ОЛИМОНИ ТАЗВИРГАР ТАЪРИХИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИАСОСИ СОМОНИЁНРО ТАҲРИФ НАМУДА, САҲИФАҲОИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТИРО БА ДОМИ ТАЗВИР КАШИДААНД (Ё давлати Сомониён ҳеҷ гоҳ давлатӣ туркӣ набуд)

Дар солҳои охир олимони тазвиргар шабакаҳои интернетро ба доми тазвир (ҳилаю фиреб) кашида, таърихи Осиёи Марказӣ ва Хуросонро таҳриф намуда, хоҳиши худро ба “ҳақиқат” табдил доданианд, ки чунин “пажуҳиш”-ҳо хеле муғризона ва бар хилофи ҳамгироии кишварҳои ҳамтақдири минтақа ва дунёи ислом аст. Аз ҷумла, дар саҳифаи интернетӣ мақолаи профессори Донишгоҳи ҳунари Стамбул ба номи Мимара Синана Айдин Уста таҳти унвони “АНДЕША – Давлати аввалини мусалмонӣ-туркӣ: Сомониён” нашр гардидааст, ки хеле зиддиилмӣ ва бидуни риояи ҳақиқати таърихӣ ва ахлоқи таърихнигорӣ иншо гардидааст.

Адои Умра зимни сафар ба Арабистони Саудӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмонон – Каъбаро зиёрат намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмононро дар рӯйи замин ба ҷо оварданд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

22 июл дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси ҲХДТ, аъзоёни Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Маҷлисро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ намуда, аъзои раёсат ва иштирокчиёни онро ба рузномаи маҷлис шинос намуд.

Ҳикоят

Рӯзе Абурайҳони Берунӣ ба шогирдонаш дарс мегуфт, ки хунрез ва қотиле пой ба маҳалли дарсу баҳс ниҳод...
Шогирдон бо хашм ба ӯ менигаристанд ва дар дил ҳазор дашном ба ӯ медонанд, ки чаро музоҳими омӯхтани онҳо шудааст.

Он марди русво рӯйи ба Ҳаким намуда чанд суоли сода карду рафт ...
Фардои он рӯз, шоъири мадеҳасароӣи дарбор пой ба маҳалли дарс гузорида то суоле аз Ҳаким бипурсад. Шогирдон ба эҳтиромаш бархостанд ва ӯро мушояъат (ҳамроҳӣ) намуда то ба пойи сандалии устод бирасад. Ки диданд аз устод хабаре нест, ҳар тарафро назар карданд асаре аз устод набуд ...

Дар гулистон булбулу дар анҷуман парвона бош

❗Дар гулистон булбулу дар анҷуман парвона бош,
Ҳар куҷо доми тамошое, ки бинӣ, дона бош.
Домани ҳар гул магиру гирди ҳар шамъе магард,
Толиби ҳусни ғарибу маънии бегона бош...
То шавӣ чашму чароғи ин ҷаҳон чун офтоб,
Пӯшиши ҳар тангдасту фарши ҳар вайрона бош.
Сӯҳбати шабҳои майхорон надорад бозгӯ,
Чун зи маҷлис меравӣ берун, лаби паймона бош.
Мо забони шикваро дар сурма хобонидаем,
Эй сипеҳри бемурувват, дар ҷафо мардона бош.
Хазри роҳи растагорӣ дил ба даст овардан аст,
Дар мазоқи кӯдакон ширинии афсона бош.

ҲАМОИШИ ҶИДДА

ҲАМОИШИ ҶИДДА. Он нишонаи таваҷҷуҳи давлатҳои арабии Халиҷ ба имконияти фаровони ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузории Осиёи Марказӣ мебошад

Адои Умра дар ҳошияи нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ

Ҳамоиши нахустини Шурои сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ ба арафаи анҷоми ҳаҷҷи фарзӣ ва оғози ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ рост омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафари худ, аз як тараф, як идда мулоқотҳои судманд баҳри ҳалли масоили иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ анҷом доданд, аз тарафи дигар, адои Умра намуда, барои натиҷабахш гардидани он мулоқот дуо намуданд. 

Страницы

Яндекс.Метрика