2.Ташкилоти террористии “Ҳизби Таҳрир”
“Ҳизби Таҳрир” ин як ташкилоти сиёсӣ-динӣ мебошад, ки мардуми мусулмонро ба сўйи барпо намудани давлати хилофати ҷаҳонии исломӣ ва ваҳдати онҳо дар сояи ин Хилофат даъват менамояд.
Номи пурраи ин ҳизб «Ҳизбу-т-таҳрири-л-исломӣ» ( арабӣ - حزب التحرير الإسلامي - ҳизби озодкунии исломӣ ) буда, бино ба барномаи номуросоӣ бо зулму ситам ва расонидани зарари ҷисмонии хеш, ҳизби мазкур дар радифи ҳаракатҳои радикалии исломӣ шомил мегардад. Аз он сабаб ба гурўҳи ҳаракатҳои радикалӣ (қатъӣ) ворид карда шудааст, ки ақидаҳои ин ҳизб радикалӣ мебошад: “Ҳизби Таҳрир” ҷонибдори иваз намудани ҳукуматҳо дар тамоми мамолики исломӣ ва табдили ин ҳукуматҳо ба давлатҳои исломӣ бо воситаи бо роҳи зўроварӣ барқарор намудани “Хилофати исломӣ” мебошад. Ин ақидаҳои радикалӣ пошидани тухми экстеризмӣ ашадӣ дар фаҳмишу идроки мусулмонони тамоми кишварҳо мебошад.
“Ҳизби Таҳрир” аввалин маротиба аввали солҳои 1950 дар байни арабҳои фаластинии Шоҳигарии Урдун ба вуҷуд омада, тарафдорони начандон зиёд, вале содиқро дар баъзе давлатҳои Шарқи Миёна, Аврупои Шарқӣ ва Индонезия пайдо намуд.
“Ҳизби Таҳрир” дар Осиёи Марказӣ миёнаҳои солҳои 1990 ба фаъолият шурўъ намуда, ҷонибдорони зиёдеро махсусан дар Ўзбекистон ва ба теъдоди камтар дар кишварҳои ҳамсояи Ўзбекистон, аз қабили Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон пайдо намуд. Аъзоёни ҳизби мазкур дар Тоҷикистон асосан узбектаборҳо буданд. Нуқтаи асосӣ доир ба “Ҳизби Таҳрир” дар чор ҷумҳурии зикршуда ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар он аст, ки теъдоди пайравони он камшумор (тибқи расонаҳои хабарӣ 15-20 ҳазор нафар) буда, машҳур набуду нест ва он дар байни аҳолӣ дастгириро пайдо карда натавонист ва сокинони минтақа ҳаводори он нестанд. Зеро “Ҳизби Таҳрир” ташкилоти динӣ набуда, он ҳизби сиёсӣ-динӣ мебошад, ки идеологияи он дар асоси ислом маншаъ ёфта, ҳадафаш азнавбақароркунии Хилофати таърихӣ, муттаҳидсозии тамоми мусулмонони олам зери ҳокимияти исломӣ ва шариати он, ташкили давлати хориҷ аз таъсири маданияти Ғарб мебошад.
Ҳадафи аслии “Ҳизби Таҳрир” бозгардонидани ҳаёти исломӣ ба сарзаминҳои арабӣ, сипас ба кишварҳои исломии дигар ва баъдан ба тамоми дунё мебошад. Онҳо мақсад доранд ин корро бо барпо намудани “Хилофати исломӣ” амалӣ намоянд.
Равиши худро ҳизби мазкур дар амалӣ намудани ҳадафҳояш фақат дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии худ қаламдод мекунад ва дар ин замина истифода аз фаъолияти мусаллаҳона ва террорро қабул надорад. Қатли одамони бегуноҳро мухолифи қонунҳои ислом мешуморад. Агарчанде “Ҳизби Таҳрир” дар аввал тибқи барномаи хеш мехост нуфузашро мисли интишори дини ислом дар садри он аз роҳи ташвиқу тарғиб роҳандозӣ намояд, вале дар ҷангҳои ДИИШ (дар Ироқу Сурия) бо он пайваст. Аксҳои дар васоити ахбори омма нашршудаи таҳририён бо диишиҳо зери навиштаҷоти: “Мо ҷонибдор ва якҷоя бо Давлати Исломием” дар шаҳри Ҳалаби Ҷумҳурии Арабии Сурия аз ин ҳокист.
