Мақола

Положение и перспективы Афганистана: Влияние на безопасность стран Центральной Азии

Чтобы понять кризис в Афганистане, необходимо понять реальность этой страны с внутренней точки зрения, особенно конфликт интересов конфликтующих групп, с точки зрения влиятельных стран региона, особенно Пакистана и Ирана, и за его пределами, особенно США, Великобритания, Россия и Китай должны быть признаны с научной точки зрения. При глубоком, реалистичном и дальновидном понимании можно проводить реалистичную и практическую внешнюю политику в отношении Афганистана, исходя из национальных и государственных интересов.

ИФРОТИҲО АЗ ДИНИ ИСЛОМ СӮИИСТИФОДА МЕНАМОЯНД

Чанде пеш дар фазои иттилоотии ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишвар суханронии ду нимчамуллои афғон дар хусуси вазъи динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус муносибати Ҳукумат ба сатру ҳиҷоб мавриди баҳсу мунозираҳои тулонӣ қарор гирифт. Ин ду нимчамулло бидуни он ки аз вазъи динии ҷомеаи Тоҷикистон огоҳии равшан дошта бошанд, дурӯғу буҳтонро пешаи худ намуда, ба таҳқири миллату давлат ва ҷомеаи фарҳангпешаю динпарвари Тоҷикистон даст заданд. Ҷойи шубҳае нест, ки маълумоти ин ду нимчамуллои кучагӣ ба бофтаҳои дурӯғини ҳаммаслакони тоҷикистонияшон асос меёфт.

ТАВСИФИ МУХТАСАРИ МАФҲУМИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ АЗ ДИДГОҲИ ДИНШИНОСИИ МУҚОИСАВӢ

Нақши дин дар ҳаёти ҷомеаи муосир дар шароити рушди равандҳои ҷаҳонӣ, аз қабили ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ, башиддат меафзояд, аммо ин ҳодисаи нав нест. Муаррихон хуб медонанд, ки афзоиши якбораи омили динӣ дар ҳаёти ҷомеа дар давраҳои тағйиротҳои инқилобӣ ва дигаргуниҳои куллии таърихӣ дар ҳамаи давраҳои гузаштаи таърихи башарият ба назар мерасад. Барои марҳилаи ҳозираи таърихи инсоният, ки рӯйдодҳои сарнавиштсоз ва дигаргуниҳои фундаменталиро ҳамроҳ дорад, низ ҳамин гуна пурзӯршавии нақши омили динӣ дар ҳаёти ҷамъият хос мебошад.

ХУДКУШӢ – ИН РОҲИ ҲАЛ НЕСТ!

Худкушӣ як амали манфӣ ва муқобили табиати поки инсонӣ мебошад. Он дар ҳамаи динҳои осмонӣ ҷурми азим ва аз ҷумлаи гуноҳони кабира буда, манъ карда шудааст.
Худкушӣ аз ҷумлаи амалҳои номатлубе ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар ҷомеа ба чашм мерасад. Ҷомеа бояд бо ҳар роҳ монеи зиёдашавии ин падида гардад.

ТАРБИЯИ АҚЛҲО ВА ШИНОХТИ МАНФИАТҲО ҚУДРАТ АСТ

Ҷойи шубҳа нест, ки имрӯз мафкураи насли муосири иддае аз мардуми Ховари миёна таҳти таъсири омилҳои мухталиф ва тарғиби нодурусти арзишҳои сохта бисёр осебпазир ва тундрав гаштааст. Омили аслии ин агар аз як ҷониб манфиатдорони хориҷӣ бошанд, аз ҷониби дигар бесаводӣ ва низоми нодурусти ташаккули мафкураи илмӣ ва миллии худи онҳост. Мафкураи онҳо дар тамизи муносибати неку бади иттилооти рақамӣ, шинохти манфиатҳо ва муносибати баробарвазн намудан бо онҳо мушкилӣ дорад. Пас, ақлҳо бояд тарбия ёбанд, манфиатҳо бояд шинохта шаванд ва бадиҳо бояд тамиз гарданд.

МУНОЗАРАИ ИМОМ АБУҲАНИФА БО ХАВОРИҶ

Аз имом Абуюсуф ривоят аст, ки гуфт: Ҳангоме ба хавориҷ хабар расид, ки Имом Абуҳанифа маърифати Парвардигорро, яъне тасдиқу иқрорро бидуни рукн будани амал аз асли имон эътибор мекунад ва ҳеҷ касеро ба содир кардани гуноҳ ҳукм ба куфр намекунад, барои мунозараи бо вай 40 нафар хавориҷи шорра, яъне фидоиёни онҳо ба Куфа омаданд ва шамшерҳояшонро аз ғилоф кашида ба Имом Абуҳанифа гуфтанд: Эй Абуҳанифа имрӯз охирин рӯзи ту аз дунё ва аввалин рӯзат аз охират мебошад. Мо ба назди ту бо ду масъала омадем, ки назди мо аз душвортарин масоил мебошанд.

ХАВОРИҶ КИСТ?

Хавориҷ خوارج ҷамоате аз баддинони Кӯфа, ки бар зидди ҳазрати Алӣ (р) қиём карданд ва эшонро бад-ин ҷиҳат хавориҷ гуфтанд.

Маърифати ҳуқуқӣ омили татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

Бунёди ҷомеаи шаҳрвандиву ҳуқуқбунёд, ки Конститутсияи мо онро кафолат додааст, аз шаҳрвандон доштани маърифати волои ҳуқуқиро тақозо менамояд. Аз ин хотир бояд барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамаи имкониятҳои амалӣ шуданашон мавриди истифода қарор гирад.

Страницы

Яндекс.Метрика