ХУДКУШӢ – ИН РОҲИ ҲАЛ НЕСТ!

Худкушӣ як амали манфӣ ва муқобили табиати поки инсонӣ мебошад. Он дар ҳамаи динҳои осмонӣ ҷурми азим ва аз ҷумлаи гуноҳони кабира буда, манъ карда шудааст.
Худкушӣ аз ҷумлаи амалҳои номатлубе ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар ҷомеа ба чашм мерасад. Ҷомеа бояд бо ҳар роҳ монеи зиёдашавии ин падида гардад.
Худкушӣ, чӣ падидаест? Ба маврид аст, ки каме дар бораи мафҳуми «худкушӣ» маълумоти муфассал пешниҳод намоем. Ин мафҳумро беш аз сад сол пеш (соли 1897) олими ҷомеашинос Эмил Дюркгейм ба арсаи илм дохил кард ва мавриди таҳқиқот қарор дод. Ӯ дар рисолаи илмии худ бо номи «Худкушӣ» («Le suicide») таърифи онро чунин пешниҳод намудааст: «Худкушӣ – ин амалест, ки инсон мақсаднок худро ба қатл мерасонад». Агар тасвири умумии онро пешкаш созем, ба ақидаи бештари олимони ҷомеашиноси дунё худкушӣ – ин рафторест, ки аз натиҷаи номутобиқии равонию иҷтимоии шахс бо ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ бармеояд.
Сабаб дар чист, ки мардум даст ба худкушӣ мезананд? Ба ин савол ҷавоби ягона вуҷуд надорад, зеро ҳар як инсони худкуш барои ба зиндагии худ хотима додан сабаби шахсии худро дорад, ки аз дигарон фарқ мекунад. Вале ҷавоби умумӣ ба ин савол, ки тамоми сабабҳои худкуширо дар худ метавонад ғунҷонад, чунин аст: инсон чун ба вазъияти душворе рӯ ба рӯ мегардад, ки роҳи осони ҳал надорад, умеди беҳбудии вазъияти бавуҷудомадаро аз даст медиҳад ва гумон мебарад, ки ин ҳолат дигар роҳи беҳбудӣ надорад ва ҳаргиз тағйир намеёбад. Аз ин рӯ, роҳи ягонаи халосӣ аз ин вазъиятро ӯ танҳо дар мурдан мебинад ва даст ба худкушӣ мезанад.
Аксари олимон бар он ақидаанд, ки худкушӣ падидаи равонист (психологист) ва барои дарки он зарур аст, ҳолати руҳии инсонеро, ки ба ин амал даст задааст, эҳсос кард. Худкушӣ дар лаҳзаи ҳассостарини ҳаёт рӯх медиҳад, ҳангоме, ки инсон қимат ва арзиши зиндагиро аз даст медиҳад ва дар завқи ӯ ҳаёти ширин ба талхӣ, дар зеҳни ӯ сабукиҳо ба вазнинӣ ва дар чашми ӯ нӯр ба торикӣ мубаддал мегарданд, дар чунин лаҳзаи ногувор ҳеҷ умеде дар бақои ҳаёт дигар боқӣ намемонад, дар натиҷа илоҷи ягонаро дар ин амали номатлуб меёбад.
Дар дини мубини ислом мақоми инсон бисёр баланду гиромӣ буда, фазилату арзишаш беназир аст. Худованд дар Қуръони карим дар сураи Исро, ояти 70-ум мефармояд: «Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ кардем ва дар биёбону дар дарё онҳоро (бар маркабҳои гуногун) барнишондем; ва ба онҳо аз покизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз он чӣ офаридаем, фазли бисёр додем». Пас, аз ҷониби инсон қадр накардани ин меҳрубонии Офаридгор, поймол намудани он ва даст ба худкушӣ задан гуноҳи набахшиданист. Худованд дар сураи Нисо, ояти 29-ум мефармояд: «Ва хештанро накушед. Ба дурустӣ ки Худо ба шумо Меҳрубон аст» ва дар сураи Бақара, ояти 195-ум мефармояд: «Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маяфканед ва некӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад» ва ҳамчунин дар сураи Исро, ояти 33-юм мефармояд: «Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ макушед!».