Ҷонибдорони ҳизби мазкур бо истифода аз воситаҳои ахбори омма мехоҳанд мардуми мусулмонро ба самти идеологияи худ ҷалб намуда, онҳоро барои барпо намудани ҳукумати исломӣ омода намоянд. Ба ҳамин хотир пеш аз ҳама онҳо бо таблиғоти фарҳангӣ мехоҳанд рўҳияи диндории мусулмононро тақвият дода, аз ин тариқ кадрҳо ва пайравони боирода тарбия намоянд. Дар айни ҳол онҳо нисбат ба ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон таваҷҷўҳи хос дошта, аз ҳар гуна фурсат барои нишон додани нотавонӣ ва нодурустии системаи сиёсии кишварҳо ва умуман дунё истифода мекунанд.
Фаъолияти “Ҳизби Таҳрир” дар давлатҳои Ховари Миёна мамнуъ мебошад. Ҳукумати давлатҳои Осиёи Миёна нисбат ба фаъолияти ин ҳизб хело мавқеи шадидро қарор додаанд. Дар Узбекистон ҳазорҳо пайравони ин ҳизби мамнуъ дастгир шуда, ба муҳлатҳои тўлонӣ зиндонӣ шудаанд. Вале фаъолияти ин ҳизб дар Индонезия ва давлатҳои Аврупои Ғарбӣ нисбатан озод мебошад.
Дар доираи сафарҳои хидматии расмӣ аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз ҳолу аҳволи маҳбусони ҷумҳурӣ, ҳангоми суҳбат бо пайравони “Ҳизби Таҳрир” дар маҳкамаи шаҳри Бохтари вилояти хатлон Тоҷикистон, бо чанд нафар аъзоёни ин ҳизб ҳамсуҳбат шудам. Бисёриҳояшон аз пайравӣ аз “Ҳизби Таҳрир” даст кашида буданд, вале ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо яке аз онҳо аниқ гардид, ки ў аз ҳизб даст накашидаасту яке аз пайравони ашадии он боқӣ мондааст. Зеро, вақте сухан аз низоми “Байту-л-мол”- и собиқ Хилофати Исломӣ рафту ман ба ў гуфтам, ки Давлати Тоҷикистон ҳамон низоми “Байту-л-мол”- ро иҷро мекунад, ятимону муҳтоҷонро дастгирӣ менамояд, дар кишвар муассисаҳо барои тифлони ятим, калонсолони бепарастор мавҷуд аст, давлат аз ҳисоби хеш мактабҳо, дабиристону муассисаҳои тиббию ғайраву ғайра месозад, мардум дар ниёзҳои динии хеш озоданд, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат тибқи ислому эътиқодоти мардуми он роҳандозӣ мешавад. Оё ҳамаи ин талаботи ҳамон низоми “Байту-л-мол” нест? Дар ҷавоб гуфт: “Бале, ин ҳама дуруст, вале мо “Давлати исломӣ” месозем”.
Барои даъватҳои нест намудани Исроил ва кушторҳо фаъолияти ҳизби мазкур дар Олмон мамнуъ мебошад (Urteil des Bundesverwaltungsgerichts vom 25. Januar 2006). Аз 19 январи соли 2024 барои даъватҳои антисемитӣ ва дастгирии терроризм фаъолияти “Ҳизби Таҳрир” дар Бритониёи Кабир манъ карда шуда, ба рўйхати ташкилоти террористӣ ворид карда шудааст (British Home Secretary Announces Ban Against ‘Antisemitic’ Hizb ut-Tahrir Organization. Algemeiner Journal. Home Secretary declares Hizb ut-Tahrir as terrorists. GOV.UK.).
