Некномӣ хоҳӣ, эй дил, бо бадон суҳбат мадор,
Худписандӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад.
Ҳофиз
Сино мегуяд: Айби мардум бипӯш! Ва дин ба дунё мафурӯш!
Дўст агар ғамхор бошад мисли у ғамхор бош,
Дўст агар бемор бошад дўсти дилбардор бош!
Дуст агар ғамгин бигардад аз талоши зиндаги,
То тавони дасти у гиру бародарвор бош!
Бояд донист, ки чӣ гуна нишонаҳои дӯстиро мушоҳида ва муайян кардан мумкин аст.
Ҳамеша бо инсонҳои нек ва солеҳ дўстӣ кунед ва қабл аз дўстӣ ин суханро санҷиш кунед, ки дўстӣ интихоб кардаатон аз нигоҳи ахлоқу рафтор бароятон чи қадар бо арзиш аст. Як мисоли машҳур аст, ки мегуянд; (Агар мехоҳед ахлоқи касеро бифаҳмед, ахлоқи дўстонӣ уро ҷуё шав) .Дар ҳадисе омадааст; (Инсон бар дини рафиқи худ мебошад.аз ин ру ҳар кас бисанҷад ки бо чи касе дўстӣ мекунад).( Муснади Аҳмад ва Мишкот).
Маънои бар дини рафиқи худ он аст,ки Хангоме ки у дар суҳбати дўсти худ менишинад , ҳамон хаёл ,андеша, завқу майле ки рафиқи у дорад дар руҳияи у низ бедор мегардад ва он меъёре ки писанд ва нописанди дусти у дорад дар вуҷуди у низ ҳамон васф ва меъёр эйҷод мешавад.
Дусти неку хуб ба монанди дукони мушкфуруш аст агардигар ҳеҷ фоидае ба даст наоред, хушбуи он ҳатман ба шумо мерасад ва дусти бад ба монпнди дегдон аст агар оташи он нарасад, дуди он ҳатман либосро сиёҳ мекунад.
Бар дўстонатон эътимод дошта бошед , дар миёни якдигар хушу хандон зиндаги кунед аз афсурда будан ва афсурда кардани дустон иҷтиноб намоед ва ҳангоми сухбат бо дустон бе таклиф ва хушмизоҷ бошед то аз муҳабати шумо дустонатон ранҷ набаранд, бояд, ки эҳсоси масарат ва хуши бикунанд.
Ҷомӣ одамонро ба дӯстию рафоқат, накӯкорӣ, саховату олиҳимматӣ даъват кардааст. Дар Баҳористон Ҷомӣ , ҳикоятеро меоварад, ки қаҳрамони он гулом аст. «Аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар разияллоҳу анҳу овардаанд, ки рузе қасди сафаре кард. Дар нахлистони қавме фурӯд омад, ки ғуломе сиёҳ нигоҳбони он буд. Дид, ки се қурси нон ба ҷиҳати қути вай оварданд. Саге он ҷо ҳозир шуд. Он ғулом як курс пеши вай андохт, бихӯрд. Абдуллоҳ разияллоҳу анҳу аз вай пурсид, ки:
Ҳар рӯз қути ту чист?
Гуфт:
-Он чӣ дидй.
Фармуд:
-Чаро вайро бар нафси худ исор накардй? Гуфт:
-Вай дар ин замин ғариб аст, чунин гумон мебарам, ки аз масофаи дур омада ва гурусна аст. Нахостам, ки вайро гурусна гузорам. Пас гуфт:
-Имрӯз чӣ хоҳӣ хӯрд?
Гуфт:
-Рӯза хоҳам дошт».
Ҷомӣ хеле дуруст пай бурда буд, ки ахлоқи табақаи боло ниҳоят фосид шудааст. Ҳикояҳое, ки нависанда дар «Баҳористон» овардааст, маҳз ба ин гурӯҳ хосанд:
«Писареро гуфтанд:
-Мехоҳӣ, ки падари ту бимирад, то мероси вай бигирй?
Гуфт:
-Не, аммо мехоҳам, ки ӯро бикушанд, то чунончи мероси вай бигирам, дият низ бистонам.
Фарзанд нахоҳад зи пайи мол падарро,
Хоҳад, ки намонад падару мол бимонад.
Хуш нест ба марги падару бурдани мерос,
Хоҳад, ки кушандаш, ки дият ҳам биситонад!
Ҷомӣ ҳикояти дигареро низ овардааст, Ҳикоят чунин огоз меёбад: «Шабе дар масҷиди ҷомеи Миср оташ афтоду бисӯхт. Мусулмононро таваҳҳум[2] ин шуд, ки онро насоро[3] кардаанд. Ба мукофоти он оташ дар хонаҳои эшон андохтанд ва бисӯхтанд. Султони Миср ҷамоатеро, ки оташ дар хонахои эшон андохта буданд, бигрифту дар як ҷой ҷамъ кард ва бифармуд, ки то ба адади эшон руқъаҳо[4] навиштанд: дар баъзе куштан, дар баъзе даст буридану дар баъзе тозиёна задан. Ва он руқъаҳо бар эшон афшонданд. Бар ҳар кас ҳар руқъае, ки афтод, бо вай ба мазмуни он муомала карданд. Як руқъа, ки мазмуни он ба куштан буд, дар касе афтод.
Гуфт:
-Аз куштан боке надорам, аммо модаре дорам, ҷуз ман касе надорад.
Дар паҳлӯи вай дигаре буд, ки дар руқъаи вай тозиёна задан буд. Вай руқъаи худро бад-он кас дод ва руқъаи вайро гирифту гуфт:
-Ман модар надорам.
Инро ба ҷои вай бикуштанд ва онро ба ҷои ин тозиёна заданд.
Ба симу зар ҷавонмарди тавон кард,
Хуш он кас, к-ӯ ҷавонмардӣ ба ҷон кард.
Ба ҷон чун эҳтиёҷи ёр бишнохт,
Ҳаёти худ фидои ҷони ӯ сохт.
Ҷомӣ он касеро дӯсти ҳақиқӣ мешуморад, ки дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт ба ӯ мададгору рӯҳбардор бошад. Агар лозим шавад, аз суханони талху баъзе кору кирдори ноҷои дӯсташ малол нашуда, канорагирӣ накунад.
Мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.