Дар ташаккули шахсияти фарзандон падару модаронро масъулияти бештар мебояд!

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки солимии миллат аз солимии ҷисмонӣ ва маънавии насли ҷавон вобастагии зич дорад. Бидуни шак солимии маънавии насли ҷавон, махсусан дар шароити имрӯза - дар шароити тезутунд гардидани равандҳои глобализатсионӣ ва бархӯрди аришҳои тамаддунҳои мухталиф боз ҳам муҳимтару мубрамтар ва заруртару ҳатмӣ гардида истодааст.

Суханони пурҳикмати Имом Бухорӣ

Мақоли мардумие ҳаст: Агар  хоҳӣ  номат дар саҳифаи таърих ба некӣ ёд  шавад чизе навис, ки шоистаи хондан бошад, ё коре бикун, ки шоистаи  навиштан бошад”.

Гузориш аз рафти сафари кории нақшаи муштараки Маркази исломшиноӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1.06.2021 №41253 (34) ва Нақшаи муштараки Маркази исломшиноӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани ҳи

Арзишҳои маънавӣ ва таҳаммулгароии мероси тасаввуфу ирфон

ҚИСМИ III

Абдураҳмони Суламӣ 

Абдураҳмон Муҳаммад ибн-ал-Ҳусайн ибн Муҳаммад ибн Мӯсо ас-Суламӣ ал-Аздӣ ан-Нишопурӣ 4 апрели соли 936 м. ба дунё омада, 12 ноябри соли 1021 вафот кардааст.

Суламӣ дар назди худ ҳадафи пайвастани шариатро бо тасаввуф гузошта буд, аз ин рӯ вазифаи муҳимтарин дар ин ҷо асосноксозии мақарароти асосии тасаввуф, қабл аз ҳама мутобиқи Қуръон маҳсуб меёфт. Асарҳои «Амсол-ул-Қуръон» ва «Ҳақоиқ-ут-тафсир»-ро ӯ ба ин мавзӯъ бахшидааст.

Ҷанбаҳои фалокатовари таълимоти «Ихвону-л-муслимин»

Зимни омӯзиши муқоисавии динҳои гузашта ва имрӯза, махсусан зимни таҳқиқи риояи талаботу муқаррароти динӣ аз тарафи диндорон равшан мегардад,  ки иҷрои талаботҳои динӣ дар зери таъсири равандҳои дунявӣ зарурат ва аҳамияти иҷтимоии худро барои худи диндорон хеле аз даст додаанд ва дода истодаанд. Албатта, хосияти зоҳирӣ, сатҳӣ, риёкорона, ғайрисидқӣ, фиребгаронаро касб намудани иҷрои фароизи динӣ аз тарафи иддае аз мусулмонон бо шумули ҳатто баъзе аз пешвоёни дин низ далеле тақозо наменамояд, зеро он хосиятҳоро бо чашми оддӣ  мушоҳида намудан душвор нест.

Нақшаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати анҷом додани суҳбат бо сокинони ноҳияи Панҷакент

Мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияи Панҷакент Сардори шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Сайфуллоҳ Муллоҷонов мувофиқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ дар шаҳру навоҳии Панҷакент қарор дошт.

Нақшаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати анҷом додани суҳбат бо сокинони вилояти Хатлон

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барои  иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстримизми динӣ ва бегонапарастӣ баён шудаанд,  Гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи дин, танзим

Расми хуби тоҷиконро гум макун!

Имрӯзҳо Президенти кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сафари расмии дуруза ба Тоҷикистони азиз ташриф овард. 

Мардуми тоҷик мақоли хубе дорем: “Аз хеши дур, ҳамсояи наздик беҳтар”, зеро аз хеши дур дида ҳамсояи хуб ба мушкилоти ту расидагӣ мекунад. чунон ки аз вожаи худи “ҳамсоя” маълум аст, яъне ҳамеша дар канори якдигар ва дар сояи ҳамдигар дар ғаму шодии ҳамдигар шариканд. 

Страницы

Яндекс.Метрика