳо, маҳз бо мақсади ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ ва геополитикии онҳо дар ҳамгироӣ бо шарикони қудратмандашон амалӣ шуда истодааст.
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Исоев Н.