
Дар таърихи 16 июни соли 2023 дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо сокинони касбу кори гуногуни ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Шарифзода Саидҳомид- сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоҳи Қодирӣ-сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширинбек Садриддин - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи Кумитаи ҲХДТ иштирок намуданд.
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали раиси ноҳияи Роштқалъа- Вафобек Ниёзмамадов ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Хушқадамов Ҷовид ҳамроӣ намуданд.
Маърӯзачиён бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муқаррароти қонунгузории кишвар дар самтҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб суханронӣ намуданд.
Қабул гардидан ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"-ро яке аз қадамҳои устувор дар ҷодаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии сокинон унвон дода, аз волидайн ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон даъват ба амал оварда шуд.
Дар фарҷом байни иштирокдорон ва ҳайати гурӯҳи корӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир