Дини мубини ислом баҳра бардоштан аз неъматҳои илоҳӣ ва зебогии зиндагиро мубоҳ ва раво, исрофу зиёдаравиро ҳаром ва нораво медонад. Ин бад-он ҷиҳат аст, ки мусулмон бо таносуби имконият ва тавоноии худ дар баробари ҷомеа масъулият доранд.
Аз ҳадду андоза гузаронидан дар тамоми коре, ки инсон анҷом медиҳад, ин исроф мебошад. Дар як қатор оятҳои Қурони карим ва аҳодиси набавӣ ҳаром будани исроф ва зиёдаравию худнамоӣ аз амалҳои номатлуб шинохта шуда, манъ будани онҳо таъкид шудааст.
Ба ҳар ҳол, исроф амале аст, ки мамнуъу маҳкум ва мавриди хашми Худованд аст ва он бо шиддат манъ шудааст.
Худованд дар Қуръони карим дар сураи Аъроф ояти 31-ум чунин мефармояд: «Кулу вашрабу ва ло тусрифу иннаҳу ла юҳиббу мусрифин». Маънои ин оят чунин аст: «Бихуред ва биёшомед ва исроф накунед, Худованд исрофкоронро дӯст намедорад».
Дар Қуръони карим калимаи «исроф» дар 23 маврид истифода шудааст. Дар ҳар маврид маънову мафҳуми хоси худро дорад, аз қабили:
1. Дар сураи Анъом, ояти 122-юм чунин омадааст: «Казолика зуййина лил мусрифина мо конӯ яъмалӯн». Маънои ин оят чунин аст: «Инчунин барои исрофкорон корҳояшон зиннат дода шудааст»;
2. Дар сураи Шуъаро, ояти 151-ум чунин омадааст: «Ва ло тутиъӯ амрал мусрифӣн». Маънои ин оят чунин аст: «Итоати фармони исрофкоронро накунед»;
3. Дар сураи Ҳаҷ, ояти 30-юм чунин омадааст: «Инналлоҳа ло яҳди ман ҳува мусрифул каззоб». Маънои ин оят чунин аст: «Худованд исрофкору дуруғгӯйро ҳидоят намекунад»;
4. Дар сураи Қасас, ояти 4-ум чунин омадааст: «Ва инна Фиръавна ъало фил арзи ва аннаҳу кона минал муфсидӣн». Маънои ин оят чунин аст: «Ба ростӣ Фиръавн бартариҷӯйӣ ва туғён дар замин раво дошт ва ӯ аз ҷумлаи фасодкорон буд».
Дар Қуръони карим инчунин оятҳое, ки сирф ҷанбаҳои иқтисодии исрофро доранд, оварда шудааст. Аз қабили: 1) сураи Анъом, ояти 141; 2) сураи Аъроф, ояти 31; 3) сураи Фурқон, ояти 67; 4) сураи Исро, оятҳои 26-27.
Бинобар ин, исроф аз ҷанбаи иқтисодаш бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. Чунки исроф яке аз офату буҳронҳои бузурги иҷтимою иқтисодӣ буда, оқибат фақирию бенавоиро ба миён меорад.
Маҳз, ҷанбаи иқтисодии исроф аст, ки ҳар фарди ҷомеа новобаста аз вазифа ва масъулияте, ки дар назди Худованд ва ҷомеа дорад, мебояд дар зиндагии хеш сарфаву сариштакориро пешаи худ қарор дода, аз исрофкорию худнамоӣ ва зиёдаравӣ дурӣ ҷуяд.
Пайғамбари дини мубини ислом Муҳаммад (с) гуфтааст: «Ҳар кас дар дахлу харҷи худ миёнаро ихтиёр кунад, Худованд ҳеҷ гоҳ муҳтоҷаш намекунад ва ҳар касе, ки исроф ва худнамоӣ кунад, Худованд фақираш мегардонад».
Зербинои офариниш бо назму низоми муайян гузошта шудааст. Чунонки Худованд дар Қуръони карим дар сураи Қамар, ояти 49-ум фармудааст: «Ва куллу шайин халақноҳу би қадарин». Маънои ин оят чунин аст: «Мо ҳар чизро бо андозае офаридаем». Мақсад аз овардани ояти зерин дар ин ҷо он аст, ки инсоният бояд дар зиндагиаш аз андозаи муайянгардида нагузарад, ба исрофу худнамоӣ роҳ надиҳад.
