«ТОҶИКИСТОН ЯГОНА-БАДАХШОН НИГИНИ ОН». Таҳти ин унвон дар ноҳияи Роштқалъа вохӯрӣ бо сокинон доир гардид.

Дар таърихи 16 июни соли 2023 дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо сокинони касбу кори гуногуни ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор гардид.

Машварати корӣ

15 июн дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент, роҳбарони як қатор идораву кумитаҳои давлатӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ машварати корӣ доир карданд.

Вохӯриҳои судманд бо сокинони ҷамоатҳои Пилдон, Наврӯз ва Нӯрафшон

Санаи 7 июни соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш бо сокинони Ҷамоатҳои Пилдон, Наврӯз ва Нӯрафшон суҳбату вохӯрӣ бо иштироки гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сабоҳат мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфзода Файзигул сардори шуъбаи  иттиҳодияи динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўоти “Ҷудошавии оилаҳои ҷавон, на

БУЗУРГТАРИН ГАНҶ ДЎСТӢ АСТ

Некномӣ хоҳӣ, эй дил, бо бадон суҳбат мадор,

Худписандӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад.

Ҳофиз

Сино мегуяд: Айби мардум бипӯш! Ва дин ба дунё мафурӯш!

Дўст агар ғамхор бошад мисли у ғамхор бош,

Дўст агар бемор бошад дўсти дилбардор бош!

Дуст агар ғамгин бигардад аз талоши зиндаги, 

То тавони дасти у гиру бародарвор бош!

БУВАД ШАРТИ АБАД ҲАСТИИ ВАҲДАТ

Вожаи ваҳдат барои миллати мо вазну арзиши хос дорад. Ин вожа дар радифи истилоҳоти муқаддасе чун “Истиқлол” ва “Сулҳ” шукуҳу азамат ва хирадмандии миллати моро таҷаллӣ медиҳад. Пойдор намудани Ваҳдати миллӣ омили тавлиди дигарбораи миллат, эҳёи шуур ва ғояи ягонаи миллӣ ва амалишавии ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон гардид.

Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?

❗Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ,
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бибандию напоӣ.
Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки чунин хуб чароӣ?
Эй ки гуфтӣ, марав андар паи хубони замона,
Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?
Он на хол асту занахдону сари зулфи парешон,
Ки дили аҳли назар бурд, ки сиррест худоӣ.
Парда бардор, ки бегона худ ин рӯй набинад,
Ту бузургию дар оинаи кӯчак нанамоӣ.
Ҳалқа бар дар натавонам задан аз бими рақибон,

Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад...!

❗Он кас, ки бидонаду бидонад, ки бидонад,
Пайваста тавозуъ кунаду кибр бимонад .
Он кас, ки надонаду бидонад, ки надонад,
Ў зуд зи худ занги ҷахолат бираҳонад.
Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад,
Бедор кунаш зуд, ки дар хоб намонад.
Он кас, ки надонаду бидонад, ки бидонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддахр бимонад.
Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад,
Аз мурда шумораш, ки касе зинда нахонад!
✍️Абӯали ибни Сино.

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

УҚЛИДУС (ЕВКЛИД)

Уқлидус ҳудуди 300 сол пеш аз мелоди Масеҳ зиндагӣ мекардааст ва ӯро падари илми ҳандаса (геометрия) медонанд. Ӯ юнонӣ ва нависандаи муваффақтарин китоби дарсии таърихи "Усул" (Elements) аст.

Страницы

Яндекс.Метрика