Тибқи маълумоти рўзномаи бритонии The Telegraph октябри соли 2023 “Ҳизби Таҳрир” як нишасти онлайнӣ ташкил намуд, ки дар он аъзоёни бонуфузи ин ҳизб кушторҳои аз ҷониби Ҳамос 7 октябр нисбати аҳолии Исроил анҷомдодаро “хабари хуш” ва “шаппотӣ задан” ба рухсораи давлати яҳудиён зикр намуданд. Рўзномаи мазкур инчунин хабар медиҳад, ки аъзоёни “Ҳизби Таҳрир” рўзи 7 октябрро ҷашн гирифтанд ва ин ба даъвоҳои пештараи “Ҳизби Таҳрир”, ки исрор менамуданд онҳо “тарсу воҳима, ҷинояткорӣ ва терроризмро ташвиқ намекунанд”, мухолиф аст.
Аз 14 феврали соли 2003 бо қарори Суди олии Федератсияи Русия ҳизби мазкур ба рўйхати ташкилотҳои террористии манъшуда дохил карда шуда, теъдоде аз пайравони ин ҳизб ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Фаъолияти ҳизби мазкур дар Қазоқистон барои фаъолияти экстремистӣ бо қарори суд манъ аст. Фаъолияти “Ҳизби Таҳрир” инчунин дар Чин, Бангладеш, Индонезия, Покистон, Тоҷикистон,Узбекистон ва тамоми давлатҳои арабӣ, б ҷуз ИМА, Лубнон ва Яман, манъ карда шудааст. Дар Амрико ин ҳизб фаъолият дорад, вале он таҳти назорат мебошад.
Асосгузори ин ҳизб Тақиюддин Муҳаммад ибн Иброҳим ибн Мустафо ибн Исмоил ибн Юсуф ан-Набҳонӣ мебошад, ки соли 1909 дар деҳаи Иҷзими вилояти Бейрут (19,5 км дуртар аз қисми ҷанубии шаҳри Ҳайфо - ҳозир замини Исроил), таваллуд шудааст. Падари Тақиюддини Набҳонӣ мударриси шариати исломӣ буда, таълимоти диниро ў ба фарзандаш додааст. Дар синни 13 солагӣ Тақиюддини Набҳонӣ ҳофизи кулли Қуръон буд. Инчунин, ў дар мадрасаи деҳаи худашон таълим гирифта, сипас барои такмили дониш ба шаҳри Акко меравад. Эътиборан аз соли 1927 ў таълимгириро дар мадрасаи сонавӣ (миёнаи) назди Донишгоҳи Ал-Азҳари шаҳри Қоҳира (пойтахти Миср), сипас донишандўзиро дар худи Донишгоҳи Ал-Азҳар идома дода, соли 1932 онро хатм намудааст.
Пас аз хатми донишгоҳ ба Фаластин баргашта, дар шаҳри Ҳайфо ба сифати мударрис ба кор шурўъ намудааст. Соли 1940 дар шаҳри Рамалла (Ромуллоҳ) ба сифати ёвари қозӣ ва аз соли 1945 қозии суди шариатии ин шаҳр таъйин гардидааст.Соли 1948 бинобар сабаби ҷанги арабу исроилӣ ў ба Сурия гурехта, пас аз ҷанде бо даъвати яке аз дўстонаш ба заминҳои аз ҷониби Урдун забтшудаи қисмати Байту-л-муқаддас баргашта, вазифаи қозии заминҳои забтшударо ба уҳда мегирад. Баъди чанде ба вазифаи судяи Суди Шариатии Шикоятии Байту-л-муқаддас интихоб мегардад. Соли 1950 Набҳонӣ аз ин вазифа ба истеъфо баромада, дар пойтахти Урдун- шаҳри Аммон, ба таълими илми шариати исломӣ оғоз менамояд. Соли 1953, баъди ихтилофҳои идеологӣ бо ҳаракати “Ихвону-л-муслимин” (Бародарони мусулмон) ҳизби “Ҳизбу-т-таҳрир ал-исломӣ”-ро созмон дод. Ў барои ин ҳизб “муҷтаҳид” (шахсе, ки ҳуқуқи содир намудани фатво дар асоси шариати исломро дорад) эълон шуда, фатвоҳо (қарорҳо)-и ў барои аъзоёни ҳизби мазкур сармашқи кор гардид. Баъди чанде фаъолияти “Ҳизби Таҳрир” дар Урдун мамнуъ эълон гардида, соли 1955 қарори манъи воридшавии Набҳонӣ ба ин кишвар содир гардид. Аз ин лиҳоз, Набҳонӣ фаъолияти ташвиқотии хешро дар сарзаминҳои Лубнону Сурияю Ироқ оғоз намуд, вале дар ин сарзаминҳо низ аз ҷониби ҳокимони ин кишварҳо таъқиб мешуд. Теъдоди зиёди китобҳо, брошюра (китобча)-ҳо ва мақолаҳо аз ў боқӣ мондааст. Тақиюддин Набҳонӣ соли 1977 дар Лубнон фавтидааст (аз сомонаҳои интернетӣ).