Дар Қуръони карим дар сураи Оли Имрон, ояти 147-ум чунин омадааст: «Раббано ағфир лано зунубуно ва исрофано». Маънои ин оят чунин аст: «Худовандо хатогиҳову исрофкориҳои моро бубахш».
Се намуд исрофе аст, ки дар ҳама ҷо ва ҳама ҳолат новобаста аз шахсият ва вақти муайян ҳаром, яъне манъшуда мебошад.
1. Беҳуда сарф кардани молу маҳсулот ва беҳуда партофтани он, ҳарчанд, агар он мол кам ҳам бошад. Монанди бақияи оби зарфро рехтан дар ҷое, ки об камёб бошад ва он миқдор рафъи ниёз мегардад. Шайх Аттор дар Чаҳор китоб гуфтааст:
Макун исроф мои (оби) маҷҷонӣ (бепул),
Чун ва ло тусрифӯ (сарфи беҳуда) ҳаме хонӣ.
Бубинед, бузургони мо то чӣ қадар бо амиқ андеша мекарданд, ҳатто сарфаҷӯӣ дар обе, ки бемаҳдуд аст, ба мо дар бобати сарфаю сариштакорӣ тавсия медоданд. Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки чӣ қадар аҳолии курраи Замин ба оби ошомиданӣ ниёз доранд ва чӣ танқисиҳое, ки аз норасоии оби тоза мекашанд.
Беҳуда нест, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028 даҳсолаи «Об барои рушди устувор» эълон гардид. Ва ин ибтикори Пешвои миллатамон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи олам, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Даҳҳо ҷаласаву нишастҳои дастаҷамъонаи дигар барои ҳифзи пиряхҳост, ки далели гуфтаҳои болост.
Ба ин монанд шуда метавонад, либосе, ки қобили истифодаи дигарон бошад, нигоҳ доштан ё партофтани хуроке, ки тоза аст ва ба ниёзмандон надодани он.
2. Инчунин хурдан ва ошомидани чизҳое, ки ба ҷисми инсон зарар дорад, ин ҳам ба исроф дохил мешавад, ба монанди: хамру сигор ва амсоли инҳо.
3. Сарф кардани пулу мол ба чизҳое, ки худ шаръан ҳаром ва манъ аст, ба монандӣ: харидани шароб, олоти қимор ва амсоли инҳо.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо дастгириву пуштибонии Ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум тавонистанд сатҳи зиндагии худро боло баранд. Аммо бо боло рафтани сатҳи зиндагӣ, мардуми кишвар имкон пайдо намуданд, ки ҷашну маросимҳоро бо шукӯҳ ба роҳ монанд. Ба исрофкорӣ, инчунин харҷи аз ҳад зиёди пулию молӣ роҳ додани баъзе шаҳрвандони кишвар, танҳо ба хотири худнамоӣ ва худро дар ҷомеа аз дигарон боло гузоштан анҷом дода мешуд.
Ба ин зиёдаравию худнамоиҳои аз ҳад зиёда нигоҳ карда, баъди муҳокимарониҳои васеъ ва пешниҳодҳои бешумори шаҳрвандон 8-июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард. Ба ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросими динӣ аз 24-майи соли 2007 зикр намуданд, ки «Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ, маросими динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем (ниг.: Эмомали Раҳмон. Суханронӣ дар ҷамъомади умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ аз 24.05.2007 // Ҷумҳурият, № 62 (21269), аз 26.05.2007).
Ҷанбаи маънавии қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки он хислати инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ дошта, исрофкориро ҳамчун амали номатлуб эътироф менамояд.
Аз лиҳози иқтисодӣ қонуни мазкур омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум тавассути роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, бенизомӣ ва харҷу исрофи зиёдатӣ дар гузаронидани ҷашну маросим, аз як тараф вазъи молиявии шаҳрвандонро касод ва ҳолати руҳии онҳоро хароб намояд, аз тарафи дигар ҳисси нотавонию бадбиниро дар байни мардум вусъат медиҳад. Бинобар ҳамин, мо шаҳрвандон набояд дар зиндагии ҳамарӯзаамон ба зиёдаравию худнамоӣ ва исрофкорӣ роҳ диҳем.
Шокиров Умедҷон Усмоналиевич – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон