ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ НАВБАТИИ ҲХДТ

Муҳтарам Раис ва иштирокчиёни гиромии ҷаласаи КИМ ҲХДТ.
Масъалае, ки имрӯз ба сифати мавзуи марказии Пленуми ҲХДТ баррасӣ мегардад, аз зумраи масоили тақдирсозӣ сиёсӣ ва давлатист, ки пояи устувории ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва амнияти иттилоотии кишвар аз он сахт вобастагӣ дорад.

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 17 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати муовини якуми Раиси ҳизб, Абдуҷаббор Азизӣ маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 18 июли соли 2024 №402
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод намудани Убайдулло Н.К.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Убайдулло Насрулло Каримзода аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

Маърифати ҳуқуқӣ омили татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

Бунёди ҷомеаи шаҳрвандиву ҳуқуқбунёд, ки Конститутсияи мо онро кафолат додааст, аз шаҳрвандон доштани маърифати волои ҳуқуқиро тақозо менамояд. Аз ин хотир бояд барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамаи имкониятҳои амалӣ шуданашон мавриди истифода қарор гирад.

МУНОСИБАТҲОИ ГЕОПОЛИТИКИИ ҶАҲОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Ҷаҳони пуртазоди муосир, ки ин ҳама таҳаввулотҳои сангинро ба сари давлатҳои ҷаҳон оварда истодааст ва бархе аз давлатҳо дар муқобили ин гуна таҳаввулотҳо оҷиз мондаанд, бояд ҳар як фарди тоҷик аз соҳиби истиқлоли сиёсӣ будан ифтихор намояд. Зеро имрӯз баъзе аз миллатҳое дар сайёраи Замин ҳастанд, ки истиқлоли сиёсӣ надоранд ва ё онро аз даст додаанд.

Аз ҳамин лиҳоз , истиқлоли сиёсӣ барои миллати тоҷик ҳадяи бузурги таърих мебошад ва ҳифзи ин неъмати бузург вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди тоҷик мебошад.

ИСРОФКОРӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Дини мубини ислом баҳра бардоштан аз неъматҳои илоҳӣ ва зебогии зиндагиро мубоҳ ва раво, исрофу зиёдаравиро ҳаром ва нораво медонад. Ин бад-он ҷиҳат аст, ки мусулмон бо таносуби имконият ва тавоноии худ дар баробари ҷомеа масъулият доранд.
Аз ҳадду андоза гузаронидан дар тамоми коре, ки инсон анҷом медиҳад, ин исроф мебошад. Дар як қатор оятҳои Қурони карим ва аҳодиси набавӣ ҳаром будани исроф ва зиёдаравию худнамоӣ аз амалҳои номатлуб шинохта шуда, манъ будани онҳо таъкид шудааст.

ҲИФЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ХУДШИНОС

Асоси ҳастии ҳар миллатро фарҳанги ӯ ташкил менамояд. Фарҳанг чунин унсури муҳимест, ки дар тӯли садсолаю ҳазорсолаҳо миллатро аз нобудшавӣ ҳифз менамояд ва ба он умри пояндаю бардавом мебахшад. Ба хотири ҳамин нақши созандаю ҳаётбахши фарҳанг қишрҳои худшиносу меҳанпарасти миллат дар тули таърих пайваста барои ҳифзи фарҳанги худ тавассути офаридани асарҳои илмию фарҳангӣ кӯшидаанд.

ҚИССАИ ЗАНИ ПОКСИРИШТ ВА МӮСО(А)

Гӯянд зани зебо ва поксириште назди ҳазрати Мӯсо (а) омад ва ба ӯ гуфт:
- Эй Паёмбари Худо барои ман дуъо кун ва аз Худо бихоҳ, ки ба ман фарзанди солеҳе ато намояд, то қалбамро шод кунад.
Ҳазрати Мӯсо дуъо кард, ки Худо ба ӯ фарзанде ато кунад.
Нидо омад аз ҷониби Худованд: "Эй Мӯсо ман он занро ақим ва нозо офаридаам".
Ҳазрати Мӯсо ба зан гуфт, ки Худованд туро ақим офаридааст.
Зан рафт ва як сол баъд баргашт ва боз гуфт:
- Эй Мӯсо дуъо кун, ки Худованд ба ман фарзанде ато кунад.

Страницы

Яндекс.Метрика