Осори хаттии Тақиюддин Набҳонӣ.
Асосгузори «Ҳизби Таҳрир» асарҳои зеринро таълиф намудааст, ки аъзоёнаш аз он истифода мебаранд:
1.«Низоми ислом».;
2.«Иттиҳоди ҳизбӣ»;
3.«Консепсияи Ҳизби Таҳрир».
4.«Низоми иқтисодӣ дар ислом
5.«Низоми иҷтимоии ислом».
6.«Низоми идоракунӣ дар ислом»;
7.«Конститутсия»;
8.«Лоиҳаи конститутсия»;
9.«Давлати исломӣ».
10.«Шахсияти исломӣ» дар се ҷилд.
11.«Консепсияи сиёсии Ҳизби Таҳрир».
12.«Мафкураи сиёсӣ»;
13.«Даъвати ҳамосӣ»;
14.«Хилофат»;
15.«Тафаккур»;
16.« Зиракии сариъ»;
17.«Нуқтаи ирсол»;
18.«Воридшавӣ ба ҷамъият»;
19.«Аслиҳаи Миср»;
20.«Шартномаҳои дуҷонибаи Суриягӣ, яманӣ ва мисрӣ»;
21.«Ҳалли мушкилоти фаластинӣ тибқи лоиҳаи инҷлизию амрикоӣ»;
22.«Теорияи фазои холии сиёсӣ пиромуни лоиҳаи Айзонҳавар»;
23.«Демократия — низоми бебоварӣ
24.«Роҳ ба самти имон».
Пас аз манъ шудани чопи асарҳои Тақиюддин Набҳонӣ дар аксар давлатҳои олам, асарҳои зиёдеро ў бо истифода аз номи аъзоёни ҳизб чоп намудааст. Аз ҷумлаи асарҳои мазкур инҳоро зикр намудан мумкин аст:
- «Сиёсати идеали (хаёли)-и иқтисодӣ»;
- «Раддияи марксизму сотсиализм»;
- «Суқути Хилофат»;
- «Қонуни шоҳидӣ додан»;
- «Кодекси чиноятию мурофиавӣ»;
- «Қонунҳои намоз»;
- «Афкори исломӣ .
Сохтори “Ҳизби Таҳрир”
“Ҳизби Таҳрир” дорои Конститутсияи хеш мебошад, ки аз 187 модда ва тафсир иборат аст.
Раиси “Ҳизби Таҳрир”-ро амир мегўянд ва ҳар кишваре, ки дар он ҳизби мазкур таъсис ёфтаасту фаъолият дорад, вилоят меноманд. Амир то охири умри худ дар вазифааш боқӣ мемонад ва шуъбаҳои ҳизб дар минтақаҳо ба воситаи як ҳайати хос бо номи «Лаҷнату-л-вилоя» идора мешавад, ки аз 3 то 10 узв дорад.
“Ҳизби Таҳрир” то ба ҳол се амир доштааст:
1.Тақиюддин Муҳаммад ибн Иброҳим ибн Мустафо ибн Исмоил ибн Юсуф ан-Набҳонӣ ( солҳои 1953 – 1977 амири ҳизб буд).
2.Абдулқайюм Заллуми Фаластинӣ (аз соли 1977 то соли 2003 амирӣ кардааст).
3.Ато Халил Абўрашта (аз соли 2003 то ҳол амири ҳизб аст).