Мувофиқи фармудаи дини мубини ислом инсон масъул аст, ки ҳамеша нафси худро аз тамоми хатарҳо ҳимоя кунад ва нагузорад, ки бар ҷисму ҷонаш зараре бирасонад. Чунонки пайғамбари ислом Муҳаммад (с) мефармояд: «Дар дини мубини ислом ба худ зиёну зарар овардан ва ё ба дигарон зиёну зарар расонидан иҷозат нест». Худкушӣ – ҷиноятест, ки инсон худро бо дасти худ ба оташи дӯзах мекашонад. Имом Муслими Нишопурӣ бо иснодаш аз Абуҳурайра (р) ривоят кардааст, ки пайғамбари ислом Муҳаммад (с) гуфтааст: «Ҳар касе бо ҳар роҳе худро кушт, бо ҳамон шакл ҷазо мегирад. Касе худро бо ҳар олоте ба қатл расонид, дар даруни оташи дӯзах ҳамеша он олотро дар шиками худ мехалонад. Касе, ки худро аз баландии куҳ партояд, ӯро ҳамеша дар қаъри оташи дӯзах мепартоянд» (ниг.: Саҳеҳи Муслим, боб дар баёни ҳаром будани худкушӣ, ҳадиси 313).
Имом Байҳақӣ бо иснодаш аз саҳобии ҷалил Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят кардааст, ки пайғамбари ислом Муҳаммад (с) гуфтааст: «Ҳеҷ гоҳ орзуи маргро накунед, зеро ки даҳшати марг сангин аст. Ҳамоно саъодатмандии инсон дар он аст, ки Худованд барои ӯ умри дароз ва қаноатмандӣ насибаш гардонидааст» (ниг.: Шуаб-ул-имон, боб дар баёни зуҳд, ҳадиси 10105).
Аз имом Бухорӣ чунин ривоят шудааст, ки пайғамбари ислом Муҳаммад (с) гуфтааст: «Марде захме дошт (сабру таҳаммул накарда), худро кушт. Худои азза ва ҷалла гуфт: «Бандаи ман дар (гирифтани) ҷони худ бар ман пешдастӣ кард, Ман ӯро аз ҷаннат маҳрум гардонидам» (ниг.: Саҳеҳи Бухорӣ, боб дар баёни шахсе, ки худро ба қатл мерасонад, ҳадиси 1364).
Ин оятҳои Қуръон ва аҳодиси набавӣ далел бар онанд, ки дини мубини ислом худкуширо ҳаром гардонида, сахт маҳкум кардааст.
Худованд барои бандааш ҳаёти ширину гуворо бахшидааст ва пайваста ӯро барои расидан ба саодатмандиаш кӯмак мекунад. Худованд дар сураи Раъд, ояти 28-ум ба инсон хитоб карда фармудааст: «(Эй инсон) Огоҳ шав (ва бидон), ки дилҳо ба ёди Худо ором мегиранд!» Пас, мо бояд бидонем, ки Худованд ҳаётро барои мо инсонҳо азизу гиромӣ гардонидааст ва мехоҳад, ки ӯро пайваста ёд бикунем ва хушбахтона дар рӯйи замин зиндагӣ бикунем ва бар нафси худ ва бар нафси дигарон зарар нарасонем.
Ҳамин тариқ, ҳангоме, ки Худованд ба мо инсонҳо неъмати бузург – ҳаётро додааст, вазифаи мост, ки онро муқаддас нигоҳ бидорем. Ва нашояд, ки бар муқобили ин хости Худованд амал намоем. Аз ҷониби дигар, расонидани ёрию кӯмак ба шахсе, ки бар асари мушкилоти зиндагӣ аз ҷони худ безор шуда, роҳи ҳалли онро танҳо дар худкушӣ мебинад, вазифаи муқаддаси инсонии ҳар яки мост.

Наҷотзода Мутеуллоҳ Абдулқосим – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ

Яндекс.Метрика