БАЪЗЕ НУКОТ ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Ба ҳамагон маълум аст, ки тарбияи фарзанд сараввал аз оила оғоз меёбад. Ҳар як падару модаре, ки фарзандро ба дунёи ҳастӣ меоваранд, бояд вазифаи худро танҳо аз ғизо додан ба фарзанд ва ба воя расонидани вай иборат надонанд, онҳо инчунин дар тарбияи хуби ахлоқӣ ва таълими замонавӣ гирифтани фарзанд бояд масъулияти ҷиддӣ ҳис намоянд. Оила аввалин мактаби такомули ахлоқ ва одобу интизом аст.

ХАТАРҲОИ ФАЗОИ МАҶОЗӢ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Қисми III

Роҳҳои пешгирӣ.  Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар мулоқоте, ки рӯзи  20.02.2019 бо намояндагони ВАО доштанд, таъкид намуданд, ки “ВАО бояд сипари боеътимоди ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурӣ бошад” [2].  Аз ин рў бузургтарин роҳи пешигирӣ ин таҳким бахшидани ВАО ба ҳисоб меравад.

Фазилати мисвок ва хилол дар китоби «Ас-саводу-л-Аъзам»-и имом Абулқосим Исҳоқ ибни Иброҳим Ҳакими Самарқандӣ

«Ас-саводу-л-Аъзам» яке аз сарчашмаҳои қадими мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дар баёни ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат буда, соли 290 ҳ./902-903м. бо супориши амир Исмоили Сомонӣ ва бо машварати фақеҳони бузурги Мовароуннаҳр аз тарафи имом Абулқосим Исҳоқ ибни Иброҳим Ҳакими Самарқандӣ (ваф. 342 ҳ./953 м.) ба забони арабӣ таълиф шудааст ва сипас онро бо фармони Нӯҳ ибни Мансур тақрибан соли 370 ҳ./980 – 981 м. ба забони форсӣ тарҷума кардаанд. Ин асар дар шумори куҳан¬тарин намунаҳои насри форсизабон ва сабки куҳани тарҷумонӣ аст.

ДУНЯВИЯТ - ИН БЕДИНӢ НЕСТ

                                                                     Қисми III.

Бунёдгароёнро ҷуз мутобиқшавӣ чора нест!

Огоҳӣ бо афкори пешқадами баъзе уламои дурандеш ва амиқфикри исломӣ бори дигар собит менамояд, ки раванду падидаҳои дунявии ҷомеа ба дин ва афкори динии ҷомеа ҳатман таъсир мерасонанд, яъне шуълаҳои офтоб дар сатҳи зарурӣ ҳатман самар хоҳанд дод.

Баъзе ҳадисҳои паёмбар (с) дар бораи шахси фавтида

Аз Оиша (р) дар мавриди хулқи паёмбари Худо (с) пурсида шуд: Гуфт, хулқи Ӯ Қуръон буд. Мо агар пайрави Ӯ бошем бояд, ҳади ақал аз гуфтори бад дурӣ биҷӯем то сазовори пайравиаш бошем.

Имом Термизи, Абу Довуд ва Ибн Ҳибон аз Ато ибни Абу Рабоҳ аз ибни Умар, ривоят кардаанд, ки паёмбар (с) гуфт: Некиҳои гузаштагонатонро ба ёд оред ва аз зикри корҳои бадӣ онҳо боз истед. 

Имом Бухорӣ ҳадисеро, ривоят мекунад, паёмбар (с) гуфт: Мурдагонро бад нагӯед, зеро ки онон ба он чи пеш фиристодаанд, расидаанд.

Шахсият ва осори Мавлоно

Муаллифони аксари сарчашмаҳо таъкид бар он доранд, ки Ҷалолуддин аз хурдсолӣ дорои ақлу ҳуши даррок ва маърифати кофи буд.

ДУНЯВИЯТ - ИН БЕДИНӢ НЕСТ

Қисми II.

Страницы

Яндекс.Метрика