Мақола

Чанд андеша дар ҳошияи «Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон»

Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем, мову шумо дар моҳи мубораки Рамазон қарор дорем. Моҳи шарифи Рамазон ба худ фазилату раҳмати зиёд дорад. Дар баробари раҳматаш аз мо масъулияти баландро низ талаб менамояд. Ҳар як бандаи мусулмон, дар баробари худдорӣ кардан аз хӯрдану ошомидан, ба корҳои хайру савоб, мисли додани садақа, дастгирии оилаҳои ниёзманд, аёдати беморон ва амсоли инҳо масъул гардидааст.

Шогирдони имом Абуҳанифа ва ноқилони фиқҳи ӯ

Донистани фиқҳ ва манҳаљи Имом Абуҳанифа барои наслҳои баъдӣ танҳо ба воситаи кору фаъолият ва таълифу тадвини шогирдони ӯ имконпазир гаштааст. Ёрони Имом дар ҳалқаи дарс бо ӯ масоили мухталифро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, пас аз расидан ба як раъйи муайян онро китобат мекарданд. Ба ин муносибат лозим аст, то дар се маврид мулоҳиза ва ибрози назар шавад.

С какого возраста можно поститься детям и как правильно питаться в Рамазан?

«Священный месяц Рамазан как один из столпов священной религии Ислам является испытанием человеческого духа и тела, призывает людей к терпению, уважению друг к другу, милости и оказанию помощи нуждающимся и бедным».
Эмомали Рахмон
 

Моҳият ва зарурати таҳаммулпазирӣ

Дар шароити авҷ гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутунд гардидани бархӯрди арзишҳо, махсусан арзишҳои дунявию динии бунёдгаро мақом ва нақши фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа ниҳоят бузург арзёбӣ мегардад. Ногузирии ҳамзистии фарҳангҳои гуногун ва зарурати пешбурди ҳаёт инсонро водор  сохтааст, ки роҳи созишу муросо ва сабру таҳаммулро коркард намояд ва ба зиндагӣ бо нигоҳи нав – некбинонаю хайрхоҳона назар кунад.  

Дар бораи як китоби дарсӣ

«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури  дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат», «тоҷик», «тоҷикият», «давлати миллӣ», «манфиатҳои миллӣ», «хештаншиносӣ», «худшиносии миллӣ», «истиқлоли миллӣ» ва «ҷаҳонбинии илмӣ» ҳамсанг аст. Ҳамзамон бо ин, мафҳуми «афкори дунявӣ» барои мардуми олам,  аз ҷумла тоҷикон сухани нав нест», навиштааст профессор Саймумин Ятимов дар мақолаи худ зери унвони «Дар бораи як китоби дарсӣ»ки қаблан дар воситаҳои ахбори омма нашр шуда буд.

Диде ба ХУРОФОТ

 Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.

                   (Дар Ҳошияи Паёми Пешвои миллат аз 21.12.2022)

        Вақти он аст, ки аз хоби ҷаҳолат сари хеш,

      Бар канӣ, то ба сарат барвазад аз илм насим. Мавлоно

Баъзе фоидаҳои равонӣ ва иҷтимоии моҳи Рамазон

Рӯза яке аз фаризаҳои дини Ислом буда, бо мутаваҷҷеҳ сохтани инсоният ба сӯи Худованд боиси эҷоди навъе оромиши рӯҳӣ ва равонӣ дар инсон мешавад, ки метавонад дар худсозӣ, муқобила бо стресс ва дар натиҷаи коҳиши ихтилоти равонӣ таъсиргузор бошад ва саломатии равонии шахсро, монанди паст намудани асабоният, коҳиши шумораи худкушӣ ва коҳиши омори ҷинояткориро дар бар гирад.

Агарчи бисёриҳо бар он назаранд, ки рӯза як масъалаи шахсист, вале нигоҳ ба ин ибодат аз ҷиҳати иҷтимоӣ метавонад пеш аз ин ки шахсӣ ҷилва диҳад, бештар иҷтимоӣ ба назар расад.

Масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ

    

Имрӯз дар доираи ҳамкории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ нишасти илмӣ бо иштироки намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, имомхатибон ва намояндагони қишрҳои дигари ҷомеа баргузор гардид.

         Дар рафти вохӯрӣ масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва таъсири  манфии андешаҳои ифротӣ дар ташаккули тафаккури чомеа  ва дигар мавзӯъҳои тахассусӣ суҳбат шуд.

Страницы

Яндекс.Метрика