Тавре аз мутолиа ва омўзиши адабиёти ин ҳизб ошкор мегардад, таҳририён ақидаро ягона омили қавӣ дар тағйир додани ҳамагуна низомҳои сиёсӣ медонанд, аз ҷумла низоми давлатиро низ, зеро онҳо сараввал дар кишварҳои мусулмонӣ инқилоби мафкуравиро ба амал оварда, сипас ба инқилоби сиёсӣ даст заданианд. Бинобар ин, ҳодисаву воқеаҳоро (сарфи назар аз манотиқи рўйдодашон) тавре шарҳ медиҳанд, ки афкору мўътақидоти мусулмононро таҳти нуфузи ақоиди ифротгароёнаи ҳизб мегузоранд. Ба ибораи дигар, миёни аҳолии мусулмон ҳисси эътирозу норозигӣ нисбат ба вазъи кунунии мусулмонони ҷаҳон ва сохти мавҷудаи давлатӣ ба вуҷуд меоранд.
Ин ҳизб бар ин бовар аст, ки агар мехоҳем низоми сиёсӣ ва иқтисодии як ҷомеаро тағйир диҳем ва умуман таҳаввули асосӣ ва решаӣ дар як ҷомеа ба вуҷуд оварем, бояд аз афроди худи ҷомеа истифода намоем. Дар айни ҳол мардуми ҳар ҷомеае дар миёни ду девори мустаҳкам зиндагӣ мекунанд; яке девори эътиқодот ва боварҳои онҳост, ки тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳоро ташкил медиҳад ва дигарӣ девори расму одатҳои мардум, ки робитаҳо ва пайвандҳои миёни онҳоро танзим менамояд. Пас, бояд ба ин ду девор аҳамияти хосса дода шуда, сараввал ба девори якум, яъне девори андешаҳо ва афкор ҳамла бояд кард, ки он дар натиҷа инқилоби фикриро падид оварда, метавонад инқилоби сиёсиро низ дар пай дошта бошад.
Яъне, ҳадафи онҳо бо эҷоди таҳаввулоти фикрӣ дар афроди ҷомеа онҳоро ба самти инқилоби фикрӣ ва сипас ба сўи инқилоби сиёсӣ кашондан ва бо истифода аз нерўи онҳо ҳукуматро ба даст овардан аст.
Муҳимтарин вижагии сиёсии “Ҳизби Таҳрир” ин аст, ки системаи демократӣ ва сармоядориро қатъиян маҳкум намуда, бо истифода аз тамоми донишҳои динӣ ва иқтисодии худ хатогиҳо ва нодурустии ин системаҳоро ошкор ва исбот карданӣ мешавад.
Тавре дар боло қайд карда шуд, ин ҳизб равиши сиёсии муборизаро ташвиқ мекунад, то худро аз рўйхати ҳаракатҳои экстремистӣ дур намояд, вале дар айни ҳол бар хилофи ин равиши худ сухан мегўяд. Масалан, яке аз таълимоти ин ҳизб ин аст, ки дунёро ба дору–л–куфр ва дору–л–ислом тақсим мекунад (сарзаминҳои кофирӣ ва сарзаминҳои мусулмонӣ). Ба ақидаи пайравони ин ҳизб ҳамаи кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто кишварҳои мусулмоннишину исломӣ дору–л–куфр ба ҳисоб мераванд, зеро кишварҳои ғарбӣ аслан кофирҳо буда, ҳокимони кишварҳои мусулмонӣ бошанд бар асоси барномаҳои куфр амал мекунанд. Бинобар ин, ин дору–л–куфрҳо (яъне, кишварҳои ғарбӣ, кишварҳои мусулмоннишин ва ҳатто кишварҳои исломӣ) бояд бо роҳи зўроварӣ ва «ҷиҳод» ба дору–л–ислом табдил дода шаванд (Ғ. Ғоибов, Чего добивается Хизб-ут-тахрир, саҳ.15, ба нақл аз китоби «Манҳаҷи Ҳизби Таҳрир»).
