Мақола

Баъзе осори динӣ дар замони Сомониён

Сомониён некӯномтарин дудмони ҳукуматгари таърихии мост ва бешак рамзи ҷовидонагии ин даврон таъмини амният барои мардум ва дастовардҳои азими фарҳангию илмии он рӯзгор маҳсуб мегардад, зеро мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ба пуштибонии Сомониён пас аз ду қарн талошу пайкор муҷаддадан дар арсаҳои сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангу ҳунар ҳузури худро эълом карда, дар канори эҳё ва тадовуми тамаддуни бостонӣ аз ойину суннати исломӣ нигаҳбонӣ карда, нобиғаву номдорони фаровонеро дар тамоми арсаҳо ироа доданд.

Мушкилоти ба расмият шинохтани ҳаракати Толибон

Чанд муддат аст, ки ҳаракати Толибон Афғонистонро зери тасарруфи худ гирифтаанд. Бо вуҷуди оне, ки дар замони ҳокимияти пешини Афғонистон ин ҳаракатро Покистон ва баъзе кишварҳои арабӣ ба расмият мешинохтанд, баъди ба сари қудрат омаданашон, ҳатто Покистон, ки аксарияти сиёсатмадорон Толибонро ячейкаи он меҳисобанд, онро ба расмият нашинохт. Кишварҳои арабӣ, ки бештар бо идеологияи толибон шабоҳат доранд, на танҳо ба расмият нашинохтанд, балки бар зидди онҳо эътироз карданд.

Светское государство Таджикистан и проблема политизации ислама: анатомия проблемы и механизмы решения

Холикзода А.Г.[1]

Светское государство Таджикистан и проблема

политизации ислама:

ҒОЯҲОИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР «ШОҲНОМА»-И А. ФИРДАВСӢ

ҒОЯҲОИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР «ШОҲНОМА»-И А. ФИРДАВСӢ

 

«Шоҳнома» бузургтарин асари бадеӣ аст, ки саршор аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯсти, мебошад. Он зери нуфузи ҳаракатҳои миллӣ – озодихоҳӣ, истиқлолҷӯӣ, фарҳанги бузурги Эрони бостон навишта шудааст ва ифтихори миллии эрониён (тоҷикон)-ро бо эҳсоси ватандӯсти, озодихоҳии мардуми эронитабор пайваст сохта аст. Ватан ва васфи он шарифтарин ғоя барои мардуми бузурги фарҳангу адаби тоҷикон аст. Аз «Шоҳнома» дида балантар баёни эҳсосоти ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар адабиёти тоҷик вуҷуд надорад:

Такмили дониши сиёсӣ ва динӣ-ҳуқуқии имомхатибон ва воизони дин омили муҳими паст намудани таассуби динии насли ҷавон

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки ҷомеаи солим аз шахси солимфикр, махсусан ҷавони солимандеша бунёд меёбад. Баръакс, ҳар чӣ қадаре аҳли ҷомеа ҳомили андешаҳои носолим ва кӯҳнаи асримиёнагӣ бошад, ба ҳамон андоза пешрафти ҷомеа душвор гардида, аҳли он дучори мушкилоти мухталифи моддию маънавӣ мегардад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки новобаста аз инкишофи босуръати илму техника дар қарнҳои XX-XXI иддае аз кишварҳои мусулмоннишин то ба имрӯз пойбанди арзишҳои қадимаи асримиёнагӣ боқӣ мемонанд.

Достон аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддинӣ Балхӣ

Дидори Луқмон бо Довуд (а)

Рафт Луқмон  сӯи Довуди Сафо,

Дид, к-ӯ мекард з-оҳан ҳалқаҳо.

Ҷумларо бо ҳамдигар дармефиканд,

З-оҳани пӯлод он шоҳи баланд.

Санъати заррод ӯ кам дида буд,

Дар аҷаб монд, васвосаш фузуд.

Луқмон ба дидори Довуди паёмбар рафт. Дид Ӯ аз оҳан ҳалқаҳое месозад ва онҳоро дарҳам меканад. Луқмон зиреҳ надида ва аз санъати зиреҳсозӣ бехабар буд. Аз ин рӯ, надонист Довуд чӣ мекунад ва чӣ месозад? Хост суол кунад, аммо бо худ гуфт: -Сабр кардан беҳтар аст, зеро сабр инсонро зудтар ба мақсуд мерасонад:

Таҳдиди ифротгароии хушунатомез ба ҳувийяти фарҳангӣ ва миллӣ 2 қисм (ДАВОМ ДОРАД)

 
Чуноне ки гуфтем, дини ислом ба ҳайси идеологияи миллии араб зуҳур ёфта, вазифаи таърихи худ, яъне дар зери парчами идеяи тавҳид пиёда сохтани орзую ормони арабро барои таъсиси давлати ягонаи миллӣ ва хилофат анҷом дод. Барои он ки қабоили гуногунмазҳаб ва аз нигоҳи сиёсӣ парокандаи арабро дар давлати ягона муттаҳид созад, ислом аз ибтидо ба муқобили тарзи хаёти қабилавӣ (асабия) баромада, ваҳдати диниро аз ҳама гуна умумияти иҷтимоӣ-таърихӣ, бавижа авлодӣ-қабилавӣ, боло гузошт.

Шахсияти Муҳаммад ва мусулмонии мо

Суҳбате, ки чанде пеш байни ин ҷониб  ва яке аз муҳоҷирони меҳнатии ба қарибӣ аз Россия баргашта сурат гирифт, сабаби асосии дар мақола матраҳ гардидани масъалаи мазкур ҳамчун масъалаи доғи рӯз маҳсуб меёбад. Вақте муҳоҷири мазкурро дар хусуси вазъи будубош ва шароити меҳнат дар муҳоҷират пурсон шудам, баъд аз таърифу тавсифи зиёд ва тарзи муносибати ахлоқии онҳо суханашро бо ҷумлаи зерин ба анҷом  расонид: «Онҳо воқеан ҳам мусулмонони ҳақиқӣ ҳастанд».

Страницы

Яндекс.Метрика