Мақола

МАФҲУМ ВА НАВЪҲОИ ЛИБОС ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ

Либос яке аз ихтирооти қадимтарини инсон аст. Дар байни ёдгориҳои давраҳои охири палеолитӣ тарошкордҳои сангӣ ва сӯзанҳои устухонӣ ёфт шудаанд, ки бо онҳо пӯст метарошиданд ва либос медӯхтанд. Дар баробари пӯст, барг, алаф, пӯстлохи дарахт низ ҳамчун либос истифода мешуданд. Шикорчиён ва моҳигирон барои либос пӯсти моҳӣ, рӯдаи ҳайвоноти баҳрӣ, пару пӯсти паррандагонро низ истифода мебурданд. Инсон дар давраи неолит санъати ресидан ва бофтанро ёд гирифта, барои тайёр намудани либос нахи растаниҳои худрӯйро ба кор мебурд.

ДОНИШ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Дар тӯли таърих башариятро ҳар чӣ беҳбуде ва пешрафте шудааст, маҳз, бо шарофати дониш будааст. Донистани ашёю ҳаводиси рӯзгор, донистани хубу бад, зарару фоида, дӯсту душман, муҳити зиндагӣ, сирру асрори табиат ва ҳазорҳо-ҳазор раванду ҳодисаҳое, ки инсонро дар тӯли зиндагияш дунболагирӣ менамоянду ба ҳаёти инсон дар ин ё он шакле таъсиргузоранд, ҳамеша ҳадафи тафаккури инсон қарор доштанд. Ҳар чӣ бештар огоҳӣ аз онҳо ба ҳамон андоза худи инсонро хушҳолу зиндагии ӯро сабуку гуворо сохтааст.

ИТОАТ БА ПОДШОҲ АЗ НИГОҲИ АБУЛҚОСИМ ҲАКИМИ САМАРҚАНДӢ

Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ аз шогирдони мутакаллими тавоно ва зубдаи донишмандони Мовароуннаҳр дар мабоҳиси ақлӣ Абумансури Мотуридӣ (870-944) ва дар баъзе сарчашмаҳои қадимтар аз муосирон ва ҳамдаврони худи вай будааст, вале бо вуҷуди ин ӯро аз уламои насгарои ҳанафӣ донистаанд. «Ас-Саводу-л-аъзам»-и ӯ дар доираи фиқҳи ҳанафӣ яке аз муътабартарин осори фиқҳӣ дар ҳавзаи фиқҳии Мовароуннаҳр дар замони Сомониён буда, то ин ҷониб ҳамчун сарчашмаи муфид истифода мешавад.

КОНСТИТУТСИЯ ВА ДАРКИ МАСЪУЛИЯТИ КОНСТИТУТСИОНӢ

1. Конститутсия сутунмуҳраи назму тартиби ҷомеа.
Вақтҳои охир дар бораи Конститутсия баъзе аз ҳуқуқшиносон низ мисли ҷавонони шиорафкан бо ҳарфҳои баланд ва ҳуввияти хоса ҳарф мезананд. Ин албатта, аз нигоҳи тарғиботу мафкурасозӣ шояд мусбат бошад, вале барои фаҳми моҳияти асли Конститутсия рисолати худшиносии ҳуқуқӣ аз мутахассисони илми хукуқ шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои ҳаётии онро интизорӣ доранд.

АЛОМАТҲОИ СТАТИКӢ ВА ДИНАМИКИИ КОНСТИТУТСИЯ ВА МАСЪУЛИЯТИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ СОҲИБДАВЛАТ

Конститутсияи ҳар давлат, заминаи устувори рушди миллӣ, сиёсӣ ва кафолати ҳуқуқии таъмини амният барои ҳар халқу миллати давлатдор аст. Маҳз Конститутсия хати эътидоли рушди давлатҳоро дар ҳама давру замонҳо таъмин намуда, дар лаҳзаҳои вазнину тақдирсоз, тақдири ҷомеаю халқҳоро бо мизони адолату таъсири баробари меъёрҳои худ нигоҳ медорад.

Худкушӣ амали зишту нораво ва нангбор барои як миллат аст!

Худкушӣ ва ё даст задан ба ҷони хеш амалест, ки боиси нигаронӣ ва ташвиши ҳамагон аст.

Масъалае, ки барои ҳар як миллат нангбор аст.

Худкушӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон дар назди мушкилоти зиндагӣ оҷиз монда, роҳи дигари ҳал намудани мушкилотро намебинад ва таслим мешавад.

Худкушӣ кирдори номатлуб ва даҳшатбори ҷомеа буда, бо шунидани чунин хабари шум кас ба ваҳму таҳайюр меафтад.

Ин амали ношоиста натанҳо ба худи инсон, балки ба хешовандону наздикони ӯ ҷабри зиёд меоварад.

Равоншиносон худкуширо ба се синф ҷудо кардаанд:

ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ИЛМОМӮЗӢ – ОМИЛИ АЗ БАЙН БУРДАНИ СИЁСИСОЗИИ ДИН

Мавзуе, ки ҳоло дар пешорӯи мо қарор дорад, бисёр густурда ва доманадор буда, аз қадимтарин давраҳо зери баҳсу мунозираҳо кашида шудааст. Чун дин эътиқод, пайравӣ, эҳсосот ва падидаи отифӣ дар байни аксари мардуми ҷомеаи ҷаҳон шинохта шудааст, ҳаргиз бо сиёсат, ки падидаи зӯрӣ, маҷбуркунӣ, бадастоварии манфиатҳост, созгор набуд, нест ва нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, омехта кардани ин ду падидаи бо ҳам зид ва олуда кардани кори ин дуро бо якдигар берун аз ақлу тафаккури солим меҳисобем.

МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИХТИЁРӢ

Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон бо меҳнати шоиставу тафаккури волои сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои нодир ва руҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандориву меҳанпарастӣ таҷлил менамоянд.

Истиқлолият воқеан, як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки давлату миллатҳои гуногун солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд харҷ намоянд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд.

Страницы

Яндекс.Метрика