Дар яке аз нашрияҳои “Ҳизби Таҳрир” бо номи «Афкори сиёсӣ» (чопи соли 2000 –ум, саҳ. 88) чунин омадааст: «Давлати исломӣ ҳама доираҳои сиёсиро ба ягон воситаи нобудкунӣ; ё бо буридани гарданҳо, ё бо бастани роҳҳои зиндагӣ, ё бо нобуд кардани ҳастии сиёсӣ ва маънавии онҳо ва ё бо ягон воситаи дигар нобуд созад. Ин корест, ки онро қонунҳои ҳастӣ ногузир месозад» (Ҳамон ҷо, саҳ. 36), дар ҳоле ки ин сухан бо асосҳои ҳаётбахши Қуръон ва суннати Пайғамбари акрам (с) мухолиф аст. Қуръони карим маҷбур кардан ба динро қабул надорад: “Дар дин ҳеч маҷбурие нест. Ҳидоят ва гумроҳӣ равшан шудааст. Пас ҳар кас, ки ба тоғут кофир шавад ва ба Худой имон оварад, ба чунон риштаи устуворе чанг зада, ки канданиаш набошад. Худо шунаво ва доност!” (сураи “Бақара”, ояти 256), дастур медиҳад, ки бо мардум новобаста аз дину мазҳабашон сухани некў бигўем: “Инҳо ҳамон касонанд, ки охиратро донанд ва зиндагии дунёро хариданд. Аз азобашон кам нагардад ва кас ёриашон накунад” (сураи” Бақара”, ояти 86) ва Пайғамбар (с) –ро раҳмат барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад: “Ва фиристодем туро фақат барои он, ки мехостем ба мардуми ҷаҳон раҳмате ато кунем” (сураи “Анбиё”, ояти 107).
Нисбати афкор ва равишҳои “Ҳизби Таҳрир” баъзе танқидҳои ҷиддӣ аз тарафи олимон ва пайравони мазҳабҳои гуногуни дини ислом ба назар мерасад.
Эродҳои эътиқодӣ:
1.Ин ҳизб аъзоёни худро аз бовар кардан ба азоби қабр ва зуҳур кардани Масеҳи Даҷҷол манъ мекунад ва мегўяд, ки касони ба ин чизҳо бовар дошта гунаҳкоранд. Дар ҳоле ки тамоми пайравони дини ислом новобаста аз мазҳабашон ба ин ду масъала бовар доранд.
2.Пайравони ин ҳизб ба ҷанбаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ беш аз ҳад аҳамият дода, ба он такя мекунанд ва ба ҷанбаҳои рўҳӣ ва ахлоқӣ, ки аз назари ислом хеле муҳим аст, таваҷҷўҳи кам доранд.
3.Ҳизби мазкур бо тамоми дидгоҳҳои исломии дигар мухолифат мекунад ва ба ҳамин хотир дар ҳеҷ ҷои дунёи ислом дастгирӣ намешавад.
Эродҳои фиқҳӣ: бузургони «Ҳизби Таҳрир» фатвоҳое додаанд, ки бо усули фиқҳии тамоми мазоҳиби исломӣ мухолифат мекунад:
1.Дуруст донистани тамошои суратҳои урён.
2.Дуруст донистани бўсидани занони бегона ва даст додан ба онон.
3.Ҷоиз донистани пардохт кардани ҷизя аз тарафи як давлати мусулмон ба давлати кофир.
4.Воҷиб будани куштор барои мусулмонон баҳри иҷрои мақсадҳои кофирон.
5.Соқит шудани намоз аз кайҳоннаварди мусулмон.
6.Соқит шудани намозу рўза аз сокинони қутбҳои шимолу ҷануб ва амсоли инҳо.
Тибқи ақидаи Набҳонӣ, Давлати Хилофат дар асоси муттаҳид сохтани кулли давлатҳои мусулмонӣ бунёд гардида, ба ҷудоӣ ва соҳибихтиёрии онҳо роҳ намедиҳад, ки худ маънои инкор кардани ягонагии ҳудудӣ ва арзии кишварҳои соҳибихтиёру мустақилро дорад.
Бо “Ҳизби Таҳрир” дар кишварҳои арабӣ бархўрдҳои дугона шудааст. Дар баъзе кишварҳо, мисли Ироқ, нисбати ин ҳизб сахтгирӣ ба амал омадааст, дар ҳоле ки дар Лубнон, Судон ва Тунис расман фаъолият менамояд.
“Ҳизби Таҳрир” андешаҳои аҳли суннатро дорад ва ба ҳамин хотир дар минтақаҳое, ки пайравони аҳли суннат зиндагӣ мекунанд, тарафдорони худро пайдо мекунад ва онро дар доираи ислом медонанд.
