Гӯянд зани зебо ва поксириште назди ҳазрати Мӯсо (а) омад ва ба ӯ гуфт:
- Эй Паёмбари Худо барои ман дуъо кун ва аз Худо бихоҳ, ки ба ман фарзанди солеҳе ато намояд, то қалбамро шод кунад.
Ҳазрати Мӯсо дуъо кард, ки Худо ба ӯ фарзанде ато кунад.
Нидо омад аз ҷониби Худованд: "Эй Мӯсо ман он занро ақим ва нозо офаридаам".
Ҳазрати Мӯсо ба зан гуфт, ки Худованд туро ақим офаридааст.
Зан рафт ва як сол баъд баргашт ва боз гуфт:
- Эй Мӯсо дуъо кун, ки Худованд ба ман фарзанде ато кунад.
Ҳазрати Мӯсо дуъо кард ва Худованд фармуд: "Ман ӯро аким ва нозо офаридаам".
Ҳазрати Мӯсо ба зан гуфт, ки Худованд мефармояд, ки туро ақим офаридааст.
Он зан рафт. Пас аз як сол
Ҳазрати Мӯсо ҳамон занро дид дар ҳоле, ки фарзанде дар оғӯш дошт.
Пурсид:
- Фарзанди кист?
Ҷавоб дод: -Фарзанди ман аст .
Пас Мӯсо ба Худованд сӯҳбат кард ва гуфт:
- Бор Илоҳо, чӣ гуна ин зан фарзанде дорад дар ҳоле ки Ту ӯро ақим офаридаӣ.
Пас Худованд фармуд:
"Эй Мӯсо, ҳар боре ту ба ӯ гуфтӣ Худованд туро ақим офаридааст, ӯ маро Раҳим хонд.
Пас раҳматам бар тақдир ва сарнавишт пеш гирифт.
Гирдоваранда: Абдуллоҳи Қодирӣ