Яке аз сарчашмаҳои молии ин ҳизб пардохти моҳонаи ҳаққи аъзогӣ мебошад, ки он аз 5 то 20 фоизи даромади аъзоро ташкил медиҳад. Албатта, маълум аст, ки бо ин гуна маблағҳо ин ҳизб ҳаргиз наметавонад чунин фаъолияти густурдае дошта бошад. Мутаассифона, ҳанўз ҳам сарчашмаҳои даромади ҳизби мазкур ошкор нашудааст. Аммо фақат як чиз равшан аст, ки “Ҳизби Таҳрир” бо ҳар роҳу восита сарчашмаҳои калони пулиро аз ташкилотҳои махфии ҷаҳонӣ (мисли саҳюнистҳо ва масонҳо) ба даст меорад (Ғ. Ғоибов, Ҳизби таҳрир чӣ мехоҳад?, саҳ.14).
Дар бораи пайдоиш ва фаъолияти ҳизби мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби «Ҳизби Таҳрир чӣ мехоҳад?» навиштаи Ғ. Ғоибов маълумоти муфиду дақиқе оварда шудааст. Аз ҷумла, дар китоби мазкур омадааст: «Ҳизби Таҳрир ба Тоҷикистон, гумон меравад, аз соли 1998 роҳ ёфта, ячейкаҳои аввалини худро ташкил карда бошад» (Китоби номбурда, саҳ. 51).
Бо ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз 19.04.2001 фаъолияти “Ҳизби Таҳрир” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ғайриқонунӣ амалкунанда ва бо ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз 11 марти соли 2008 он ташкилоти террористӣ эътироф карда шуда, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
“Ҳизби Таҳрир” фаъолияти хешро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо паҳн намудани маводи тарғиботӣ (фитта, китобча ва варақаҳо) ва дар сомонаҳои интернетӣ роҳандозӣ намуда аст.
Аъзоёни “Ҳизби Таҳрир” маводи таблиғотии хешро бар асоси сарчашмаҳои асосии дини ислом (Қуръон ва суннат) таҳия намуда, оёти қуръонӣ ва ҳадисҳоро барои ғаразҳо ва манфиатҳои худ шарҳу эзоҳ дода, тараққиёту пешравии ҷомеаро дар ҷодаи динӣ, аз қабили зиёдшавии теъдоди масҷидҳо, сафи намозгузоронро ба худ нисбат дода, худро такондиҳандаи тазоҳуроти мардумӣ дар Миср, Сурия, Тунис, Яман, Либиё ва дигар давлатҳо рухдода муаррифӣ менамуданд.
“Ҳизби Таҳрир” Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни офаридаи бандагони Худо номида, онро хилофи дини мубини Ислом мешуморад, сабабҳои мушкилии иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро дар нодурустии мизони иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар ибтидо тарафдорони “Ҳизби Таҳрир” дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд фаъол буданд. Вале аз фаъолияти ин ҳизб ҳоло дар Тоҷикистон асаре дида намешавад, зеро “Ҳизби Таҳрир” пурра ба фаъолияти пинҳонӣ гузаштааст ва муайян намудани шумораи аслии тарафдорони ҳизби мазкур қариб, ки ғайриимкон гаштааст.
Низоми пинҳоншавии роҳбарони ин ҳизби мазкур хело хуб ба роҳ монда шудааст. Масалан, амири ҳизб Ато ибни Халил Абўрушта қаблан сухангўи расмии ҳизб буда, бо рўзноманигорон вохўрӣ мегузаронид ва дар баҳсҳои телевизионӣ ширкат меварзид, аммо, ҳоло макони ҷойгиршавии ў номаълум аст. (Маҷаллаи “Субҳи Хилофат”, №13, июл-августи 2012, саҳ.43).
Сабабҳои асосии паҳншавии ақидаҳои иртиҷоии ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бурдани корҳои тарғиботӣ тавассути ташкил намудани гурўҳҳо, интишор ва паҳн намудани китобча, фита ва варақаҳо буд. Вале солҳои охир, бинобар бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, чораҳои дурусти саривақтии лозима аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон қариб аз байн бурда шудааст.
Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши исломи муосир